ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ ВАЗИРИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶАМОЛИДДИН АБДУЛЛОЗОДА БАХШИДА БА РӮЗИ КАСБИИ ТАБИБОНИ ТОҶИКИСТОН
Ҳамкасбони азиз!
Тавре медонем, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамасола дар Тоҷикистон 18 август ҳамчун Рӯзи касбии кормандони соҳаи тиб таҷлил карда мешавад.
Ҳамзамон, ёдовар шудан ба маврид аст, ки Рӯзи иди касбии табибони мамлакат ба санаи таваллуди Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино рост меояд, ки ин басо рамзист ва ҳар як табиби кишварро бар он водор месозад, ки дар касби хеш масъулиятшинос ва серталаб бошад ва ҳамчун вориси арзандаи ин нобиғаи давру замон дар таъмини солимии аҳолӣ саҳми арзишманди хешро гузорад.
Барҳақ, Абӯалӣ ибни Сино дар рушди илми тибби ҷаҳонӣ саҳми бениҳоят арзишманд гузоштааст ва ӯро дар олам чун пешоҳанги тиб ва фармакологияи клиникӣ мешиносанд.
Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи Шумо ҳамкасбони азизро ба Иди касбиятон сидқан шодбош намуда, ба ҳар кадоми Шумо саломативу сарбаландӣ, муваффақияту бурдборӣ ва саодати рӯзгорро таманно дорам.
Хушбахтона, табибони кишвар бо дарки баланди вориси ҳақиқии Синои бузург будан имрӯзҳо дар пайравӣ ба сиёсати дурандешона ва оқилонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушд ва пешрафти соҳаи тандурустии Тоҷикистони азизамон нақши арзишманди хешро гузошта истодаанд.
Давоми солҳои охир маҳз бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустӣ дар мамлакат рушду пешрафт намуда, дар таъмини солимии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз як сол қабл, яъне 18 августи соли 2020 зимни вохурӣ бо кормандони соҳаи тандурустии мамлакат иброз намуда буданд: “Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба шумор рафта, дар давоми қариб се даҳсолаи охир бомаром рушд карда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Ҳукумати мамлакат дар ин давра ба пешрафти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои ҳалли мушкилоти ин соҳаи ҳаётан муҳим тадбирҳои зиёдеро амалӣ гардонид”.
Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар кишвар сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди муассисаҳои тандурустӣ ва бо таҷҳизоти навтарин таъмин намудани онҳо ба ҳукми анъана даромада, ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд.
Ҳамзамон, ҷорӣ намудани усулҳои нави ташхис ва табобат, ки қаблан шаҳрвандони кишвар барои анҷом додани онҳо ба кишварҳои хориҷӣ сафар менамуданд, аз дастовардҳои назарраси соҳаи тандурустии кишвар ба шумор мераванд.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки имрӯз табибони тоҷик дар баробари ҳамтоёни хориҷии хеш дар ташхис ва табобати беморон маҳорати баланд доранд. Далели ин гуфтаҳо муроҷиати шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ҷиҳати гузаштан аз ҷарроҳиҳои мураккаб ба муассисаҳои тандурустии мамлакат мебошад, ки ин албатта аз маҳорати баланди касбии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон дарак медиҳад.
Ҷиҳати фароҳам овардани дастрасии бештари аҳолӣ ба ҷарроҳиҳои мураккаб ва гаронарзиш дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» то имрӯз дар маҷмӯъ ба зиёда аз 845 нафар бемор амалиёти пайвандсозии гурда ва 67 нафар бемор ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар ва ба 15 нафар амалиёти пайванди мағзи усутухон, дар 6 моҳи соли 2021 бошад, ба 56 нафар бемор (дар 6 моҳи соли 2020 – 36 нафар бемор) амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии гурда, ки аз ин теъдод 3 нафар кӯдак ва 12 нафар шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд ва ба 5 нафар (дар 6 моҳи соли 2020-5 бемор) ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар гузаронида шудааст, ки 1 нафар кӯдак мебошад.
Бо мақсади пешгирӣ намудани маъюбшавӣ дар байни кӯдакон дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо” ба 50 нафар кӯдакон, дар Маркази дилу шараёни вилояти Суғд ба 31 нафар кӯдак ва дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” 418 нафар кӯдакон аз муоинаи тиббии мутахассисони Аморати Муттаҳидаи Араб гузаронида шуда, ба 57 нафари онҳо амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шуд. Ҷамъ дар нимсолаи якуми соли 2021 ба 138 кӯдаки гирифтори бемории “Нуқсони модарзодии дил” амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шудааст. Инчунин, бо мақсади пешгирии маъюбшавии кӯдакон дар ин давра дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии “Шифобахш” ба 50 нафар кӯдакон ҷарроҳии роғи модарзодии лаб, ба 121 нафар ҷарроҳии коми сахту мулоим ва ба 21 нафар бартарафкунии деформатсия гузаронида шуд.
