Ба дониш дили пир барно бувад
Дониш ва донишмандӣ фазлу караме мебошанд, ки тавассути он қадру манзалати инсон ҳамеша мавриди ситоишу эҳтиром қарор мегирад. Агар ба рӯзгори бузургони гузашта назар афканем, мебинем, ки онҳо бо доштани донишу заковат соҳиби тоҷу каромат ва фазлу фаросат гардида, имрӯзу фардои ҷомеа номи онҳоро то абад ба некӣ ёд мекунанд ва хоҳанд кард. Донишу заковати онҳо буд, ки то имрӯз мероси адибони зиндаёди гузаштагони мо дар тамоми гӯшаю канори олам, мавриди истифодаи илмӣ ва вирди забони мардум қарор гирифтаанд. Илму дониш мақому манзалати инсонро баланд мебардорад ва новобаста аз ҷойу макон дар ҳама маврид муҳтарам ва азиз медорад.
Дар арафаи бузургтарин ва муқаддастарин ҷашни миллӣ - солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар саросари Ватани маҳбубамон ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта шудани "Рӯзи дониш" ба ҳукми анъана даромадааст. Дар тамоми муассисаҳои таҳсилотӣ ҷамъомади идона баргузор шуда, рӯзи нахустини соли нави хониш бо Дарси сулҳ оғоз меёбад. Зимни яке аз суханрониҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуда буданд, ки «Рӯзи дониш ва дарси сулҳ беҳтарин имкониятест, ки мо дар шароити торафт печидаву мураккаб шудани вазъи ҷаҳони муосир нақши сулҳу субот ва ваҳдати миллиро дар таҳкими аркони давлатдории миллӣ ва пешрафти давлату ҷомеа таъкид месозем, доир ба таъмини ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла дастоварду мушкилоти яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ — мактабу маориф изҳори назар карда, бори дигар таваҷҷуҳи мактаб, оила ва ҷомеаро барои боз ҳам беҳтар намудани таълиму тарбия дар кишвар ҷалб менамоем».
Баргузории "Рӯзи дониш" дар рӯзи якуми сентябр дар тамоми муассисаҳои кишвар аз саҳифаҳои пурарзиштарини ҳаёти ҷомеаи мо маҳсуб ёфта, барои ҳар чи бештар ба донишу ҳикмат сар фуруд овардани пиру барнои миллату кишвар заминаи хубест. Дониш ва донишомӯзӣ инсониятро ба сӯи фардои нек ва рушду маърифати илмӣ роҳнамун месозад. Давлату ҳукумати кишвар ҷиҳати беҳдошти шароити таҳсилу таълим тамоми чораҳои заруриро меандешад, ки бунёди бинову иншоотҳои таълимии ҷавобгӯ ба замони муосир, мактабу донишгоҳҳо, таъмини таҷҳизоти компютерию асбобу анҷоми хониш, таҳкими робитаҳо бо дигар кишварҳо шаҳодати ин гуфтаҳоянд. Аз ҷумла эълон доштани озмунҳои ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ" ва «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» исботи саъю талошҳои давлату Ҳукумати дар раванди рушду такомули илму маърифат мебошад. Озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ" таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолигардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони кишварбуда, озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд.
Илму дониш ҷавшан ва сипарест, ки инсонро муҳофизат менамояд. Ояндаи мо, ҷавонон аз сатҳи донишомӯзӣ вобастагии зич дорад. Агар хоҳем, ки соҳиби нерӯи бузург, зиндагии арзанда ва мақоми шоиста бошем, пас дар ин роҳ василаи беҳтарин ва самараноктарин дониш андӯхтан аст, зеро дониш ва илму фарҳанг чароғи равшани олами мост. Дар гузашта Машриқзаминро «гаҳвораи илм» мехонданд. Ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Умари Хайём ва дигар донишмандони Шарқ муаррифгари ин гуфтаҳоянд. Кашфиётҳои ин олимони беҳамтои ҷаҳонӣ ҳазорсолаҳо арзиши худро аз даст надодаанд. Нақши илму дониш дар инкишофу рушди саноат, кишоварзӣ, кушодани сирру асрори табиату коинот ва ҳал намудани муаммоҳои зиёд ниҳоят бузург аст. Ин аст, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шуд. Пешрафти ҷаҳони мутамаддин моро водор месозад, ки сатҳи илму донишамонро боз ҳам тақвият бахшем. Аз ин рӯ, сарфи назар аз ихтисосу синну сол ҳар сокини Тоҷикистон вазифадор аст, ки барои фурӯзон намудани чароғи ақл пайваста омӯзад, чун қадру манзалати инсонӣ аз дараҷаи илму маърифати ӯст.
Таибов С.А. - сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа
Муҳидинова М. - шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа