Баргузории ҳамоиши собиқадорони соҳаи кор бо ҷавонон таҳти унвони "Ҷавонон идомадиҳандагони ҳадафҳои ояндасоз" дар МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино»


Баргузории ҳамоиши собиқадорони соҳаи кор бо ҷавонон таҳти унвони "Ҷавонон идомадиҳандагони ҳадафҳои ояндасоз" дар МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино»

Санаи 23.08.2021 дар толори Синои МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши собиқадорони соҳаи кор бо ҷавонон таҳти унвони "Ҷавонон идомадиҳандагони ҳадафҳои ояндасоз" баргузор шуд. Дар чорабинии мазкур Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло, муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҷуразода Кабирҷон, Вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфӣ Муҳаммадраҳим, муовини якуми Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирбекзода Ҳабибуллоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Чорабиниро Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло оғоз намуда, ҳадафи чорабиниро сӯҳбати озоду самимии ҷавонони фаъол аз шаҳру ноҳияҳои тобеи кишвар бо собиқадорони соҳа, ки дар рушду такомули Кумитаи мазкур ва амалӣ намудани сиёсати давлатии кор бо ҷавонон саҳми беандоза дошта, чандин сол масъулияти татбиқи сиёсати давлатии ҷавононро бар дӯш доштанд, унвон намуд. Ӯ бо таваҷҷӯҳ ба талошҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар дар самти ҷавонон, таъкид намуд, ки имрӯз ҷавононро мебояд дар гулгулшукуфии Ватани азиз нақши арзанда гузоранд ва ба ғамхориҳои бемислу монанди Сарвари давлат сазовор бошанд.

Муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, собиқадори соҳа Латифзода Асрор Қурбон, ки чандин сол ба ҳайси Раиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Тоҷикистон фаъолият намудааст, зимни баромад бо ташуккур аз роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкил ва баргузории ҳамоиши мазкур, чунин вохӯриҳоро хеле муфид арзёбӣ намуд. Ӯ гуфт, ки сиёсати давлатии ҷавонон яке аз рукнҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳсуб мешавад, ки нақши ҷавононро дар ташуккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Ин собиқадори соҳа дар мавриди дастовардҳои назарраси иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ сухан намуда таъкид кард, ки дар ин давра рушди мунтазами ҷомеаи шаҳрвандӣ таъмин гардида истодааст.  

Дар идомаи ҳамоиш мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҷуразода Кабирҷон, Вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфӣ Муҳаммадраҳим, муовини якуми Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирбекзода Ҳабибуллоҳ суханронӣ намуда, аз сиёсати ҷавонон дар замони Истиқлолият ёдоварӣ карданд.

Таъкид шуд, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии ҷавонон нақши босазо гузошта, ба ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушду такомули ҷавонон дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ мусоидат намуд, ки саҳми ҷавонон дар ин раванд хеле самарабахш арзёбӣ мегардад. Имрӯз аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Тавре маълум аст, яке аз омилҳои асосии рушди ҳар кишварро дар қатори дигар арзишҳо захираҳои инсонӣ, аз ҷумла ҷавонон ташкил медиҳад. Ин имкон медиҳад, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун яке аз самтҳои муҳими рушди ҷомеа мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Ба сиёсати ҷавонон, ҳамчун бахши стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар ҳамаи марҳилаҳои рушди ҷомеа таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мегардад.

Дар охири ҳамоиш ҳозирин бо тарафдорӣ аз сиёсати давлатии Ҳукумати кишвар дар самти ҷавонон ҷонибдорӣ намуда, барои ташкили чунин ҳамоиши пурмуҳтаво ба роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуданд.

Турсунова З. - шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


23.08.2021 268

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php