Саломатии миллат боигарии давлат аст!


Саломатии миллат боигарии давлат аст!

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино зиёда аз 80 сол мешавад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. Мавриди қайд аст, ки таъсисёбии он яке аз саҳифаҳои дурахшони таърихи ҷумҳурӣ, ташаккул ва рушди илми тиб, таҳсилоти олии касбӣ ва ҳифзи тандурустӣ мебошад. Қисми бештари дастовардҳои соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ ба фаъолияти ин махзани илму дониш робитаи ногусастанӣ дорад.

Маҳз, дар солҳои соҳибистиқлолӣ баҳри беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, рушди системаи сиёсати идоракунии соҳаи тандурустӣ, беҳбудии захираҳои кадрии тиббӣ, такмили ҷараёни таҳсилоти тиббӣ ва илми тиб, тақвият бахшидан ба устувории заминаи моддию техникии муассисаҳои тиббӣ корҳои хеле назаррас ба анҷом расонида шудаанд.

Фаъолияти ташхисию табобатӣ ва сарпарастию машваратӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба ҳисоб меравад ва он ба воситаи  расонидани кӯмаки ихтисосии муолиҷавию профилактикӣ ба аҳолӣ, ёрии сарпарастӣ-машваратӣ ба муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ,  дар байни аҳолӣ таблиғ кардани донишҳои илмии тиббӣ, санитарӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии онҳо амалӣ мегардад.

Пойгоҳҳои клиникии кафедраҳоро муассисаҳои табобатию профилактикии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ташкил медиҳанд. Дар мавриди ба инобат гирифтани ҳамаи пойгоҳҳои клиникии асосӣ ва иловагии кафедраҳо, ки дар онҳо донишҷӯён ва муҳассилини баъдидипломӣ таҳсил менамоянд, кафедраҳои клиникии донишгоҳ дар 74 муассисаҳои табобатию профилактикии давлатӣ ва хусусӣ ҷойгир мебошанд. Ҳамкорӣ бо пойгоҳҳои клиникӣ дар доираи Низомномаи муассисаи клиникии табобатию профилактикӣ ва Шартнома оид ба ҳамкорӣ байни донишгоҳ ва муассисаҳои табобатию профилактикӣ амалӣ мегардад. Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии  Тоҷикистон “Шифобахш”, Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”, Маркази тиббии шаҳрии №2 ба номи академик Тоҷиев К.Т. ва Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи К. Ахмедов аз ҷумлаи пойгоҳҳои клиникии бузургу мукаммали донишгоҳ ба ҳисоб мераванд.  Иқтидори моддию техникӣ ва кадрии пойгоҳҳои клиникӣ имкон медиҳад, ки дар онҳо дарсҳои амалӣ ва таҷрибаомӯзии донишҷуён, табиб-интернаҳо, ординаторони клиникӣ, аспирантҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шаванд. Ҳайати устодону профессорони кафедраҳои клиникӣ дар ташхису табобат ва машварати беморони пойгоҳҳои клиникӣ иштирок менамоянд ва саҳми худро дар барқарорсозии солимии аҳолии ҷумҳурӣ мегузоранд.

Солҳои охир устодони кафедраҳои клиникии донишгоҳ усулҳои мухталифи ташхису табобатии муосирро дар амалияи тиббӣ ҷорӣ намуданд, ки реплантатсияи узву бофтаҳо, трансплантатсияи гурдаҳо ва ҷигар, табобати беморони ишемиявии дил, бемориҳои ортопедӣ ва амрози ҷигар бо истифода аз ҳуҷайраҳои бунёдӣ, трансплантатсияи мӯйҳо, эндопротезонии буғумҳо ва амалиётҳои ҷарроҳии метаболитикӣ мисоли гуфтаҳои болоӣ мебошанд. Худи донишгоҳ низ дорои 2 маркази клиникӣ мебошад, ки ин Маркази таълимӣ, илмӣ ва клиникии «Стоматология» ва Маркази ташхисию табобатӣ. Маркази таълимӣ, илмӣ ва клиникии «Стоматология» аз соли 2007 ҳамчун зерсохтори таълимию клиникии донишгоҳ фаъолият менамояд. Дар Маркази таълимӣ, илмӣ ва клиникии «Стоматология»-и донишгоҳ дар қатори тадрис ба донишҷӯён, инчунин, кӯмаки баландихтисоси стоматологӣ ба аҳолӣ расонида мешавад. Марказ пойгоҳи клиникии 4 кафедраи тахассусӣ – стоматологияи ортопедӣ, муолиҷавӣ, ҷарроҳии ҷоғу рӯй, стоматологияи кӯдакона ва ортодонтия мебошад. Қайд кардан бамаврид аст, ки соли гузашта бо ибтикори роҳбарияти донишгоҳ Маркази таълимӣ, илмӣ ва клиникии «Стоматология» аз таъмири капиталӣ бароварда шуд. Утоқҳои ташхисию табобатӣ дар ошёнаи якум ва ҳуҷраҳои дарсӣ якҷоя бо хуҷраҳои корӣ дар ошёнаи дуюм ҷой дода шуданд. Марказ бо дастгоҳҳои муосири ташхисию табобатии стоматологӣ таъмин карда шудааст, яъне, шароити мусоид барои корҳои ташхисию табобатӣ ва таълимию илмӣ фароҳам оварда шудааст. Дар соли 2020 дар доираи Лоиҳаи рушди таҳсилоти олӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази таълимӣ, илмӣ ва клиникии «Стоматология»  бо 9 адад дастгоҳи муосири стоматологӣ ва 1 адад визиограф таъмин карда шуд, ки дар айни замон дар Марказ 28 дастгоҳи стоматологӣ дар ҳолат корӣ қарор доранд.

