Ба халқ ҳушёрӣ мебояд, ки терор сад хатар дорад!
Вазъияти ба миёномадаи имрӯзаи ҷаҳон, ки зуҳуроти хавфноктарини ҷаҳони муосир, терроризм ва эктремизм, торафт шаклҳои гуногуни таҳдидомез ва хатари умумиҷаҳониро афзуда истодааст, моро водор месозад, ки барои мардуми хеш шароити хуби итилоотию иқтисодӣ фароҳам оварем. Вобаста ба ноором шудани вазъи сиёсии давлати Афғонистон, вақти он расидааст, ки мо ҳамсоякишварҳо аз ҳарвақта дида зираку ҳушёр бошем. Мутаасифона, мо шоҳиди ҳодисаҳои солҳои охир будем ва хуб дарк намудааем, ки ҳар кадом аз давлатҳои абарқудрат саъй хоҳанд кард, то манфиатҳои сиёсӣ ва арзишҳои идеологии худро дар давлати навбунёди мо ва минтақа пиёда созанд. Сатҳи пасти зиндагӣ, паст будани маънавиёти фарҳангию сиёсии баъзе аз ҷавонон боиси шомил шудани эшон ба гурӯҳҳои эктремистӣ ва терористӣ мегардад. Аз бесаводию бефарҳангӣ ин гуна ашхос метавонанд ба оммаи васеи одамон фишори сахти рӯҳӣ расонида, арзишҳои моддиву маънавии давлату миллатҳоро нобуд созанд, дар байни давлатҳо тухми нифоқ пошанд, байни гурӯҳҳои иҷтимоиву миллӣ нобоварӣ ва адоватеро ба бор оранд, ки баъзан дар муддати ҳаёти як насл онҳоро бартараф кардан аз имкон берун мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: “Террорист Ватан, миллат ва дин надорад”. Коршиносон дар заминаи таҳлилҳои худ ба хулосае омадаанд, ки қисми зиёди нооромиҳо, ҷангу низоъҳо дар кишварҳои мусулмонӣ сурат гирифта, маҳз ба тафриқаандозиҳо миёни мусулмонон, истифодаи онҳо ҳамчун воситаи амалинамоии террор ва мухолифати мазҳабӣ рабт доранд. Имрӯз хатари терроризм ва ифротгароӣ ба масъалаи глобалӣ табдил ёфта, қариб ба ҳамаи давлатҳо таҳдид мекунад. Доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда, фаъолияти онҳо, аз ҷумла дар ҳамсоякишвари мо Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккаб гардонда, боиси саргардонӣ ва кашоқии ин мардум гаштааст. Барои мубориза алайҳи ин падидаҳои бениҳоят хатарнок саъю кӯшиши ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим аст, ки дар сатҳи олии ҳамаи давлатҳо бояд ба танзим дароварда шавад. Барои амалӣ гардидани амалиёти самаранок оид ба мубориза бар зидди терроризм дар навбати аввал заминаи ҳуқуқии ин мубориза бояд гузошта шавад. Ин аст, ки давлатҳои мутамаддини ҷаҳон қонунҳои миллӣ дар бораи мубориза бар зидди терроризм ва эктремизмро қабул мекунанд. Фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) - ин фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилотҳо, воситаҳои ахбори умум ё шахсони воқеӣ оид ба банақшагирӣ, ташкил, тайёр ва амалӣ намудани кирдорҳое мебошад, ки барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани асосҳои сохти конститутсионӣ ва вайрон намудани ягонагии мамлакат равона карда шудааст. Ҳамчунин, фаъолияти экстремистӣ барои суст кардани амнияти давлат, ғасб ва аз худ намудани мансабҳои ҳокимиятӣ, ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, амалӣ гардонидани фаъолияти террористӣ, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ равона гаштааст.
Ташкилотҳои террористӣ ва гурӯҳҳои ҷинояткор муташаккилона дар соҳаҳои муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, хариду фурӯши силоҳ,ҷиноятҳои трансмилӣ даст доранд ва байни якдигар ҳамкорӣ менамоянд. Фарқияти терроризми ҷиноятӣ аз терроризми сиёсӣ дар ҳамин аст, ки гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор барои мутташанниҷ гардонидани вазъият ва содир кардани ҷиноятҳои дигар, масалан барои амалӣ сохтани акти террористӣ шароит муҳайё сохта, ба ин васила диққати мақомоти дахлдорро ҷалб менамоянд. Аммо, дар ҳар ду сурат мақсади онҳо, зарба задан ба сохти давлатдорӣ, паст намудани сатҳи бехатарии давлат ва шубҳа андохтан дар дили мардум мебошад, ки дар ҳар ду ҳолат ҳам аҳолии бегуноҳ зарар дида, амнияти ҷамъиятӣ халалдор мегардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти муаззафи он мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва принсипҳои он дар масоили мубориза бар зидди терроризм бо мамлакатҳои хориҷӣ ва мақомотҳои дахлдори онҳо, ба ғайр аз ин ташкилотҳои байналмилалие, ки бо терроризм мубориза мебаранд ва ба ҳифзи ҳуқуқи ҷабрдидагони он мусоидат менамоянд, ҳамкорӣ мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва бо мақсади ҳамкорӣ дар мубориза алайҳи терроризм шартномаҳо ва оид ба ҳамкориҳои ҳуқуқӣ дар масоили шаҳрвандӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, тиҷоратӣ, ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мубориза ба муқобили терроризм, эктремизми динӣ ва сиёсӣ, ҷинояткории муташаккилонаи трансмиллӣ ва амнияти ҷонибҳо бо Ҷумҳурии Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Федератсияи Руссия, Ҳиндустон, Туркия, Хитой ва ғайра созишномаҳои дутарафа бастааст. Дар асоси санадҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва байнидавлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, ки ҳамкории мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, мақомотҳои дахлдори давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалиро ба роҳ монад, оид ба сари вақт пешгирӣ кардани ҷиноятҳои вобаста ба терроризм ва эктремизм чораҳои фаврӣ-ҷӯстуҷӯӣ, таҳқиқӣ ва тафтишотӣ гузаронад.
Вобаста ба раванди ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ, ҳамчунин воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа институтҳои илмиву таҳқиқотии Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, Маркази таҳқиқоти стратегӣ, дигар марказҳои илмӣ ва кафедраҳои ҷомеашиносии муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки ба таҳқиқу таблиғи масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат ва суботи ҷомеа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Дар масъалаи бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани ин қабил ҷиноятҳо оварда мерасонанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қишрҳои ҷомеа ҳамаи чораҳои таъсирбахш, аз қабили баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ, ҷалб намудани ҷавонон ба варзиш, ташаккул додани мафкураи баланди ватандустию ватанпарастӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ, сохтани масҷидҳои замонавӣ, ба забони модарӣ нашр кардани китобҳои динӣ, ташкили барномаҳои динию ахлоқӣ дар садову симо, чопи мақолаҳо дар рӯзномаву маҷаллаҳо андешида шуда истодаанд,. Мардуми шарифи моро лозим аст зиракии сиёсиро аз даст надода, дар фазои давлати соҳибистиқлолу демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона фаъолияти кориву хизматӣ, илмиву эҷодӣ ва омӯзгориро ба роҳ монда, ҳамеша шукргузор бошанд.
Шукри обат, шукри хокат,
Шукри шому, шукри субҳи атрнокат.
Шукри ин меҳру садоқат,
Шукри ин бахту саодат.
Тоҷикистони азизам,
Модари ҷони азизам.
Таибов С. А. – сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино”
Муҳидинова М. - мутахассиси шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино”