30 СОЛИ РУШД: Таъмини шароит барои ҳифзи саломатии аҳолӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос


30 СОЛИ РУШД: Таъмини шароит барои ҳифзи саломатии аҳолӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар соҳаҳо давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ диққати махсус дода, инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро мунтазам таҳким мебахшад. Дар муддати 30 сол, ки Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлол эълон гардид, бо ташаббусҳои созанда ва пайгиронаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми бахшу соҳаҳо рушд намуда, барномаҳои мушаххасе, ки барои беҳсозии вазъи зиндагии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи кору хизматароснӣ пешбинӣ шуда буданд, мавриди татбиқи ҳамаҷониба қарор гирифтанд.

Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба шумор рафта, дар давоми қариб се даҳсолаи охир бомаром рушд карда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Давлату Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, танзими фаъолияти соҳа ва таҳкими пойгоҳи моддиву техникии ин самти афзалиятнок ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Дар ин давра ислоҳоти сохтори тандурустии мамлакат оғоз шуда, то ба имрӯз бомаром идома дорад. Барои ба танзим даровардани муносибатҳои соҳаи тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор қонуну қарор, стратегия ва барномаҳои миёнамуҳлату дарозмуҳлат қабул гарида, дар амал татбиқ мешаванд, ки онҳо барои таъмини пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин, нигоҳ доштани ҷомеаи солим аз ҳар гуна бемориҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудаанд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа таҳия гардида, идоракунӣ ва маблағгузории он ба низом дароварда шуд, кумаки аввалияи тиббию санитарӣ рушд кард ва таҷдиди муассисаҳои тиббию фармасевтӣ амалӣ гардид. Агар дар кишвар то соли 1991 ҳамагӣ 2862 муассисаи тандурустӣ фаъолият дошта бошад, пас дар замони соҳибистиқлолӣ ин шумора қариб ду баробар афзуда, соли 2020 ба 4369 расидааст, яъне 1507 муассиса зиёд шудааст. Агар дар давраи солҳои 1991 то 2005 дар мамлакат ҳамагӣ 187 муассисаи тандурустӣ бунёд шуда бошад, пас аз соли 2006 то шаш моҳи аввали соли 2020-ум 1071 муассисаи нави соҳа сохта, ба истифода дода шудааст.

Беҳбудии сифати хизматрасониҳои тиббӣ аз бисёр ҷиҳат ба сатҳу сифати омода кардани кадрҳо вобаста мебошад. Бо ин мақсад дар солҳои соҳибистиқлолӣ зарурати пешбурди сиёсати нав дар соҳаи тайёр кардани кадрҳои тиббӣ пеш омад ва “Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид.

Маврид ба таъкиди хос аст, ки нақши МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» дар омода намудани мутахассисони донишманду кордон хеле арзишманд аст. Ҳамасола нафарони зиёд ин боргоҳи илмро хатм намуда, дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон бо дарки баланди масъулият кору фаъолият менамоянд. Илми тиб барои гузаштагони мо касбу пешаи пурифтихоре буд, шахсиятҳои ҷаҳониеро ба мисли Муҳаммад Закариёи Розӣ, Абӯалӣ ибни Сино ва дигарон ба миён овард, бузургмардон дар рушди тибби ҷаҳонӣ саҳми босазое гузошта, осори гаронмояи онҳо ва шеваву усулҳои дармонбахшиашон садсолаҳо ҷиҳати таълиму тадриси табибон дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон мавриди омӯзишу мутолиа қарор гирифтааст. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ табибони тоҷик дар даҳҳо давлатҳои ҷаҳон кору фаъолият намуда, шуҳрати тибби тоҷикро ба он кишварҳо расонидаанд. Табибони тоҷик ҳамеша дар қасами ёдкардаи хеш устувор монда, барояшон арзиши инсоният ва наҷоти ҳаёти одамон аз ҳама чизи дигар боло будааст, ки ин қобили таҳсину ифтихор аст.

Табибони мушфиқи тоҷик ҳамчун ворисони воқеии Синои бузург афкору андеша ва маҳорати касбии ин чеҳраи нотакрори Шарқро идома дода истодаанд ва дар ҳамаи дармонгоҳҳои кишвар содиқонаю софдилона ба аҳолӣ хизмат расонида истодаанд.

«Саломатии миллат боигарии давлат аст»-таъкидҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи солимии аҳолӣ имрӯз сармашқи кори табибони ҷонфидои тоҷик қарор гирифтааст. Дар тамоми беморхонаҳои мамлакат имрӯзҳо табибони мо як марому мақсад доранд-табобати оҷилӣ ва саривақтии беморон ба хотири фардои неки Ватани азиз.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки табибони асили мо, ки ифтихори Ватану Миллат ва ворисони ҳақиқии Синои номваранд сарбаландонаву ҷасоратмандона ин вазифаи муҳим ва сарнавиштсози хешро барои мардум бо масъулияти том, қаҳрамонона анҷом хоҳанд дод.

Валиев Давлатёр

рӯзноманигор


02.09.2021 231

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php