Дар доираи таҳкими иқтидори кадрӣ ва рушди нерӯи инсонӣ тибқи маълумотҳои оморӣ ба 1 июли соли 2021 миқдори умумии табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ дар ҷумҳурӣ мутаносибан 20221 ва 58614 нафарро ташкил медиҳад. Нишондиҳандаҳои таъминотнокӣ бо табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ ба 10000 аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 21,7 ва 62,9 – ро ташкил кард.
Агар ба дастовардҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии мамлакат назар афканем, баръало аён мегардад, ки кулли пешрафт ва муваффақиятҳои соҳа зери сиёсати оқилона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки давоми 30-соли соҳибистиқлолӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз 34 маротиба дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо кормандони соҳаи тибби мамлакат мулоқоту вохӯрӣ доир намуда, масъалаву мушкилоти ин соҳаро баррасӣ карданд ва доир ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба солимии ҷомеа, тандурустии модару кӯдак, ҳуқуқи иҷтимоии шаҳрвандон ва дигар мушкилоти ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас доданд ва дар ин замина ба ислоҳоту азнавсозии ҷиддии соҳа такони ҷиддӣ бахшиданд.
Ҷиҳати беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ зарурати гузариш ба принсипи тибби оилавӣ ба миён омад, ки ҳамчун ихтисоси нав тайёр намудани мутахасисони тибби оилавиро талаб намуд.
Бо ҳамин мақсад маҳз бо ҳидояту роҳнамоӣ ва дастгириҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сараввал корҳо ҷиҳати омода намудани мутахассисон дар Донишкадаи баъдидипломӣ ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба роҳ монда шуда, баъдан бо зарурияти зиёд гардидани талабот Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тиббӣ оилавӣ, се марказҳои вилоятӣ дар ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва 11 шӯъбаҳои таълимию клиникии тибби оилавии шаҳрҳои Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, Кӯлоб, Турсунзода, Ваҳдат ва ноҳияҳои Данғара, Шаҳритус, Рашт, Шаҳринав ва Рӯдакӣ барои бозомӯзонии мутахассисон таъсис дода шуданд. Инчунин, омода намудани мутахассисони тибби оилавӣ дар коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуд.
Пешгирӣ намудани сироятҳое, ки тавассути ваксинаҳо идора карда мешаванд, низ хуб ба роҳ монда шуда, сарбории бемориҳои ғайрисироятӣ ва музмин низ паст гардид.
Маҳз барои саҳмгузориҳои назаррас ба пешрафти тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2016 аъзои Ташкилоти бонуфузи байналмилалии WONKA гардид.
Бояд қайд кард, ки маҳз дар натиҷаи таваҷҷуҳи махсуси Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон музди маоши кормандони соҳаи тандурустӣ аз 3 сомонӣ ба 1253 сомонӣ расонида шуд, ки ин нисбат ба соли 1992-417,6, нисбат ба соли 2001- 208,8 ва нисбат ба соли 2011 2,7 маротиба зиёд мебошад.
Яке аз вазифаҳои асосие, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир дар назди худ гузошт, ҳарчӣ бештар ворид намудани усулҳои мураккаб ва муосири ташхис ва табобат дар муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ мебошад.
Зикр намудан ба маврид аст, ки айни ҳол дар кишвар бо дарназардошти муассисаҳои хусусии тиббӣ 41 адад дастгоҳҳои томографияи компютерӣ ва магнитию резонансӣ мавҷуд буда, дар соли 2021 инчунин 13 адад таҷҳизоти мазкур дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ насб карда шуданд. Ҳамзамон, феълан дар ҷумҳурӣ 67 адад дастгоҳи эндовидеоҷарроҳӣ, зиёда аз 170 адад дастгоҳи рентгении рақамӣ, зиёда аз 40 адад дастгоҳи поксозии хун (гемодиализ), 14 адад дастгоҳ барои майда кардани санги гурда (литотриптор), 9 адад дастгоҳи рентгенӣ барои ташхиси ғадуди ширӣ (маммограф), 8 адад таҷҳизоти ташхиси нурии дилу рагҳо (ангиограф) ва 5 адад дастгоҳи ташхисиву табобатӣ дар самти бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинӣ (ЛОР-комбайн) ва дигар таҷҳизоти муосир фаъолият доранд. Ин дар ҳолест ки шумораи чунин дастгоҳу таҷҳизот дар солҳои аввали соҳибстиқлолӣ дар ҷумҳурӣ 1-2 ададро ташкил медод.
Бояд гуфт, ки танҳо давоми як соли охир азнавсозӣ, таъмиру таҷдид ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ва шарикони рушд воқеан назаррас мебошанд. Бинобар ин, мо-кормандони соҳа ба Ҳукумати кишвар, хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шарикони рушд ҷиҳати дастгирии пайвастаи соҳа изҳори сипосу миннатдории хешро иброз менамоем.
Дар ин росто, вазъи санитарию эпидемиологии мамлакатро дар давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар солҳои 2020-2021 метавон махсус қайд кард. Зеро, дар ин давра бори аввал мамлакат ба яке аз бемориҳои ниҳоят хавфнок-бемории коронавируси нави COVID-19 рӯ ба рӯ гашт. 30 апрели соли 2020 аввалин маротиба дар Тоҷикистон 15 ҳодисаи гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 расман ба қайд гирифта шуд. Албатта, ҳеҷ як кишвари олам низ аз ин беморӣ дар амон намонд ва ин сироят ба тамоми кишварҳои олам хисороти калони иқтисодӣ ва ҷонӣ ба бор овард.
Бо назадошти вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз пандемияи COVID-19 дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқоли минбаъдаи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки роҳбарии он бар зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода вогузор шуд.
Хушбахтона, Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист бо роҳбарии бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо андешидани чораҳои муҳиму саривақтӣ на танҳо шиддати паҳншавии ин бемориро коҳиш бидиҳад, балки аз талафоти зиёди ҷониву иқтисодӣ низ дар мамлакат ҷилавгирӣ намояд. Дар ин росто, қайд кардан ҷоиз аст, ки маҳз бо назардошти тадбирҳои андешидаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз охири моҳи декабри соли 2020 то 20 июни соли 2021 дар Тоҷикистон ягон ҳодисаи нави ин беморӣ ба қайд гирифта нашуд. Мутаассифона, дар пайи муташаннич гардидани вазъи бемории мазкур дар як қатор кишварҳои олам ва минтақа баъди як муддати танаффус 21 июни соли равон дар мамлакат дигарбора ин беморӣ ба қайд гирифта шуд.
Чун дар марҳилаи аввал табибони тоҷик дар самти ташхис ва пешгирии ин беморӣ таҷрибаи кофӣ ба даст оварда буданд, дар марҳилаи дуюми бақайдгирии бемории мазкур низ онҳо бо як руҳияи баланди масъулиятшиносӣ баҳри ташхис ва табобати гирифторони ин беморӣ машғуланд.
Қобили зикр аст, ки вазъи бемории коронавируси нави COVID-19 дар мамлакат муътадил ва идорашаванда мебошад.
Дар ин давра аз ҷониби шарикони рушд, хосатан Бонки ҷаҳонӣ, ЮНИСЕФ, ЮНДП, ТУТ ва дигар созмону ташкилотҳои байналмилалӣ маҳз бо назардошти ҳамкориҳои дуҷониба ба вазорат таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ кӯмак карда шуд.
Бояд гуфт, ки пандемияи COVID-19 новобаста аз хисороти бар ҷой гузошта, инчунин, ба вазъи санитарию эпидемиологии мамлакат низ таъсири мусбии хешро расонид. Зеро, бо назардошти эҳтимолияти паҳншавии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ кулли шӯъбаҳои сироятии муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз таъмири куллӣ бароварда шудаву бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардиданд.
Ҳамзамон, бо мақсади пешгирии сирояти мазкур бо ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то имрӯз дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҳукумати Тоҷикистон бо кишварҳо ва созмонҳои дӯсту бародар ба ҷумҳурӣ беш аз 4 миллион воя аз навъи ваксинаҳои “АстраЗенека”, “КоронаВак”, “Модерна” ва Спутник V» ворид гардида, имрӯзҳо беш аз 1 миллиону 700 ҳазор нафар сокинони кишвар ба ваксинатсия бар зидди бемории мазкур фаро гирифта шуданд.
Ҳамкасбони гиромӣ!
Воқеан, табибони Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба қайд гирифтани сирояти коронавируси нави COVID-19 дар мамлакат ба ҳайси як лашкари бузург бар зидди ин беморӣ мубориза бурданд ва бурда истодаанд.
Бори дигар кулли кормандони соҳаи тандурустии мамлакатро ба Рӯзи касбияшон аз самими қалб муборакбод намуда, ба хонадони ҳар кадоми онҳо файзу баракат, якдигарфаҳмиву сарҷамъӣ, хушбахтиву саодатмандӣ ва тамоми хушиҳои ҳаётро орзумандам.
Иди касбиатон хуҷаста бод, ҳамкасбони гиромӣ!
moh.tj