Марҳилаи нави рушди фарматсия дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Роҳбарияти ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино баҳри иҷрои дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти таълимиву истеҳсолии фармасевтиро рушд доданд. Реформаи системаи таҳсилоти фармасевтӣ гузаронида шуда, заминаи мусоид баҳри ба роҳ мондани истеҳсоли маводҳои доруворӣ фароҳам оварда шуда, дастгоҳҳои муосири истеҳсолӣ дастрас гардидааст. Дар асоси иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази фармасевтии донишгоҳи тиббӣ соли 2016 бунёд ёфтааст ва имрӯз аллакай марҳилаи нави рушди ин марказ оғоз гардид.
Маркази фармасевтии донишгоҳи тиббӣ – маркази таълимиву истеҳсолӣ, маркази илми фармасевтии кишвар ва даргоҳи муқаддаси фармасевтони ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, ки маҳз, аз инҷо таълиму тарбия мегиранд. Дар Марказ се кафедраи донишгоҳ: кафедраҳои технологияи фармасевтӣ, кимиёи фармасевтӣ ва заҳршиносӣ, фармаканозия ва ташкили иқтисоди фармасевтӣ фаъолияти пурсамар доранд.
Дар Маркази фармасевтии донишгоҳ фаъолияти Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии “Фарматсия” ба роҳ монда шудааст. Мақсади асосии Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «ФАРМАТСИЯ» фароҳам овардани шароит барои ташкил ва гузаронидани раванди таълиму тарбия, таҷрибаҳои таълимию истеҳсолӣ, корҳои истеҳсолӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, иттилоотӣ оид ба маводи доруворӣ ва дар сатҳи баланд омӯзонидани маҳорати касбӣ дар шароити Маркази илмию истеҳсолии соҳавӣ мебошад, ки барои тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи фарматсия ва ҷавобгӯ будани онҳо ба стандартҳои ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.
Марказ аз бинои асосӣ, саҳни бино, анбор, панҷ хату ҳуҷраҳо, толори лексионӣ, гербария, озмоишгоҳи кафедраи кимиёи фармасевтӣ ва ғайра иборат аст. Марказ дорои доскаи электронӣ, проектори мултимедиявӣ, компютерҳо, принтеру сканер, телевизор, тарозуҳои аналитикӣ, автоклав, осиёби дурушт майдакунак, осиёби ордкунанда, дастгоҳи қадоқкунандаи қоғазхалта, ширешкунандаи қуттиҳо, элаки ларзонак мебошад. Растаниҳои шифоӣ ва маҳлулҳои антисептикӣ: гули бобуна, меваи хуч, алафи чойкаҳак, донаи каду, сутунчаҳову гардгиракҳои ҷуворимакка, алафи кокутӣ, алафи лимугиёҳ, барги пудина, меваи арпободитён, алафи роҳдавак, алафи пупалоқ, маҳлули антисептикии “Лавандол”, маҳлули антисептикии “Глисеп” дар Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии “Фарматсия” истеҳсол карда мешаванд, инчунин, дорои сертификати мутобиқат мебошанд. Тавре дар боло зикр намудем, дар Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «ФАРМАТСИЯ» 5 хати истеҳсолӣ ба роҳ монда шудааст.
Хати якум, коркарди гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон мебошад ва дар он бештар аз 28 номгӯй гиёҳҳои шифобахши ватанамон, ки хусусияти биологиву кимиёвӣ ва фармакопенияи он омӯхта шудааст, коркард гардида, дар шакли маводи доругӣ пешниҳод менамояд. Дар хати коркарди гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон ҷамъоварӣ, хушккунӣ ва резакунии гиёҳҳо анҷом дода мешавад, ки ба воситаи дастгоҳҳои муосир сурат мегирад. Кормандони Марказ бо ҷалби донишҷӯён аз куҳҳои кишвар имкон доранд ҳамасола бештар аз 50 тонна гиёҳҳои шифобахшро ҷамъомаварӣ намоянд.
Хати дуюм, истеҳсоли доруҳои синтетикӣ. Дар ҳуҷраи 1-уми хати истеҳсоли доруҳои синтетикӣ марҳилаи аввали коркарди маводи хоми доруворӣ сурат мегирад. Ба воситаи дастгоҳҳои наве, ки ба Марказ ворид гардидааст, бори аввал дар фаъолияти факултети фармасевтӣ коркарди доруҳо ба роҳ монда шудааст. Бо истифодаи ин дастгоҳҳо майдакунӣ, безиш ва омехтакунии маҳсулоти хоми доругӣ анҷом дода мешавад. Тавассути дастгоҳҳо дар ҳаҷмҳои гуногун ғурашаҳо ва ё худ гранулаҳо омода карда мешаванд. Дар ҳуҷраи 2-юм хати истеҳсоли доруҳои синтетикӣ прессонидани хокаи доруворӣ ба ҳаб ва ғилофак (капсула) амалӣ мешавад. Дар ин ҳуҷра аз маводи гранула шакли ниҳоии маводи доруворӣ омода карда мешавад. Бо дастгоҳҳои муосири насбшуда гранула дар шакли ҳабҳо дар андозаҳои гуногун бо рӯйпушкун тайёр карда мешванд. Банду басти маводҳои доруворӣ дар хати истеҳсоли доруҳои синтетикӣ дар ҳуҷраи 3-юм гузаронида мешавад. Дар ин ҳуҷра дастгоҳи блистеркунӣ насб шуда, дар ҳаҷмҳои гуногун ҳабҳо ва ғилофакҳоро (капсула) дар блистерҳо банду баст менамояд. Дар ин ҷо 5 намуд маводҳои доруворӣ омода мегарданд.
Хати сеюм, истеҳсоли доругиҳо аз гиёҳҳои шифобахш. Дар ҳуҷраи озмоиши кимиёвии хати истеҳсоли доругиҳо аз гиёҳҳои шифобахш бо истифодаи дастгоҳҳои муосир хусусиятҳои кимиёвии доруҳоро то коркард ва баъди он аз санҷиш гузаронида мешавад. Кори санҷишӣ дар асоси стандартҳои озмоишӣ сурат мегирад, танҳо дар мавриди мутобиқат барои истеҳсолот ва истифодабарӣ рухсат дода мешавад. Барои кормандони кафедраи кимиёи фармасевтӣ ва заҳршиносии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино имконият фароҳам гардид, ки дар баробари машғул шудан ба корҳои озмоишиву таълимӣ, инчунин, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ баранд.
Хати чорум, истеҳсоли ғилофаки (капсула) моеъ. Дар ҳуҷраи якуми хати истеҳсоли ғилофаки моеъ ба воситаи дастгоҳҳои истеҳсолӣ маводҳои табии ватанӣ дар шакли ғилофаки моеъ ҳамчун доругӣ омода карда мешавад.
Бо истифодаи дастгоҳи капсулятор, ки истеҳсоли ҷумҳурии Белоруссия мебошад, истеҳсоли ғилофакҳои моеъ бо андозаҳои гуногун ба роҳ монда шудааст. Истеҳсоли ғилофаки моеъ бори аввар дар кишвар ба роҳ монда шуда, ин технология дар соҳаи фарматсия мавқеи хос дорад. Марказ пайваста бо мутахассисони Белоруссия ҳамкорӣ дошта, курси омӯзиши мутахассисони Марказ аз ҷониби онҳо гузаронида шудааст. Аллакай 4-5 намуд маводҳои дорувориҳо дар шакли ғилофаки (капсула) моеъ омода мегарданд. Яке аз ин маводҳо равғани сиёҳдона мебошад, ки хусусияти табобатии он тадқиқ шудааст ва маъмул ҳам ҳаст. Вале, истифода ва истеъмоли ин равған бисёр мушкил аст. Акнун, ки дар шакли ғилофак (капсула) мегардад, бениҳоят қуллай ва ба талаботи меъёрҳои фармасевтӣ ҷавобгӯ аст. Роҳбарияти донишгоҳ бо фаъолияти самараноки Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «ФАРМАТСИЯ» нақша доранд, ки дар оянда ба пуррагӣ талаботи аҳолии кишварро бо равғани сиёҳдона дар ғилофак, равғани бодом, равғани моҳӣ, равғани кунҷид таъмин намоянд. Дар ҳуҷраи дуюм хати истеҳсоли ғилофаки моеъ шустушуй ва хушккунӣ ғилофакҳо сурат мегирад.
Хати панҷум экстраксияи маводҳои дорувории ватанӣ. Ҳуҷраи якуми хати экстраксияи маводҳои дорувории ватанӣ бо дастгоҳи пурқиммат-экстрактор таъмин шудааст. Яке аз протсессҳои асосӣ ва муҳим бо дастгоҳи экстрактор иҷро карда мешавад. Ин дастгоҳ имкон медиҳад, ки ба таври автоматикӣ аз гиёҳҳои шифобахш маводҳои давобахши онро ҷудо намуда, дар шакли экстракт тайёр карда шавад. Айни замон дар марказ экстраксияи 5 гиёҳи шифобахш ба роҳ монда шудааст. Дар ҳуҷраи дуюми хати экстраксияи маводҳои дорувории ватанӣ экстракт омода карда мешавад ва ба воситаи дастгоҳҳо қисми эктракти моеъ ба экстракти сахт табдил дода мешавад. Дастгоҳи экстрактор айни замон дар ҷумҳурӣ ягона аст, ба воситаи ин экстраксияи сахти бадастомада ба хока табдил дода мешавад. Хокаи ба дастомда пас аз таҳлили кимиёвӣ дар шакли ҳаб ва ғилофак (капсула) пешниҳод мегардад. Имрӯз имконият аст, ки аз реша ва гиёҳҳои шифобахш то ба ҳаб табдил додани онро иҷро намоем. Ин як дастоварди назаррас дар соҳаи фарматсияи тоҷик ба ҳисоб меравад. Дар ҳуҷраи истеҳсоли дорухонагӣ маводҳои доруворӣ дар шароити дорухона омода карда мешавад. Дар ҳуҷраи мазкур 58 номгӯй маводи доруворӣ коркард карда мешавад.
Вазифаҳои асосии Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «ФАРМАТСИЯ». Фаъолияти таълимиву тарбиявӣ Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «ФАРМАТСИЯ» аз ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои лексионӣ, амалӣ, корҳои лабораторӣ, ба роҳ мондани ташкили дурусти дарсҳои лексионӣ ва амалӣ бо усулҳои нави интерактивӣ ва дигар намудҳои машғулиятҳои таълимӣ тибқи нақшаҳои таълимии донишгоҳ, ташкили курсҳои бозомӯзии баъдидипломии ихтисосмандони соҳаи фарматсия, фароҳам овардани шароит барои таъмини ҷараёни таълимию педагогӣ бо истифодаи шаклҳои нави усулҳои таълим, дастовардҳои илм ва амалияи тибб ва фарматсия, таъмин намудани самаранокии баланди раванди таълим, ташкил кардан ва гузаронидани корҳои таълимӣ-истеҳсолӣ, таҷрибаомӯзи ва иҷрои корҳои дипломӣ, тайёр намудани эксперт – маълумотдиҳанда оид ба маводи доруворӣ, ташкил ва гузаронидани барномаҳои омӯзишӣ, семинарҳо ва лексияҳо барои донишҷӯёну устодони муассисаҳои олию миёнаи тиббӣ ва гурӯҳҳои мухталифи кормандони соҳаи тандурустӣ, ташкил ва ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ дар байни донишҷӯён оид ба ҳисси баланди миллӣ ва ватандустӣ иборат мебошад.
Фаъолияти илмӣ Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «ФАРМАТСИЯ» аз ташкили корҳои илмӣ–тадқиқотӣ ва назорати иҷроиши онҳо, созмон додани чорабиниҳои илмӣ (конференсияҳои илмӣ, симпозиум, мизи муддавар, семинарҳо, ва вохӯриҳо бо собиқадорони соҳаи фарматсия), ба роҳ мондани корҳои илмӣ – тадқиқотии комплексӣ, тайёр кардани кадрҳои илмию педагогӣ тавассути аспирантура, унвонҷӯй ва докторантура, ба роҳ мондани фаъолияти ҷамъиятии илмии донишҷӯён, фароҳам овардани шароит барои кафедраҳои тахассусии фарматсевтӣ оиди гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, коркарди роҳҳои нави хизматрасонии фарматсевтӣ ва дар асоси ашъёи хоми маҳаллӣ (рустанӣ, ҳайвонот, ашъёи мансуби минералҳо ва ғайра), коркарди доруҳои нав ва маводи парафарматсевтиро ба роҳ монда, аз рӯи чунин фаъолият тайёр намудани мутахассисони ҷавон ва баланд бардоштани малакаи мутахассисони илмӣ ва илмӣ-педагогӣ, фаъолона иштирок кардан дар конференсияҳои илмӣ– амалии донишгоҳӣ, интишор ва тақсимоти нашрияҳои даврӣ, ҳамкорӣ ҷиҳати ҷорӣ намудани сиёсати миллӣ оид ба доруворӣ, ҷорӣ намудани консепсияи истифодаи самараноки маводи доруворӣ тавассути ташаккул ва пурзӯр намудани системаи маълумоти собитшуда оид ба маводи доруворӣ, кӯмак дар таҳия ва татбиқ намудани сиёсати миллӣ оид ба доруворӣ дар раванди маълумотноккунӣ ҷиҳати ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои касбии кормандони тиббӣ, ташкилотҳои давлатӣ ва байналмилалӣ, муассисаҳо ва экспертҳо, дар мувофиқа бо раёсати Донишгоҳ ташкил ва гузаронидани конференсияҳои илмӣ-амалӣ, семинарҳо, курсҳои омӯзишӣ барои донишҷӯён ва устодони донишгоҳ ва гурӯҳҳои мухталифи кормандони соҳаи тандурустӣ бо мақсади истифодаи самараноки маводи доруворӣ, пешниҳоди иттилооти собитшуда ва воқеӣ барои ташаккул ва аз нав дида баромадани меъёру ҳуҷҷатҳои асосӣ баҳри оқилона ва самаранок истифодабарии маводҳои доруворӣ (феҳрастҳо, стандартҳо, дастурамалҳо) дар ҳамкорӣ бо шуъбаҳои дахлдори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешбурди як қатор самтҳои фаъолиятҳои парки технологии МДТ “ДДТТ Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” иборат аст.
Яке аз ҳадафҳои дигари Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «ФАРМАТСИЯ» ба роҳ мондани фаъолияти таҷрибавӣ мебошад, ки дар заминаи он ба аҳолӣ расонидани ёрии баландихтисоси машваратии фарматсевтӣ, гузаронидани чорабиниҳо оиди профилактикӣ худтабобаткунӣ бо маводҳои доруворӣ, тайёр намудани маводҳои доруворӣ (хокаҳо, дамоба, обҷӯш, равғанак, марҳамҳо, маҳлулҳо барои истифодаи дарунӣ ва берунӣ, маводҳои дорувории тазриқкардашуда ва ғайра) аз рӯи дархостҳои табибон ва навиштаҷотҳои расмишуда, назорати ҷараёни таҷрибаҳои таълимию истеҳсолии донишҷӯён, тайёр кардан ва баланд бардоштани сатҳи тахассуси кормандони Марказ, тайёр намудани ассистентҳои кафедраҳо ва кормандони Марказ барои гузаштан аз аттестасия ва гирифтани дараҷаи тахассусӣ, ташкили ҷамъоварии растаниҳои шифогӣ тибқи дастурҳои меъёрии вуҷуддошта, хушконидан, таҳлили сифат ва коркарди онҳо амалӣ карда мешавад.
Истеҳсоли маводҳои доруворӣ аз ашёҳои рустанигии ватанӣ дар шаклҳои гуногун (ҳаб, марҳам, маҷмӯи растаниҳо, шамъча, қиём, ғилофак, маҳлул ва ғайра), коркарди маводҳои нави доруворӣ, бастани шартнома бо муассисаҳои давлатӣ ва хусусии соҳаи фарматсияи ватанӣ ва хориҷӣ оид ба воридот ва содироти маводҳои доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ фаъолияти истеҳсолӣ ва гардиши маводҳои доруворӣ ва таҷҳизотҳои тиббии Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «ФАРМАТСИЯ» -ро ташкил медиҳанд.
Валиев Давлатёр
рӯзноманигор