Сарсабзии мо решаи сабзи Ватан аст
Миллати тоҷик бо фарзандони фарзонааш ба дастовардҳои бузурге ноил гаштаасту роҳи дурусти ҳалли пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мардуми хешро таъмин намудааст. Имрӯз, ки миллати куҳанбунёди тоҷик дар арафаи ҷашни сисолагии истиқлолияти хеш қорор дорад, мо зиёиёнро лозим аст, ки аз таърихи на чандон дури хеш ёдовар гашта, роҳи пурпечу фарози тайнамудаи халқу давлатамон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадрдонӣ намоем.
Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёфт ва иқтисодиёти давлат хароб гашта буд. Аз таҳлили мутахассисону олимони иқтисоддон бармеояд, ки ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисодиёти кишварамон зиёда аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зарари моддӣ расонид. Аз тарафи дигар гусасташавии риштаҳои хамкории шарикӣ байни давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистонро ба бунбасти коммуникатсионӣ рӯ ба рӯ намуд. Дар маҷмӯъ ин вазъият ҳолати хеле ногуворро дар иқтисодиёти миллии кишвар ба миён овард. Пешвои миллат аз рӯзҳои аввал кӯшиш намуданд, ки вазъи сиёсии кишварро ба эътидол оварда, пастравии сатҳи истеҳсолотро боздошта, иқтисодиёти кишварро ба эътидол оваранд, то ин ки кишварамон аз ин вазъи номусоид берун ояд. Дар ин давра тамоми корхонаҳо валангор буданд, роҳҳои аз замони шӯравӣ меросмонда ба ягон талабот ҷавобгӯ набуданд, меҳмонхонае набуд, ки ба талаботи замона ҷавобгӯ бошад. Мардум норасоии обу барқро ба куллӣ эҳсос менамуданд. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ зери хатар монда буд, вале бо шарофати қудуми неки ин марди хирадпеша халқу давлати мо ҳамаи мушкилиҳоро зина ба зина паси сар кард. Ба мо муясар гашт, ки соҳиби Нишон, Парчам, Суруди миллӣ, асъори миллӣ, инчунин Артиши миллӣ гардем. Муҳимтар аз ҳама дар даврони соҳибстиқлолият забони тоҷикӣ мақоми давлатиро сазовор гашт.
Тавлиди давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ бо қаноатмандӣ истиқбол намуд. Дар тӯли солҳои истиқлолият Тоҷикистон аз тарафи 145 давлати дунё ба расмият шинохта шуда, бо онҳо робитаҳои дипломатӣ барқарор карда шудаву ҳамкориҳои тиҷоратӣ ба роҳ монда шуданд. Файзи истиқлол аст, ки бо саъю кӯшиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тамоми халқи меҳнатқарини тоҷик соҳаҳои иқтисодиёту маориф, тандурустиву кишоварзӣ давра ба давра рушду такомул ёфта, мустаҳкам гардида истодаанд. Маврид ба зикр аст, ки таи чанд соли охир бо ташаббус ва пешниҳодҳои созандаву бунёдкоронаи Роҳбари давлат сатҳи ҳаёти мардум рӯ ба беҳбудӣ ниҳодаву гӯшаву канори диёрамон ободу зеботар гаштааст. Аз ҷумла, амалӣ гаштани ҳадафҳои стратегии давлат: баромадан аз бунбасти комуникатсионӣ, таъмин намудани истиқлолияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергитикӣ ва ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил додани Тоҷикистони азиз самараи соҳибистиқлолии Ватан аст. Мардуми тоҷик имрӯз ифтихор аз сарвари хеш доранд, зеро ҳама медонанд, бо дастгириву чораандешӣ ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат имрӯз миллати сарбаланди тоҷик ба дастовардҳои бузурги истиқлол чун сохтмони НБО-и Роғун, Сангтуда-1, Сангтуда-2, “Нақби Истиқлол”, Роҳи мошингарди Бадахшон, Роҳи оҳани Хатлону Кулоб ва як қатор иншоотҳои бузурги кишвар ноил гаштанд. Ҳамзамон бо дастуру супориш ва роҳнамоиҳои Сарвари миллат имрӯз дар мамлакати мо муассисаҳои таълимӣ, донишгоҳу донишкадаҳои зиёде фаъолият намуда, баҳри баланд бардоштани саводнокии мардум мавриди истифода қарор доранд. Тақдири ояндаи давлату миллат дар дасти ҷавонон аст. Аз ин рӯ маҳз тарбияи насли ҷавону эҷодкор, бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар дар мадди назари давлату Ҳукумат ҷойи аввалро ишғол мекунад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд: «Ҷавонон бояд сабақҳои истиқлолиятро ҳамаҷониба омӯзанд, аз равандҳои сиёсати имрӯзаи кишвар огаҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаю баргашта аз худ карда, аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд».
Ҳар як фарди тоҷикистонӣ бояд ба қадри тинҷию амонӣ, ободиву оромӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ бирасад ва шукргузорӣ аз неъмати бебаҳои истиқлолияти сиёсӣ намояд, зеро дар дунё давлату ҷомеаҳое ҳастанд, ки аз ҷиҳати ҳаҷму сарҳад, ё ин ки аз ҷиҳати миқдору шумора бамаротиб аз аҳолии ҷомеаи мо дида зиёдтаранд, вале мутаассифона, соҳибистиқлол нестанд, миллат надоранд, давлату забон надоранд, парешону пора-пораанд. Бузургону хирадмандони тоҷик бо заҳмату талоши пайвастаашон бароямон як фарҳанги волою ғанӣ ва инсонсозро ба мерос гузоштаанд. Ин фарҳанг чун ҳикмати ҳаётӣ саропо хайр аст, парчами хирадварзӣ, башардӯстӣ, эътиқод, сулҳу дӯстӣ ва ободию осудагӣ фаровонии неъматҳои зиндагист. Ин фарҳанг шиносномаи миллии мост, ки тавассути он чеҳраи аслии анъанаю суннатҳои миллии мо, бузургии ҷашнҳои бостонии моро ҷаҳониён эҳсос ва дарк менамоянд. Муҳимтар аз ҳама, имрӯз халқи тоҷик давлату Ҳукумате дорад, ки барои таъмини шароити арзандаи зиндагӣ тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст ва тоҷику тоҷикистониён дар фазои ором, озоду обод зиндагӣ доранд.
Шукри шому, шукри субҳи атрнокат,Тоҷикистони азиз!
Таибов С.А. – сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа
Муҳидинова М. - шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа