Истиқлолияти давлатӣ-татбиқи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон!


Истиқлолияти давлатӣ-татбиқи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон!

“Нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар идораи давлат ва пешрафти ҷомеа хеле муҳим мебошад, зеро ҳокимияти судӣ дар асоси Конститутсия ва қонунҳо ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолатро ҳифз менамояд”.                                                                           

   Эмомалӣ Раҳмон 

Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат барои таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ, беҳтар намудани таъминоти моддию техникии судҳо, такмили қонунгузории соҳа ба хотири баланд бардоштани нақши суд дар таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, тадбирҳои муҳиму мушаххасро роҳандозӣ кардааст. Аз ҷумла, барои рушду таҳкими мақомоти судӣ чор барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қабул карда шуд, ки онҳо барои пешрафти соҳа, баланд бардоштани мақоми суд дар ҷомеа, таъмини шароити зарурӣ барои баррасӣ ва ҳалли одилонаи парвандаҳои судӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо ва умуман, ҷиҳати ба амал баровардани адолати судӣ нақши муҳим доранд. Тибқи ин барномаҳо чандине аз қонун, аз ҷумла қонунҳои конститутсионӣ “Дар бораи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, кодексҳои мурофиавии ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ, маъмурӣ, қонунҳо “Дар бораи истеҳсолоти иҷро”, “Дар бораи судҳои ҳакамӣ” аз нав таҳия ва қабул карда шуданд, ки барои такмили сохтори судӣ, фаъолияти судяҳо ва дар маҷмӯъ, барои таҳкими ҳокимияти судӣ дигаргуниҳои куллиро ба вуҷуд оварданд.

Мақомоти суд яке аз шохаҳои ҳокимияти давлатӣ буда, адолати судиро дар кишвар амалӣ менамояд ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд, инчунин, ба-дин васила барои таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, пешрафти ҷомеа ва густариши равандҳои демократӣ нақши муҳим мебозад. Бо назардошти ин, хусусияти муҳиму массир ва бо мақсади мутобиқ намудани сохтор ва фаъолияти мақомоти судии Тоҷикистон, инчунин, санадҳои ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти он ба талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ ва мақомоти судии кишварҳои пешрафта тибқи моддаи 9 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судӣ шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид. Ҳамчунин, боби ҳаштуми Конститутсия иборат аз нуҳ модда пурра ба ин шохаи ҳокимият, пеш аз ҳама ба принсипҳои асосии ташкилию ҳуқуқии он, хусусан салоҳият ва сохтори судҳо, интихобу таъин ба вазифа ва бозхонду озод намудани судяҳо аз вазифа, синну соли ба вазифа пешбарӣ кардан ва мӯҳлати ваколати онҳо, инчунин, амалӣ намудани адолатӣ судӣ бахшида шудааст.

Барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади идома додани ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар кишвар, таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, таъмини мустақилият, такмили сохтор ва фаъолияти он ва рушди қонунгузории соҳа қабул шудаанд. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон дар мамлакат чор маротиба Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қабул карда шудааст. Барномаи якум соли 2007 барои солҳои 2007-2010, барномаи дуюм соли 2011 барои солҳои 2011-2013, барномаи сеюм соли 2015 барои солҳои 2015-2017 ва барномаи чорум соли 2019 барои солҳои 2019-2021 қабул гардидаанд, ки барои таъмини адолати судӣ ва рушду таҳкими соҳа заминаҳои воқеӣ фароҳам овардаанд.

Бо мақсади баррасии натиҷаҳои фаъолияти кормандони мақомоти судӣ, таъмини адолати судӣ, нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар ҷомеа 21 ноябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судӣ мулоқот намуданд. Дар мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои фаъолияти кормандони мақомоти судиро дар давраи аз соли 2009 то 2019 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, барои ислоҳи камбудиҳо, таъмини волоияти қонун ва дигар самтҳои асосии соҳа ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода, зарур шумориданд, ки барои баланд бардоштани эътибору обрӯи ҳокимияти судӣ, таъмини ҳифзи судии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ идома дода шавад.

Барномаҳои судӣ-ҳуқуқии қабулшуда омили меҳиме дар самти дастрасии шаҳрвандон ба адолати судӣ гардидаанд. Ҳамин аст, ки барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ давра ба давра бо фарогирии чорабиниҳои зиёди ташкилию ҳуқуқӣ ва моддию техникии судҳо, хадамоти иҷро, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ амалӣ шуда истодаанд. Айни ҳол татбиқи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2019-2021 идома дорад.

Валиев Давлатёр

рӯзноманигор


24.08.2021 317

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php