Ҳама фирӯзии мо Истиқлол!
Имсол дар саросари кишвари маҳбубамон Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.
Истиқлолият чист? Калимае, ки вуҷуди миллату давлатро чун номуси ватандориву ватанпарварӣ тарбия намуда, мардумро ба ягонагиву сулҳу субот ва давлатро ба мустақилият аз дигар давлатҳо мубаддал мегардонад. Сарчашмаи худи давлати соҳибистиқлол аз сулҳу оштӣ ва дӯстии миллатамон арзёбӣ мегардад.
Истиқлолият маънои мустақилиятро дорад. Асосан калимаи «Истиқлолият» ба мардум ё давлат мутаалиқ аст ва калимаи «Мустақилият» бошад ба ягон одам ва ё вазифаи ин ё он кас.
Истиқлолият доштан маънои онро дорад, ки давлат ё мардум (халқ) новобаста аз қарор ё фикри дигар давлату халқиятҳо хулосаву ҳаракатҳои худро мустақилона қабулу амалӣ месозад.
Истиқлолиятро асосан давлатҳо барои худ бо мақсади ҳифз ва тараққӣ додани боигарии милливу ҳудудиашон истифода бурданӣ ҳастанд. Ба сифати боигарии миллӣ ин забони миллӣ, шумораи аҳолӣ, иқтисодиёт ва пули миллӣ, фарҳангу санъат ва ғайраҳо мебошанд.
Истиқлолияти давлат имрӯзҳо асосан аз ҷониби якчанд давлатҳо пазируфта шуданаш хело муҳим аст ва барои ҳамин ҳам фикри ҷомеаи беруна ниҳоят зарур аст барои истиқлолияти комил доштан. Агар давлат истиқлолияти худро бо эътирофи дигар давлатҳо дошта бошад, дар тараққӣ кардани ин давлат заминаи мустаҳакам мавҷуд аст ва агар эътирофи кишварҳои зиёдро надошта бошад, пас ба мубталои ҷангу кашмакашиҳо дарафтоданаш эҳтимолияти зиёд дорад.
Коршиносон мафҳуми Истиқлолиятро «Сиёсиву ҳуқуқӣ» арзёбӣ намуда, мегӯянд, ки аз доштани он барои давлат як қатор манфиат ва зарарҳо мавҷуданд, аз ҷумлаи онҳо.
Манфиат аз Истиқлолият:
Барои ҳифзи иқтисодиёт, асъори давлатӣ, марз, фарҳанг, илм ва дигар бахшҳои соҳаи хоҷагии халқ шароити хуб фароҳам мешавад;
Дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқ манфиатҳои қариб ҳамаи халқу ҷамъият ба инобат гирифта мешаванд;
Қарор барои қабули ҳифзи табақаҳои гуногуни ҷомеъа тезтар қабул ва амалӣ мешаванд;
Зарар аз истиқлолият:
Хароҷотҳои маъмурӣ барои давлат зиёдтар шуда ба буҷаи давлат гаронии хароҷотҳо эҳтимолияти рӯй доданро дорад;
Рушди бахшҳои иқтисодиёт метавонад суст шавад агар давлат хурд бошад.
Мустақилият чист?
Зери мафҳуми мустақилият асосан озодии як фард ё оиларо дар назар доранд. Масалан агар оила ба хонаи алоҳидаи худ соҳиб шаваду даромаду хароҷоти шахсӣ дошта бошад ва бе иҷозату розигии дигарон хоҳишу амалҳояшро ба сомон расонад, пас чунин касро мустақил меноманд. Умуман калимаи мустақилиятро то солҳои 1995 ҳамчун истиқлолият маънидод мекарданд, вале солҳои 2000-ум пас мафҳуми мустақилияту истиқлолият аллакай алоҳида ва гугоногун маънидод мешуданд.
Дар зарфи 30-соле, ки тоҷикон бо давлати мустақилашон зиндагӣ мекунанд, сиёсату иқтисодиёт ва тамоми соҳаҳои фаъолияти давлату давлатдорӣ ба таври мусбӣ табдил дода шуд, аз ҷумла кишварамон Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давлати транзитӣ ба давлати саноатикунонӣ табдил дода шуд, ба яке аз ҳадафҳои стратегиамон- ба даст овардани Истиқлолияти энергетикӣ ноил гаштем, ки ин ҳама бо шарофату дастгириҳои Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Мардуми шарифу заҳматталаби тоҷик, бо шукронаи давлати озоду соҳибистиқлол, таҳти роҳбарӣ ва сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо азму иродаи қавӣ ва кору фаъолият ҳама гуна мушкилотро бартараф намуда, барои рушди иқтисодиёт, шукуфоии илму фарҳанг, таъмини суботу амният, таҳкими қонуният ва истиқлолияти давлатӣ кӯшиш менамояд.
Турсунова З.- шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа