СУТ фарқиятҳоро дар тавсияҳои эмгузаронии COVID-19 шарҳ медиҳад
Барои онҳое, ки қаблан бемор шуда буданд, хусусан онҳое, ки сироятро сабук гузарониданд тавсия дода мешавад, ки бар зидди COVID-19 чанд ҳафта пас аз пурра сиҳат шудан эм гузаронанд. Чунин тавзеҳот додааст сарпажӯҳишгари СУТ доктор Сумя Сваминатан.
"Пас аз гирифтор шудан ба COVID-19, дар организми одам вокуниши иммунӣ ба вуҷуд меод, аммо шиддатнокии он барои одамони гуногун фарқ мекунад ва ин вобаста аз он аст, ки шумо бемориро дар шакли сабук аз сар гузаронидед ё вазнин, - шарҳ додааст коршинос. - Таҳқиқотҳои сершумор нишон доданд, ки агар шумо каме сабук бемор шуда бошед ё сироят асимптоматикӣ бошад, эҳтимол дорад шумо сатҳи хеле пасти антителоҳоро доред. Аз ин рӯ, мо ба ҳар ҳол тавсия медиҳем, ки ҳатто агар шумо сирояти коронавирус дошта бошед ҳам, ҳангоми дастрас будан эм гузаронед, зеро ваксина сабаби баланд гаштани системаи иммунӣ мегардад."
Пас аз сиҳатёбӣ тавсия дода мешавад, ки пеш аз гирифтани ваксина чанд ҳафта интизор шавед."Шумо набояд ягон аломат дошта бошед ва ҳангоми гирифтани ваксина бояд худро хуб ҳис кунед. Бо вуҷуди ин, дар кишварҳои гуногун фарқиятҳо мавҷуданд. Дар баъзе кишварҳо пас аз сироят се ё шаш моҳ интизор шуданро тавсия медиҳанд. Сабаб: шумо антителоҳои табиӣ доред, ки ҳадди аққал дар ин муддат шуморо муҳофизат мекунанд," - мегӯяд доктор Сваминатан.
Ӯ тавзеҳ додааст, ки мӯҳлатҳои мухталифи муқарраршудаи эмгузаронии беморон дар кишварҳои гуногун метавонанд бо норасоии ваксинаҳо алоқаманд бошанд. "Азбаски дар бисёр кишварҳо ваксина кофӣ нест, онҳо аз одамоне, ки сироят ёфтаанд, хоҳиш мекунанд, ки се ё шаш моҳ интизор шаванд. Аммо аз нуқтаи назари илмӣ ва биологӣ, ваксинаро метавон пас аз пурра шифо ёфтан аз COVID-19 гирифт", меафзояд сухангӯи СУТ.
Вай инчунин тасдиқ кардааст, ки СУТ озмоиши антителаҳоро нолозим медонад, зеро то имрӯз олимон аниқ намедонанд, ки кадом сатҳи антителоҳо муҳофизатро таъмин мекунанд.
Rg.Ru
перевод Мухидиновой М.