Маркази ташхисию табобатӣ аз ҷумлаи зерсохторҳои клиникии донишгоҳ ба ҳисоб меравад, ки он дар заминаи дармонгоҳи донишҷуён соли 2008 таъсис ёфтааст. Фаъолияти Маркази ташхисию табобатӣ ба пешгирии бемориҳо дар байни донишҷӯён ва кормандон, табобати донишҷӯён ва кормандони бемор, ашхоси ниёзманд равона карда шудааст. Ҳамчунин, маркази зикрёфта пойгоҳи клиникии кафедраҳои амалияи ҷарроҳӣ ва анатомияи топографӣ мебошад. Маркази ташхисию табобатӣ аз дармонгоҳ, шуъбаи ҷарроҳии дорои  30 кат ва ҳуҷраҳои ташхисию табобатӣ иборат мебошад. Тайи солҳои охир пойгоҳи моддию техникии Маркази ташхисию табобатӣ хеле мукаммал гашта истодааст. Аз ҷумла, дар соли 2021  таъмири капиталӣ ва бозсозии ошёнаи якуми Марказ гузаронида шуд, ки он ҷо утоқи ташхиси рентгенӣ, озмоишгоҳи муосир ва ҳуҷраи ташхиси ултрасадоӣ ба фаъолият шуруъ намуд. Дар ин раванд аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд таҷҳизоту дастгоҳҳои муосири ташхисию табобатӣ ба Маркази ташхисию табобатӣ (дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, катҳои функсионалӣ, чароғҳои бесоя, кашиши барқӣ, оксигенератор, дастгоҳи ташхиси ултрасадоӣ ва ғ.) ворид карда шуданд, ки имрӯз самаранок истифода мешаванд. Ҳамчунин, баъди ба анҷом расидани таъмир ва бозсозии ҳуҷраи ташхиси рентгенӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази ташхисию табобатии донишгоҳ бо дастгоҳи рентгении муосири рақамӣ таъмин карда шуд. 

«Саломатии миллат боигарии давлат аст». Ҳамин аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи тандурустии шаҳрвандон диққати аввалиндараҷа зоҳир гардида, пайваста тадбирҳо андешида мешавад. Бо мақсади табобати бемории фарбеҳӣ дар мамлакат “Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024” қабул гардида, ҷиҳати амалӣ гардидани он табибон ба омӯзишу таҳқиқ ва роҳҳои пешгирии бемории фарбеҳӣ ҷалб шудаанд. Ҳадафи асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ки омода намудани мутахассисони касбӣ ва дарёфти роҳҳои пешгириву табобати бемориҳо бо назардошти тиҳқиқоти асосноки илмӣ мебошад, ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои “Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024”  дар донишгоҳ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ шудааст. Ҳамчунин, дар доираи барномаи мазкур лоиҳаи илмӣ дар мавзӯи “Алоими метаболитикӣ: оптимизатсия, пешгирӣ, ташхис ва табобати маҷмуии он” таҳия карда шуд, ки муҳлати иҷрои он солҳои 2022-2026-ро дарбар мегирад. Барои расидан ба натиҷаҳои дилхоҳ дар ин самт бо ибтикори Раёсати донишгоҳ барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани корҳои илмию тадқиқотӣ ва ташхисию табобатӣ нахустин маротиба дар ҷумҳурӣ усули тадқиқотии муосир биоимпедансиметрия бо истифода аз таҷҳизоти МЕДАСС дар Маркази ташхисию табобатии донишгоҳ ба роҳ монда шудааст.

Донишгоҳ дар ҳамаи давраҳои фаъолияти худ дар қатори таъмини ҷараёни таҳсилоти тодипломии олии тиббӣ, инчунин, дар тайёр намудани  табибон ва кадрҳои илмию педагогӣ тавассути интернатура, ординатураи клиникӣ, магистратура, аспирантура ва докторантура, баланд бардоштани сатҳи дониши назариявию амалии табибон дар курсҳои бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисос нақши босазо дорад. Бо ин мақсад соли 2010 дар сохтори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ таъсис дода шуд. Соли 2015 дар заминаи Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ ва бахшҳои интернатура ва ординатураи клиникии шуъбаи муолиҷавӣ Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ ташкил гардид, ки айни замон он фаъолият менамояд. Дар Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ такмили ихтисоси табибон аз рӯи 176 барнома ва бозомӯзии касбӣ аз рӯи 21 барнома, ҳамагӣ аз рӯи 195 барномаи тасдиқшуда амалӣ мегардад.     

Валиев Давлатёр

рӯзноманигор


18.08.2021 397

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php