БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ИТТИЛООТНОКИИ АҲОЛӢ-МУСОИДАТ БА ПЕШГИРИИ БЕМОРӢ!
Вобаста ба Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат ба вируси КОВИД-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти самараноки ҳамбастагӣ бо ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ дар мавзӯи “Пешгирии бемории COVID-19, бемориҳои сирояти шадиди рӯда, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, бурдани тарзи ҳаёти солим ва муҳимияти иммунизатсия бар зидди бемории COVID-19” дар МД ”Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Дар семинар тренерони миллӣ аз МД “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”, намояндагони соҳаи тандурустӣ ва маориф иштирок намуданд.
Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур дар шароити пандемияи сирояти COVID-19 ин баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ вобаста ба хатар ва пешгирии бемории COVID-19, бемориҳои сирояти шадиди руда, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, бурдани тарзи ҳаёти солим ва муҳимияти иммунизатсия бар зидди бемории COVID-19, паст намудани сатҳи беморшавӣ ва пешгирии фавти аҳолӣ мебошад. Иттилооти возеҳ ва муфассал оид ба амалҳои кормандони марказҳои саломатии деҳот, омӯзгорони мактабҳо, фаъолони ҷомеа ва хонандагон дар мактаб ин вобаста ба риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, пешгирии бемории COVID-19, бурдани тарзи ҳаёти солим ва муҳимияти иммунизатсия бар зидди бемории COVID-19 мебошад.
Марҳилаи дигари чорабиниҳо дар сатҳи ноҳиявӣ гузаронидани машғулиятҳои омӯзишӣ барои кормандони тибби муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ мебошад. Чунин омӯзишҳо аллакай дар 13 ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ гузаронида шуданд. Дар рӯзҳои баргузории семинар 130 нафар кормандони тиб ва 130 нафар омӯзгорон оид ба мавзӯи мазкур омӯзонида шуданд.
Ҳадаф аз ин чорабиниҳо омода намудани ихтиёриён аз ҳисоби кормандони тиб ва омӯзгорон барои паҳн намудани маълумот доир ба пешгирии бемории COVID-19, бемориҳои сирояти шадиди руда, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, бурдани тарзи ҳаёти солим ва муҳимияти иммунизатсия бар зидди бемории COVID-19 дар байни аҳолӣ мебошад. Чунин машғулиятҳои омӯзишӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ пешбинӣ шудааст.
Moh.tj