Ҳоҷати халқ аз ин хона раво мегардад...
Вазъи имрӯзаи давлати Афғонистон, ки хатари калоне барои минтақа ва байналмилал эҷод менамояд,боиси ташвиши ҷомеаи шаҳрвандӣ гаштааст ва ба назар мерасад, ки тундгароӣ, ифротгарроию даҳшатафканӣ тамоюли паҳншавӣ дар ҳамаи қитъаҳои ҷаҳонро дорад. Дар воқеъ, руйдоҳои охири ҷаҳон аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар Ховари Миёна, Африқои Шимолӣ ва чандин кишварҳои аврупоӣ терроризм ва экстремизм ба хатари аввалиндараҷа табдил ёфта, ҷомеаи ҷаҳониро ба ларза андохтааст. Тоҷикистон кишварест, ки дар қалби Осиёи Марказӣ ҷойгир шуда, бо Афғонистону Хитой, Қирғизистону Ӯзбекистон ҳамсарҳад аст. Мутафаккири бузург Эрнест Хемингуэй гуфта буд, ки: «Агар дар оянда ҷанге рух диҳад, он ҷанги байни тамаддунҳо хоҳад буд ва шадидтарин ихтилофу ҷангҳо дар сарҳади байни тамаддунҳо ба вуҷуд хоҳад омад”. Вобаста ба ноором шудани вазъити Афғонистон, вақти он расидааст, ки мо аз ҳарвақта дида зираку ҳушёр бошем ва нагузорем, то нохалафе марзи кишвари азизамонро рахна намояд. Табиист, ки ҳар кадом аз давлатҳои абарқудрат саъй хоҳанд кард, то манфиатҳои сиёсӣ ва арзишҳои идеологии худро дар давлати навбунёди мо пиёда созанд. Дар ҳap давру замон нафаре пайдо мешавад, ки ҳамчун бозичаи дасти дигарон амал намуда, пойбанди андешаву афкори онон мегардад ва дину мазҳаб, наздикону пайвандон, Ватану миллат ва ҳатто падару модарашро низ барои онҳо дареғ намедорад.
Ҳамзамон иддае аз нохалафоне пайдо гаридаанд, ки барои амалӣ намудани нақшаву ниятҳои разилонаву манфури хеш назди хоҷагонашон машваратҳои пасипардагӣ намуда, мехоҳанд авзои кишварро ноором созанд.Мардуми мо хуб дарк намудаанд, ки аксаран ташкилотҳои экстремистӣ барои ба ҳадафҳои сиёсияшон расидан ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандон, алалхусус ҷавононро ба доми худ мекашанд. Домани фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда, аз ҷумла дар ҳамсоякишвари мо Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст. Мутаасифона аксари ин амалҳо зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динии бебунёд сурат мегиранд. Сабабу омилҳои гаравиши шаҳрвандон, хусусан ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ хеле зиёданд, аммо беш аз ҳама ин зудбоварӣ, ноогоҳӣ аз авзои сиёсии ҷаҳон, дарк накардани хатари ифротгароӣ, ба доми фиреб ва таъсири одамони тасодуфӣ афтодан, хоҳиши соҳиби пули муфт гаштан ва аз ҳама асосиаш - надоштани дониши кофии диниву дунявӣ мебошад.
Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳо мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Аз оғози ба даст овардани истиқлолият, мудати 30 сол аст, ки Тоҷикистон ба яке аз масъалаҳои муҳим - таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ аҳамияти хоса зоҳир менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви созмонҳои мубориза бар зидди экстремизм барои пешгирӣ аз ин тамоюл тамоми тадбирҳоро андешида истодааст. Аз ин рӯ, давлати моро дар арсаи байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм чун як иштирокчии фаъол шинохтаву арзёбӣ мекунанд.
Имрӯз яке аз мушкилоте, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ба гурӯҳҳои тундрав пайвастани ҷавонон мебошад. Бо таассуф метавон гуфт, ки бархе аз ҷавонони мо ба ҷои омӯхтани илму дониш ба роҳҳои нодуруст рафта, теша ба решаи хеш мезананд. Албатта, мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб на бо роҳи низомӣ, балки тариқи муколамаи сиёсӣ имконпазир аст. Истиқлол ва ваҳдату сулҳ неъматҳое ҳастанд, ки онҳоро чун гавҳараки чашм ҳифз бояд кард. Таҷриба собит намудааст, ки нигоҳ доштану тақвият бахшидани истиқлолу ваҳдат чӣ қадар заҳмат металабанд ва онҳо дар баробари рушди иқтисоду фарҳанг ва иҷтимоиёт то чӣ андоза дастоварди нодир маҳсуб меёбанд. Бояд зикр намуд, ки падидаҳои мазкур асоси ҳама гуна муносибатҳои мусбат дар ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Дар давлате, ки оромӣ, субот ва амният ҳукмрон аст, фаъолияти самараноку бомароми сиёсати байналмилалиро метавон ба роҳ монд. Раванди ҷаҳонишавӣ ҳам ҷиҳати манфӣ ва ҳам ҷиҳати мусбӣ дорад ва моро мебояд ҷиҳатҳои мусбии онро аз худ кардаву муттаҳидтар бошем. Ин дастовардҳо ба гурӯҳи хоинони миллати тоҷик мақбул намеояд ва аз ин сабаб ба иғвоангезӣ ва тӯҳмату бӯҳтон даст мезананд.
Мардуми хирадманду фозил ва сабури тоҷик имрӯз бори дигар шоҳиди он мегарданд, ки шаҳди сулҳу салоҳ чи лазате дорад ва содиқӣ бар Ватани хеш чи эҳсосе. Ҳама хушбахтии миллати тоҷик ҳам дар он аст, ки мо соҳибистиқлол ҳастем ва ҳоҷатҳои хешро дар Ватани худ раво мегардонем. Аз ин рӯ, ҳар як фарди худогоҳ ва ватандӯст бояд дар ҳифзи асолати поки гузашта, нигоҳдории якпорчагии Ватан, дифои сулҳу оромӣ, истиқлолу ваҳдати миллӣ масъулиятшинос бошад, ба қадри талошу заҳматҳои Пешвои миллат ва замину фазову ҳавои сарзамини хеш бирасад ва баҳри истиқболи сазовори ҷашни сисолагии истиқлолияти ҷумҳуриамон кӯшиш ба харҷ диҳад.
Ҷашни истиқлол муборак Тоҷикистони азиз!
Таибов С. А. – сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа
Муҳидинова М.- шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа