КОРРУПСИЯ-омилҳо ва зарарҳои он ба ҷомеаи башарӣ!
Коррупсия дар баробари дигар зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир ба мушкилоти нигаронкунандаи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Мутаасифона, то имрӯз ба ҳеҷ як давлати дунё муяассар нашудааст, ки коррупсияро пурра аз байн барад, вале аксари давлатҳои дунё тавонистаанд сатҳи ин зуҳуроти номатлубро то ба ҳадде коҳиш диҳанд. Коррупсия дар ҷаҳони муосир хатари муфлискунанда ва заифгардонандаи пояи иқтисодиёти ҳар як давлат эътироф шудааст. Коррупсия рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ, болоравии иқтисодиёт ва некуаҳволии иҷтимоиро бозмедорад, итминони шаҳрвандонро ба давлат коста мегардонад, умедҳои ҷавононро ба оянда коҳиш медиҳад, табақаҳои ниёзманди аҳолиро аз расидан ба рӯзи нек маҳрум мекунад. Он зангорест, ки пояи ҳокимиятро, агарчи пӯлодвор мустаҳкам бошад, батадриҷ хароб мекунад. Ҷиноятҳои коррупсионӣ дар баробари экстремизму терроризм барои ҷомеа хавфнок буда, пешгирӣ ва муқовимат бар он рисолати асосии ҳар шаҳрванд маҳсуб меёбад.
Гузаштагони тамаддунофари мо дар осори гаронмояи хеш ришвахориро қотеъона зери танқид қарор додаанд. Пас, маълум мегардад, ки мубориза бар зидди порахӯриву ришваситонӣ реша бар умри асрҳо дорад. Дар қарни ХХ1 низ коррупсия чун зуҳуроти харобкунандаи пояи давлат эътироф шудааст. Созмони Милали Муттаҳид ҳамаи давлатҳои ҷаҳони муосирро атрофи ақидаи муқовимат ба коррупсия, чун монеаи рушд муттаҳид намудааст. Барои пешгирӣ аз ҷинояткорӣ ва мубориза бар зидди коррупсия 31-уми октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия қабул карда шуд. Бо назардошти аҳамиятнокии масъалаи мазкур аз соли 2003 бо ташаббуси Маҷмааи кулли Созмони Милали Муттаҳид 9-уми декабр ҳамчун Рӯзи мубориза бо коррупсия дар тамоми ҷаҳон эълон гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия 25-уми сентябри соли 2006 имзо гузошта, аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат 16-уми апрели соли 2008 тасдиқ гардидааст.
Сабабҳои асосии сабт шудани амалҳои коррупсионӣ дар ҷомеаи мо агар аз паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандӣ ва сатҳи зиндагии мардум бошад, аз тарафи дигар омода набудани мардум ба иқтисодиёти бозоргонӣ ва дарк накардани қоидаҳои он арзёбӣ мегардад. Ҳоло паҳн гаштани коррупсия ҷомеа ва давлатро ба ташвиш овардааст. Бо ибтикори Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор ислоҳоти ҳуқуқӣ дар самти танзими сохтори қонунҳо мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ рӯйи кор омад ва барои мубориза бо коррупсия чораҳои зарурӣ андешида шуданд. Бо мақсади муборизаи бевосита бо коррупсия дар мамлакат ва муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳои зидикоррупсионии давлат, ба мубориза ҷалб намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, муқовимати мақсаднок ба коррупсия дар Тоҷикистон соли 2007 мақоми махсусгардонидашудаи зиддикоррупсионӣ - Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки вазифаҳои асосии он аз назорати давлатии молиявӣ, пешгирӣ, барҳам додан ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ ва амалӣ намудани маҷмӯи тадбирҳои сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ иборат мебошад. Бо назардошти оқибатҳои ногувори ин падидаи номатлуб бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 қабул гардид, дар доираи ин Стратегия самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати мубориза бар зидди коррупсия муайян шуд, ки татбиқи он идома дорад.
Дар баъзе мавридҳо аксарияти иштирокдорони муносибатҳои коррупсионӣ сарчашма ва ҳатто фармоишгари ҷиноятҳои нисбатан хатарнок ба мисли кушторҳои фармоишӣ ва терроризм мебошанд, мақомоти ба коррупсия олудагашта ба ҷинояткории муташаккил мусоидат намуда, гурӯҳи мансабдорони фасодкорро бо соҳибкорон муттаҳид менамояд, ки дар натиҷа имконияти воридшавӣ ба ҳокимияти сиёсӣ ва ба ин васила ба қонунигардонии маблағҳои бо роҳи ҷиноят ба дастомада (софкории пул) шароит фароҳам меорад. Дигар ҷойи баҳс нест, ки коррупсия аз терроризму одакӯшӣ хатарноктар аст, зеро агар террористон ба як ё якчанд нафар одам зарар расонанд, коррупсия ё коррупсионерҳо бошанд, ба тамоми ҷомеа ва давлат хатари ҷиддӣ ва ҷуброннопазир мерасонанд.
Аз ин рӯ, коррупсия зуҳуроте мебошад, ки мустақим ба амнияти миллӣ таҳдид мекунад. То кунун ҳеҷ мамлакате дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб пурра муваффақ нашудааст. Ин дар ҳолест, ки Бонки ҷаҳонӣ гардиши яксолаи дороиҳои ғайриқонунӣ ё худ коррупсиониро дар ҷаҳон баробар ба 600 миллиард доллари амрикоӣ ё зиёда аз он арзёбӣ намудааст. Мусаллам аст, ки дар чунин ҳол вусъати ин падидаи номатлуб дар рушди иқтисоди кишварҳо бетаъсир нахоҳад буд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки сабабҳои асосии ба миён омадани амалҳои коррупсионӣ паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва талоши пеш аз мӯҳлат амалӣ гардонидани ин ё он ниёзашон аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ дониста мешавад. Бо баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ба роҳ мондани ҳамкории зичи аҳолӣ бо ниҳодҳои дахлдор, баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ ва татбиқу истифодаи дурусти ҳукумати электрониву боз ҳам беҳтар намудани зиндагии мардум метавон сатҳи коррупсияро дар кишвар паст намуд.
Мо бояд донем ва дарк намоем, ки коррупсия ҷинояти вазнин, таҳдиди воқеи ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоиву иқтисодии давлат мебошад. Коррупсия ба зиндагиву фаъолияти ҳаррӯзаи мо таъсири номатлуб мерасонад, дар раванди рушди иҷтимоиву иқтисодӣ паст кардани сатҳи камбизоатӣ, боварии шаҳрвандон ба институтҳои давлатии демократӣ, таҳияи сиёсати зиддикоррупсиониро дар миқёси ҷумҳурӣ талаб менамояд, ки бояд воситаи муттаҳидсозандаи саъю кушиши мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҳамаи шакли моликият ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт гардад. Аз ин хотир мубориза бо коррупсия масъалаи ҳаётӣ, кори дастаҷамъона буда, дар кори мубориза бо коррупсия ғайр аз мақомоти давлатӣ ҳар як фарди ҷомеа бояд саҳмгузор бошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем.
Валиев Давлатёр
рӯзноманигор