САМАРАИ ИСТИҚЛОЛ
30 соли соҳибистиқлолӣ-рушди низоми тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, саҳми МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” дар омода намудани мутахассисони донишманд.
Ҳифзи иҷтимоӣ ва солимии ҷомеа аз масаъаҳои муҳим мебошанд, ки ҳамеша мавриди диққати роҳбарияти даволату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Ҳукумати Ҷумҳарии Тоҷикистон дар раванди идома бахшидани ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ба масъалаҳои беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин, рушди шаклҳои нави кӯмаки аввалияи тиббиву санитарӣ аҳамияти хосса медиҳад. Зеро миллати солим таҳкурсии ҷомеаи солим мебошад. Солимии аҳолӣ сарвати муҳими миллии ҳар давлат маҳсуб меёбад. Ҳукумати мамлакат барои боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондани табобат ва ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон як қатор дастгоҳу таҷҳизоти муосирро ба кишвар ворид намудааст. Ҳаминро қайд намудан ба маврид аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омаданашон ба солимии миллат бо роҳи ташаккул додани соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамуданд. Ганчанде, ки соли 1999 барои бунёди иншооти гуногуни соҳаи тандурустӣ буҷаи мамлакат ба таври бояду шояд кофӣ набуд, вале бо кордонию роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1999 дар мамлакат якчанд муассисаи табобатӣ, ки дар ҳамон шабу рӯз нақши бисёр муҳим доштанд, сохта ба истифода дода шуданд. Беморхонаи бемориҳои сироятӣ барои 60 кат, шуъбаи кӯдакона барои 48 кат ва шуъбаи паталого-анатомии шаҳри Кӯлоб аз ҷумлаи онҳост. Барои ин муассисаҳо лавозимоти зарурии тиббӣ ба маблағи 422 ҳазор доллари ШМА масраф карда шуд. Дар ёздаҳ моҳи соли 2017 бошад ба мамлакат ба маблағи умумии 43 миллиону 371 ҳазору 942 доллари америкоӣ маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, таҷҳизот ва дастгоҳҳои тиббӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016, ба маблағи 2 миллиону 336 ҳазору 632 доллари амрикоӣ зиёдтар маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ворид гардидааст.
Бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо таҷиҳизоти муосири тиббӣ, мебелҳо, нақлиёти санитарӣ ва молҳои тиббӣ дар соли 2017 ба маблағи умумии зиёда аз 9,5 миллион сомонӣ тақрибан 100 номгӯи молҳои марбут ба соҳа харидорӣ гардидаат. Дар ҳамон давра дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, рентгенҳои рақамӣ ва сайёр, дастгоҳҳои ултрасадо, сабти барқии дил, гастрофиброскоп, ситоуретроскоп, фибробронхоскоп, монитори назди кати бемор, анализаторҳои биохимиявии хун, пешоб, иммуноферментӣ, дефибрилляторҳо, маҷмӯи асбобҳои хурд ва калони ҷарроҳӣ, акушерӣ-гинекологӣ, катҳои беморхонагӣ ва функсионалӣ, миз ва чароғҳои ҷарроҳӣ, нақлиётҳои санитарӣ, мебелҳо ва дигар лавозимоти зарурӣ харидорӣ ва ба муассисаҳои соҳа дастрас карда шудааст.
Дар соли таҳсили 2016-2017 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 8 ҳазору 936 нафар, аз ҷумла, тибқи квотаи Президенти Ҷумурии Тоҷикистон 977 нафар, донишҷӯи хориҷӣ 789 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон 715 нафар ва дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тибби ҷумҳуривӣ» 34 ҳазору 551 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Барои ба танзим даровардани муносибатҳои соҳаи тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор қонуну қарор, стратегия ва барномаҳои миёнамуҳлату дарозмуҳлат қабул гарида, дар амал татбиқ мешаванд, ки онҳо барои таъмини пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин, нигоҳ доштани ҷомеаи солим аз ҳар гуна бемориҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудаанд.
Масъали дигаре, ки мавриди таваҷҷуҳи Роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат мебошад. Сол аз сол бунёду навсозӣ ва ба истифода додани муассисаҳои нави тандурустию иҷтимоии кишвар густариш ёфта истодааст, ки он барои солимии ҷомеа аз аҳамият холӣ нест. Ҳоло дар мамлакат муассисаҳои зиёд барои табобату тавонбахшӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат фаъолият доранд. Тибқи маълумоти оморӣ дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондиҳандаи фавти модарон ҳангоми таваллуд 1,8 баробар ва фавти кӯдакон 2,7 баробар коҳиш ёфтааст, хавфи паҳншавии бемориҳои хатарноки сироятӣ бартараф гардида истодааст.
Дар раванди пайомадҳои нохуши никоҳи хешу табори наздик, пешгирии таваллуди кӯдакони маъюб ва дар ин самт паст намудани беморшавӣ ва маъюбӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми дахлдор тадбирҳои муҳим амалӣ шуда, инчунин, дар як қатор асноди меъёривии ҳуқуқӣ муқаррароти мушаххас дар ин самт пешбинӣ намудааст, аз ҷумла, муҳимтарин санадҳое, ки муносибатҳои ин соҳаро ба танзим медароранду сади роҳи бастани ақди никоҳи хешу табори наздикро мегиранд, ин Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда» мебошанд. Ин санадҳо таваллуди кӯдакони имконияташон маҳдудро коҳиш дод.
Бесифатӣ, қалбакӣ ва ба талабот ҷавобгӯй набудани маводи доруворӣ масъали дигарест, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳуриии Тоҷикистон ва сохторҳои он барои бартараф намудани мушкилиҳои мазкур дар ин самт кор мебаранд. Дар робита ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22-юми декабри соли 2016 таъкид намуда буданд: «Назорати қатъии сифати доруворӣ яке аз масъалаҳои асосии соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад. Зеро то ба ҳол доруворӣ асосан аз хориҷи кишвар ворид шуда, сифати он дуруст муайян карда намешавад».
Имрӯз дар сохтори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ фаъолият дорад, ки самти фаъолияти он ба низом даровардани содироту воридот ва ташхиси маводи доруворӣ дар мамлакат мебошад.
Танҳо дар соли ҷорӣ бо мақсади рушди истеҳсоли ватанӣ ҷиҳати таҳия ва коркарди доруворӣ дар назди Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии “Фарматсия” таъсис гардида, моҳи августи соли 2017 дар арафаи Иди касбии кормандони соҳаи тандурустӣ расман ба истифода дода шуда буд. Дар ин марказ бештар аз 52 номгӯи маводи дорувории экстемпералӣ тайёр ва бештар аз 5 номгӯи гиёҳҳои шифобахши ватанӣ коркард ва бандубаст карда мешаванд.
Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи дорусозӣ ва маводи тиббии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фарм Суғд”-ро 18 ноябри соли 2017 ифтитоҳ бахшида, аз маъсулону мутахассисони корхона истеҳсоли дорувории баландсифат ва бандубасти мутобиқ ба стандартҳоро тақозо намуданд.
Корхонаи дорусозӣ аз силсилаи коргоҳҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла, коргоҳҳои ғилофакбарорӣ, доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон, бандубасти докаву пахтаҳои тиббӣ ва дар зарфҳо ҷой додани нӯшобаҳо аз мева иборат мебошад.
Бо таҷҳизоти муосир таъмин намудани озмоишгоҳи ташхиси маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат муайян гардидааст. Ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани сифати ташхисҳо барои озмоишгоҳи марказӣ ва минтақавии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар давоми соли 2017 ба маблағи умумии 871 ҳазору 300 сомонӣ дастгоҳҳо ва реагенту маводи ташхисӣ харидорӣ гардида, ҳуҷраҳои корӣ барои озмоишгоҳи микробиологӣ бори аввал дар Раёсатҳои Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии дар вилоятҳои Суғду Хатлон пурра таъмир карда шуданд.
Ҳамаи ин чораандешиҳо ба беҳбуд бахшидани раванди ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нигаронида шудааст ва ин тадбирҳо пайвата идома хоҳад ёфт.
Валиев Давлатёр
рӯзноманигор