Ватан ватан сиришти ман!
Халқи меҳнатдусту сулҳпарвари тоҷик дар остонаи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз қарор дорад. Ба ҳамагон маълум аст, ки Истиқлолиятро мардуми тоҷик бо чӣ гуна машаққатҳо ба даст оварда рӯзҳои сахту ҳодисаҳои мудҳишеро аз сар гузарондааст. Дар он давра оилаҳои зиёде пайвандонашонро аз даст додаанду мардуми зиёд ватани худро тарк гуфта, дар сарзамини бегона овораву сарсон гаштанд. Дар он замонҳо миллати мо пароканда гашта буд. Аммо бо саъю кӯшиш ва меҳнатҳои шабонарӯзии Сарвари миллату халқи тоҷик Истиқлолият пойдор ва мардум боз ба ҳам ҷамъ омаданд.
Имрӯзҳо мо худ шоҳиди он ҳастем, ғаразҳо мардуми ҳамсоякишвари моро ба чи ҳолат овардаасту то ҳол шахсеро пайдо накардаанд, ки миллати азияткашидаи афғонро ба ҳам оварда, сулҳу салоҳро дар ин сарзамин таъмин намояд. Хушбахтии миллати мо дар он аст, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо аз торикии фаонву ҷаҳолат берун омада, рӯ ба самти ваҳдату якдилӣ ва сулҳу созиш овард.
Айни замон аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Тавре маълум аст, яке аз омилҳои асосии рушди ҳар кишварро дар қатори дигар арзишҳо захираҳои инсонӣ, аз ҷумла ҷавонон ташкил медиҳад. Ин имкон медиҳад, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун яке аз самтҳои муҳими рушди ҷомеа мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Ба сиёсати ҷавонон, ҳамчун бахши стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар ҳамаи марҳилаҳои рушди ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Ҳамасола мақому мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ба маротиб баланд гардида, ҷалби бештари онҳо ба корҳои ҷамъиятиву идоракунӣ саҳми ин қишри фаъоли ҷамъиятро дар пешрафту ободии мамлакат бештар менамояд. Президенти мамлакат дар Паёми имсолаашон низ ба мақому манзалати ҷавонони кишвар баҳои арзишманд дода, таъкид намуданд, ки "Ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ-ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад".
Маҳз таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат ба ҷавонон аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ нақши ин қишри фаъоли ҷамъият зина ба зина боло рафта, ҳамасола дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” 23-юми май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Илова бар ин, бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 “Соли ҷавонон” эълон гардида буд, ки ин ҳам аз таваҷҷуҳи беандозаи Роҳбари давлат ба ҷавонон гувоҳӣ медиҳад.
Дар воқеъ имрӯз давлату ҳукумат ҳама чизро барои рушду пешрафти ҷавонон муҳайё кардааст, ки ин ғамхориҳо ҷавононро рӯҳбаланд намуда, барои кӯшишу ғайрати онҳо, ҷиҳати хизмат ба Ватан-Модар мусоидат мекунад.
Тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ, расму оини пешқадами ниёгон ва мероси ахлоқии гузаштагон, яке аз талаботи Консепсияи миллии тарбия мебошад. Бузургону хирадмандони тоҷик бо заҳмату талоши пайвастаашон тавонистанд, ки бароямон як фарҳанги волою ғаниро ба мерос гузоранд. Ин фарҳанг чун ҳикмати ҳаётӣ саропо хайр аст, парчами хирадварзӣ, башардӯстӣ, эътиқод, сулҳу дӯстӣ ва ободию осудагӣ, фаровонии неъматҳои зиндагист. Ҳамчунин ин фарҳанг шиносномаи миллии мост, ки тавассути он чеҳраи аслии анъанаю суннатҳои миллии мо, бузургии ҷашнҳои бостонии моро ҷаҳониён эҳсос ва дарк менамоянд. Ҷашнҳои арзишманди миллии тоҷикон баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, орзую ормон, расму оин, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии онҳоянд.
Феълан ҳодисаҳои солҳои охир дар ҷаҳони муосир насли ҷавонро водор менамояд, ки бо илму донишандӯзӣ, маърифату ташаккули ҷаҳонбинӣ ва дигар зарфиятҳои зеҳнию ҷисмонии худ дар баробари равандҳои ҷаҳонишавӣ бо афкору ақидаи солим, садоқату ватандӯстӣ ва ҳисси ифтихор аз ҳуввияти миллии хеш устувор бошанд. Зеро ояндаи халқу пойдории ҳар давлату миллат аз наслҳои ҷавон вобаста аст, ки баҳри ҳифзи марзу буми Ватан ва рушду нумӯи он ҳамеша ҳушёру омодаи хизмат бошанд. Талошҳои пайвастаи ҷавонони имрӯзаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумӯи кишвари азизамон бовар бар он месозад, ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд.
Таибов С.А. – сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа
Зуҳра Турсунова - мутахассиси шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа