Татбиқи Стратеяи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ, пешрафту тараққиёт, бунёдкориву созандагӣ, ташаббусҳои башардӯстона ва ба ин васила ҷиҳати таъмини шароити зиндагии арзанда ба аҳолии амалакат қадамҳои устувор мегузорад. Тарҳрезӣ шудани санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, консепсия ва стратегияҳои миллии рушд ба амалӣ гардидани нияту нақшаҳои нек ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зинадгии мардум амалӣ гардидаанд ва ин раванд бомаром идома дорад. Стратеяи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба тозагӣ рӯи кор омада, дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва мутобиқи ҳадафҳои дарозмуддат ва афзалиятҳои рушди кишвар таҳия гардидааст. Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо назардошти тағйироти солҳои охир, ки дар кишвар ва ҷаҳон ба амал омадаанд, бахусус таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодии солҳои 2007-2009 ва паёмадҳои он ба иқтисодиёти кишвар, тартиб дода шудааст. Ҳамчунин, дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 самтҳои рушди кишвар мушаххас карда шудаанд, ки дар Консепсияи гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди устувор муайян гаштаанд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Рӯзномаи асри 21 ва Ҳадафҳои рушди устуворро, ки дар ҷаласаи 70-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид моҳи сентябри 2015 тасдиқ шудаанд, ба инобат мегирад. Бояд гуфт, ки Ҳадафҳои рушди устувор диққати асосиро ба консепсияи рушди устувори инсон равона месозад. Бинобар ин, пурра аз байн бурдани камбизоатӣ, ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ бо мақсади рушди иқтисодию иҷтимоӣ вазифаҳои асосӣ ва шартҳои ҳаётан муҳими рушди устувори инсон маҳсуб меёбанд. Ба гуфтаи масъулон машваратҳои миллӣ аз рӯи рӯзномаи Ҳадафҳои рушди устувор гузаронидашуда имкон доданд, то ки афзалиятҳои асосии рушди Тоҷикистон баъди соли 2015, ки ба татбиқи онҳо идеологияи иқтисодӣ, принсипҳои заминавӣ ва маҷмӯи тадбирҳои дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 инъикосёфта равона гардидаанд, муайян карда шаванд.
Барои татбиқи Стратегияи миллии рушд то соли 2030 ҳудуди 118 миллиарду 100 миллион доллари амрикоӣ зарур аст. Ҳамчунин, таъкид мегардад, ки дар доираи ин Стратегия вобастагии иқтисодӣ аз омилҳои беруна коҳиш ёфта, амнияти энергетикӣ комилан таъмин мегардад. Ба гуфтаи масъулон дар доираи Стратегия раҳоии пурра аз бунбасти коммуникатсионӣ, коҳиши нобаробариҳо ва беҳбуди сифати зиндагии мардум пешбинӣ шудааст. Дар чаҳорчуби Стратегия дар назар аст, ки ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ сари ҳар сокини кишвар ду баробар зиёд шавад. Истеҳсоли саноатӣ 4,5 баробар афзоиш ёбад. Тоҷикистон аз кишвари аграрӣ ба индустриалӣ - аграрӣ табдил гардад. Чунки барои амалӣ гардидани ин ҳадафҳо дар мамлакат тамоми имконот мавҷуд мебошад.
Бояд гуфт, ки ин дуюмин стратегияи дарозмуддати рушди Тоҷикистон буда, дар он ҳадафҳо, захираҳои мавҷуда, коҳиши таъсири омилҳои беруна ба рушди кишвар, инчунин, муҳайё намудани зиндагии шоистаи мардум пешбинӣ гардидааст. Барои татбиқи ин ҳадафҳо чанд омил: рушди неруи инсонӣ, рақобатпазирии бахши иқтисод бо сатҳу сифати баланд, саҳми саноат дар рушди Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, аз кишвари аграрӣ ба индустриалӣ - аграрӣ табдил додани Тоҷикистон, қариб се баробар, яъне, аз 17 то 45 миллиард киловатт соат боло бурдани иқтидори энергетикии ҷумҳурӣ нақши муҳим мебозанд. Маълумотнок кардани аҳолӣ, боло бурдани сатҳи дарозумрӣ, кам кардани шумораи фавти модару кӯдак, таъсиси ҷойҳои корӣ ва бо шуғл фаро гирифтани мардум, устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои рушди микро ва макроиқтисодии кишвар, аз омилҳои дигари татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 арзёбӣ мегардад. Коршиносон бар он назаранд, ки барои татбиқи Стратегияи миллии рушд ва таъмини зиндагии шоистаи мардум то соли 2030 бояд дар тамоми соҳаҳо ислоҳоти ҷиддӣ гузаронда шавад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар самти бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид. Аз нигоҳи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ин дастовардҳо равшану возеҳ буда, асосан ба туфайли иродаи сиёсӣ ва устувори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд. Аммо, асри 21 бо шароитҳои берунаи босуръат тағйирёбандаи рушд, ба мардуми мо вазифаҳои нав ва то андозае фарогиранда пеш мегузорад, ки ҳалли онҳо барои муттаҳид намудани ҷомеа, ҳифзи асолати миллат ва ноилшавӣ ба пешрафти васеъ хеле муҳим мебошад.
Ҳар як фарди худшинос бояд дарк намояд, ки заминаи ҳувияти миллии мо аз чунин арзишҳо ба монанди эҳтироми тарафайн, ахлоқи ҳамида, адолат, таҳаммулпазирӣ ва беғаразӣ иборат аст. Танҳо ягонагии миллат, нигоҳдорӣ ва таҳкимдиҳии тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқиву иқтисодӣ метавонад бораи наслҳои оянда сарвати миллии кишварро нигоҳ дорад, боварӣ ба ояндаро таъмин созад ва онҳоро ҳамчун шаҳрвандони сазори Ватани худ тарбия кунад. Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки дар асоси принсипҳои мазкур таҳия шудааст, роҳу равиши пешрафти кишварро то соли 2030 муайян хоҳад кард ва тибқи он Тоҷикистон аз кишвари рӯ ба рушд ба кишвари дар ҳоли рушд табдил хоҳад ёфт.
Валиев Давлатёр
рӯзноманигор