Вақти он аст, эй қалам, буррандатар гардӣ зи теғ!
Нахустин гаҳвораи тамаддуни башарӣ - сарзамини тоҷикон аст, ки дорои таърихи қадимитарин, мардумони хайрхоҳу фарҳангдӯст ва соҳиби дину ойини солим аст. Тоҷикистон кишварест, ки дар қалби Осиёи Марказӣ ҷойгир шуда, бо Афғонистону Хитой, Қирғизистону Ӯзбекистон ҳамсарҳад аст. Мутафаккири бузург Эрнест Хемингуэй гуфта буд, ки: «Агар дар оянда ҷанге рух диҳад, он ҷанги байни тамаддунҳо хоҳад буд ва шадидтарин ихтилофу ҷангҳо дар сарҳади байни тамаддунҳо ба вуҷуд хоҳад омад”. Вобаста ба ноором шудани вазъити Афғонистон, вақти он расидааст, ки мо аз ҳарвақта дида зираку ҳушёр бошем ва нагузорем, то нохалафе марзи кишвари азизамонро рахна намояд. Табиист, ки ҳар кадом аз давлатҳои абарқудрат саъй хоҳад кард, то манфиатҳои сиёсӣ ва арзишҳои идеологии худро дар давлати навбунёди мо пиёда созад. Ҳол он, ки аз ҷониби давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ягонаи татбиқи идеяҳои низоми давлатдорӣ, яъне бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб гардидааст. Вобаста ба нооромии вазъ дар минтақа ва давлатҳои ҳамсарҳади мо, шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ, инчунин воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа институтҳои илмиву таҳқиқотии Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, Маркази таҳқиқоти стратегӣ, дигар марказҳои илмву кафедраҳои ҷомеашиносии муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки ба таҳқиқу таблиғи масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат ва суботи ҷомеа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Дар робита ба ин аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи чораҳои таъсирбахш, аз қабили, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, ҷалб намудани ҷавонон ба варзиш, ташаккул додани мафкураи баланди ватандустию ватанпарастӣ, сохтани масҷидҳои замонавӣ, нашр кардани китобҳои диниву дунявӣ ба забони модарӣ, ташкили барномаҳои динию ахлоқӣ дар садову симо, чопи мақолаҳо дар рӯзномаву маҷаллаҳо ва баргузор намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ, андешида мешаванд. Ин ҳама чорабиниҳо дар барномаҳои дурнамои тараққиёти имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ таҷассум ёфтаанд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон аҳамияти ҳам миллӣ ва ҳам байналмилалиро доро буда, барои давлатҳои ҳамсоя намунаи ибрат хоҳад буд, зеро аз ҷониби сиёсатмадорон ва сарварони созмонҳои бонуфузи ҷаҳон баҳои баланд гирифтааст. Аз ҷумла, Сарвари Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Кратов зимни яке аз баромадҳояш, ки дар шаҳри Душанбе соли 2000 баргузор гардида буд, қайд карда, ки: «…Сулҳи бадастовардаи тоҷикон дар тамоми ҷаҳон чун таҷрибаи нодир эътироф шудааст. Умуман дар тӯли панҷоҳ соли охир он назири худро надорад. Мо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои амалро мебинем…».
Мавқеи Тоҷикистонро дар таъмини сулҳу амнияти минтақа ва ҷаҳон аз суханон ва таъкидҳои пайдарпайи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хубӣ дарк намудан мумкин аст. Имрӯз метавон қаноатмандона изҳор дошт, ки бо шарофати истиқлолияти давлатӣ тамоми заминаҳои муносиби ҳуқуқиву ташкилӣ барои рушди устувори Тоҷикистони соҳибихтиёр ва бунёди давлатдории миллӣ фароҳам оварда шудаанд. Ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистонро зарур аст, ки дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз намояд ва дар мубориза алайҳи хатарҳои глобалии ҷаҳонӣ саҳмгузор бошад. Айни ҳол, мутобиқи нишондодҳои оморӣ ҷавонони синнашон то 30-сола наздики 70 фисади аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Барои он, ки ҷавонон ва умуман мардуми мо, маърифати созанда дошта бошанд, бояд ҳар яки мо, ҳар як фарди дилогоҳу ватандӯст даст ба дасти ҳам ниҳода, дар ҳамбастагӣ дар шоҳроҳи мунаввари ваҳда т ҳамроҳу ҳамқадам ва ҳаммаслаку ҳаммаром бошем. Имрӯз, ки Тоҷикистони азизи мо давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ аст, халқи шарифи тоҷикро зарур аст, ки манфиати давлатро аз манфиати шахсӣ боло дониста, дар ободии кишвари азизамон саҳми арзандае гузорад. Аз ин рӯ ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ вазифадор аст, ки пеш аз ҳама, бо нангу номуси ватандории хеш намунаи ибрат бошад, мардуми кишвар ва ҷавононро ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят намояд, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнат ба миллату Ватанро гирад, волоияти манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос намояд ва ҳамеша ҳушёру зирак, ватандӯсту меҳанпарвар бошад!
Таибов С.А. – сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа
Муҳидинова М.- мутахассиси шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа