Тоҷикистон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо


Тоҷикистон  дар 30 соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо

Таърих хотираи инсоният буда, ҳељ фард бе омӯзиши таърихи кишвари хеш аслу насаб ва маърифати бумиву зотиашро пойдору бегазанд нигоҳ дошта наметавонад. Тоҷикон дар таърихи тамаддуни дунё мавқеи хоса доранд. Тоҷик бо кору пайкор барои ноил шудан ба озодӣ, бо созандагӣ ва бунёдкорӣ, бо ақлу заковати фарзандони нобиғааш дар арсаи илму адабу сиёсат, бо расидан ба даврони эҳёи давлатдорӣ ва чашидани заҳри шикаст, бо талошҳо баҳри худшиносӣ ва огоҳии миллат таърихи худро ғаниву рангин сохтааст.

Бо шиносоӣ ба таърихи миллати тоҷик кас гоҳе аз ҳунари волои давлатдории гузаштагонамон меболад, баъзан аз шикасти ҳукумат, ҷоҳталабӣ, ҷангу ҷидол ва ҷаҳолату хунрезии бародарон ба хотири тахту тоҷ ва шуҳрату нафс, ки теша ба решаи давлат задааст, тохтутози ваҳшиёнаи аҷнабиён, саросар нобуд шудани мардумони бегуноҳ ва харобу валангор гаштани марказҳои фарҳангӣ дил реш мегардаду ба андеша водор месозад.

Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакати мо дар эъмори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Ифтихор аз Роҳбари ин миллат, пешво ва доҳӣ, ки тавонист дар лаҳзаҳои душвори сиёсӣ ва иҷтимоӣ ҷилави ин аспи мастро, ки номаш бозии таърих аст, бигирад, то ин ки ин Ватан ва ин миллат порча-порча нашавад. Сиёсати хирадмандонаи ӯро дастгирӣ менамоем ва пос медорем он хизматеро, ки барои ин миллат намудааст.

Имрӯз Тоҷикистон на танҳо дар минтақа, балки дар ҷаҳон мақоми худро пайдо намудааст. Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ буда, асолати башардӯстона дорад. Ҳуқуқу озодиҳои инсон дар қонуни асосӣ – Конститутсия (Сарқонун)-и мо ҳифз карда мешавад, ки яке аз беҳтарин дастовардҳои замони истиқлолият мебошад.

Дигар муқаддасоти кишвар, ки мо аз он ифтихор дорам, забони тоҷикист, ки аз шаҳду шакар ҳам ширинтар аст. Бо ин забон бузургон шеър гуфтаанд, рисолаҳои илмӣ таълиф намудаанд ва дар васфи ин Ватан таронаҳо сурудаанд. Ин забон дар Ватани маҳбуби мо ҳамеша ҳифз карда мешавад ва паҳлуҳои гуногуни он мавриди пажӯҳиш қарор мегиранд, ки ин ҳам далели дигари ободонии Ватани маҳбуби мо аст. Чизи дигаре, ки далели шикастнопазирии ин Ватану ин миллат аст, сохтмони иншоотҳои азими аҳамияти стратегидошта мебошад. Бояд тазаккур дод, ки қомат афрохтани бинои мактабҳо, коллеҷу донишгоҳҳо низ аз пешравию шукуфоии ин сарзамини биҳиштосо дарак медиҳад.

Сарвари давлат дар ҳар як Паёму суханрониҳояшон пайваста аз боби ватандорию ватандӯстӣ, худогоҳию худшиносии миллӣ, ба қадри ин хоку ин сарзамин расиданро таъкид менамоянд. Дар яке аз Паёмҳо маҳз ин нуктаро бори дигар хотиррасон намуданд ва таъкид карданд, ки ба ҳар гуна дасисаю иғвогариҳои бадхоҳони миллат бовар накунед, ақли солимро ба кор баред ва барои ободию шукуфоии ин сарзамини биҳиштосо аз ҷону дил хизмат кунед. Ин ҳама ғамхорию меҳрубониҳои падарона, ташаббускорию бунёдкориҳо меҳри моро нисбати ин сарзамин, ин меҳани ҷаннатосо меафзояд ва бо дили гарму сари баланд хизмати Ватани азизамонро ба ҷо меорем.

Хушо бар ҳолат эй миллату сарзамине, ки чунин Сарвари ғамхору мададгор дорӣ!

Ватане, ки сулҳофару ваҳдатфизост, Ватане, ки хонаи умеди тоҷикони кулли дунёст, дар он даҳҳо халқиятҳо паҳлуи ҳам зиндагӣ мекунанд ва ин макони биҳиштосоро Ватани аслии худ мешуморанд, Ватане, ки моро чун модари ғамхор дар оғӯши гарми худ гирифта намегузорад, ки хоре дар поямон халад, мояи ифтихори мост!

         Зиҳӣ, эй Ватан, эй Тоҷикистони биҳиштосои ман!

Хуллас, Тоҷикистон арзанда ба ҳама каломи булуғу фасеҳ аст, аммо ҳамакнун дигар ҳоҷат ба муаррифӣ нест, зеро худ муаррифӣ шуда. Месазад гуфт, чашмаи ҳунару истеъдод, малакаву маҳорат ва таҷрибаи ғиноии тоҷикон маншаъ аз гузаштагон гирифта, саршори меҳр асту ихлосу боварӣ ва дар ҷараён ҷониби ояндагон. Бигузор ин чашма ҳаргиз хушк нагардаду чашмаҳои хурди дигар ба он зам шаванд ва он табдил ба баҳри азими ҳунару истеъдод гардида, коми оламиёнро тар ва табъашонро болида гардонад.

З. Турсунова - мутахассиси шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


07.09.2021 351

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php