Истиқлолияти давлатӣ-таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Созмонҳои ҷаҳонӣ!


Истиқлолияти давлатӣ-таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Созмонҳои ҷаҳонӣ!

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди эълони Истиқлолияти давлатӣ дар майдони сиёсати ҷаҳонӣ ворид гардид, бо ташаббуҳои беназир ва нақшофарӣ дар сиёсати ҷаҳонӣ шинохта шуд. Ҷаҳониён Тоҷикистолнро ҳамчун мамлакати фаъол ва иштирокчии равандҳои глобалӣ, созмонҳои бонуфузи олам ба узвият пазируфтанд, ки яке аз онҳо Созмони Умумиҷаҳони Савдо мебошад. 10-уми декабри соли 2012 дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии Тоҷикистони соҳибистиқлол руйдоди муҳими таърихӣ ба вуқуъ пайваст. Дар ин рӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба узвияти Созмони Умумиҷаҳонии Савдо пазируфта шуд. Давлати мо ҳанӯз соли 2001 барои шомил шудан ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дархост пешниҳод карда буд ва ниҳоят баъди 11 соли омӯзиш ва хулосабардорӣ аъзои созмони мазкур гардид, ки ин рӯйдодро метавон яке аз қадамҳои устувор ва мантиқан дурусти гузариши мамлакати мо ба иқтисоди бозори ҷаҳонӣ маънидод кард. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои генералии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, ки моҳи декабри соли 2012 дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария баргузор гардид, баромад карда, санаи дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз ҷумлаи руйдодҳои мусоидаткунанда ба рушди минбаъдаи устувори иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа маънидод кард. Сарвари давлат таъкид намуда буданд, ки Тоҷикистон узвияти худро ҳамчун воситаи таъмини рушди минбаъдаи иқтисод ва ояндаи неки мардуми кишвараш истифода хоҳад кард.

Директори генералии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо Паскал Ламӣ аз пазируфтани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти созмони мазкур изҳори қаноатмандӣ намуда, афзуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили корҳо оид ба дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин созмон пояи ташкилиро дар сатҳи зарурӣ муҳайё сохт. Паскал Ламӣ қайд намуд, ки Тоҷикистон бо воридшавии худ ба созмони ҷаҳонии савдо барои рушди минбаъда ва густариши тиҷорату савдои байналмилалӣ роҳ кушод.

Созмони Умумиҷаҳонии Савдо соли 1995 таъсис ёфта, дар арсаи байналхалқӣ ҳамчун созмони тиҷоратӣ, низоми ягонаи ташкилӣ ва ҳуқуқии системаи савдои байналхалқӣ, хизматрасониҳо ва моликияти зеҳниро муайян менамояд. Созмони Умумиҷаҳонии Савдо бонуфузтарин созмонҳои байналмилалии иқтисодӣ аст, ки 90 дарсади гардиши тиҷорати ҷаҳонӣ марбут ба кишварҳои узви ин созмон мебошад. Ғайр аз ин дар Созмон муносибатҳои тиҷоратии кишварҳои аъзо дар сатҳи муносибатҳои ҷаҳонӣ баррасӣ карда мешавад. Давлатҳои аъзои ин созмон вазифаҳояшонро бо назорати иҷрои муқаррароти созишномаҳои бисёрҷониба, тариқи гузаронидани гуфтушунидҳои тиҷоратӣ, батанзимдарории савдо мутобиқи механизмҳои Созмон, дастгирии давла тҳои рӯ ба инкишоф ва таҳқиқи умумии сиёсати иқтисодии ҳар давлати ҷудогонаи аъзо иҷро менамоянд. Воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ин созмони муътабари ҷаҳон масъулини Созмон барои ҳарду тараф манфиатовар хонда, таъкид намудаанд, Тоҷикистон кишварест, ки натиҷаҳои хубе аз рушди иқтисодиаш нишон дода метавонад, ин гуфтаҳоро сол то сол афзоиш ёфтани тиҷорати ин мамлакат тасдиқ менамояд. Дар ҳоли ҳозир бештар аз 161 кишвари дунё ба аъзогии ин Созмон қабул гардидааст. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки раванди дохилшавӣ хеле мураккаб буда, ба кишварҳои нозир зарур аст, ки қонунгузории ҷории худро ба талаботу меъёрҳои танзимкунандаи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мутобиқ гардонанд, бо кишварҳои узви созмон оид ба низоми тиҷорати хориҷӣ, шароитҳои роҳ додан ба бозори мол ва хизматрасониҳо, паҳлуҳои тиҷоратии моликияти зеҳнӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои истеҳсолкунанда ва муаллиф гуфтушунидҳо намоянд.

Ҳадафҳои асосии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо:

- таъмини тадбиқи созишномаҳои бисёртарафаи тиҷоратӣ, ки дар маҷмуъ асоси меъёрии Созмони Умумиҷаҳонии Савдоро ташкил медиҳанд;

- мусоидат намудан ба танзими баҳсҳои тиҷоратӣ ва назорати сиёсати миллӣ дар соҳаи савдо дар кишварҳои узви ин Созмон;

- форум барои гузаронидани гуфтушунидҳои байналмилалии тиҷоратӣ;

- ҳамкорӣ бо дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар соҳаи ташаккули сиёсати глобалии иқтисодӣ.

Ба гуфтаи коршиносон роҳ ёфтани молу маҳсулоти Тоҷикистон ба бозори ҷаҳонӣ, фароҳам овардани шароит барои баланд бардоштани сифат ва рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, иштирок дар низоми ҳалли баҳсҳои тиҷоратӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ширкат дар коркарди қоидаҳои савдои байналмиллалӣ, аз манфиатҳое мебошанд, ки аз ворид шудан ва ҳамкориҳои кишвари мо бо Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ба даст меоянд.

Валиев Давлатёр

рӯзноманигор


25.08.2021 316

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php