Самаранокии ваксина дар шароити назоратшаванда ва сатҳи муҳофизат


Самаранокии ваксина дар шароити назоратшаванда ва сатҳи муҳофизат

Ин мавод дар доираи силсилаи мақолаҳои СУТ "Ҳама дар бораи ваксинаҳо"  бахшида ба ҷанбаҳои гуногуни таҳия ва истифодаи ваксина нашр шудааст. Дар ин силсилаи нашрҳои СУТ шумо дар бораи чӣ гуна кор кардани ваксинаҳо, чӣ гуна сохта шудани онҳо ва чӣ тавр бехатару одилона тақсим карда шуданашон, мефаҳмед.

Исбот шудааст, ки ваксинаҳои COVID-19 бехатар, муассир ва наҷотбахши ҳаёт мебошанд. Ба монанди ҳама гуна ваксинаҳои дигар, онҳо муҳофизати комилро кафолат намедиҳанд ва то ҳол маълум нест, ки онҳо то чӣ андоза дар интиқоли вирус аз ҷониби шахсони эмгузаронидашуда ба дигарон пешгирӣ мекунанд. Аз ин рӯ, барои мубориза бо пандемия ба ғайр аз эмкунӣ, мо бояд риояи дигар чораҳои пешгирикунандаро идома диҳем.

Самаранокии ваксина дар шароитҳои назоратшаванда ва воқеӣ

Ҳама ваксинаҳои зидди COVID-19, ки аз ҷониби СУТ барои истифода дар ҳолатҳои фавқулодда тасдиқ шудаанд, аз озмоишҳои  клиникӣ гузашта,  сифат, бехатарӣ ва самаранокии онҳо тасдиқ шудааст. Барои гирифтани иҷозат, ваксина бояд дар озмоишҳои назоратшаванда ҳадди аққал 50% сатҳи самаранокиро нишон диҳад. Пас аз тасдиқ шудан, бехатарӣ ва самаранокии ваксинаҳо пайваста назорат карда мешаванд. Аммо фарқи байни самаранокӣ дар муҳитҳои назоратшаванда ва воқеӣ дар чист?

Самаранокии ваксина дар як озмоиши клиникии назоратшаванда бо муқоисаи шумораи одамоне, ки ваксина гирифтаанд ва ба истилоҳ "натиҷаро (одатан беморӣ) дидаанд бо шумораи одамоне, ки плацебо (ваксинаи сохта) гирифтаанду ҳамон натиҷаро дидаанд, чен карда мешавад. Дар охири таҳқиқот шумораи ҳодисаҳои ҳарду гурӯҳ муқоиса карда шуда, хавфи нисбии беморӣ дар ҳар ду сурат ҳисоб карда мешавад. Ин ба мо самаранокии ваксинаро дар шароити назоратшаванда ва то чӣ андоза коҳиш додани хатари бемориро нишон медиҳад. Агар дар гурӯҳи эмгузаронидашуда нисбат ба гурӯҳи плацебо шумораи камтари одамон бемор шаванд, ин ба  самаранокии ваксина далолат мекунад. Масалан, фарз кунед, ки мо ваксинаи сатҳи самаранокиаш 80%-ро дорем. Ин маънии онро дорад, ки дар байни иштирокчиёни озмоиши клиникӣ, онҳое, ки ваксина гирифтанд, нисбат ба онҳое, ки плацебо гирифтанд, 80% камтар хатари беморшавӣ доштанд ва ин нишондиҳанда бо роҳи муқоисаи шумораи ҳолатҳои беморӣ дар гурӯҳҳои зерин ҳисоб карда мешавад. Аммо ин нишондод маънои онро надорад, ки 20% гурӯҳи эмкардашудагон албатта бемор мешаванд.

Дар озмоишҳои клиникӣ гуруҳи васеи одамони синну сол, ҷинс ва қавмҳои гуногун, инчунин нафарони гирифтори бемориҳои музмин иштирок мекунанд, вале ин  барои тамоми аҳолӣ намуна буда наметавонад. Дар муҳити озмоишии клиникӣ, самаранокии маводи доруворӣ  дар робита бо натиҷаҳои муайян баҳо дода мешавад. Дар шароити воқеӣ бошад, тариқи эмгузаронӣ ҳифз намудани саломатии аҳолӣ, муайян карда мешавад. Натиҷаи самаранокӣ дар шароити воқеӣ метавонад аз нишондиҳандаи самаранокии дар шароити назоратшаванда фарқ кунад, зеро пешгӯӣ кардан, ки эмгузаронӣ дар байни аҳолии нисбатан васеътар чӣ андоза самаранок хоҳад буд, ғайриимкон аст.

Сатҳ ва суръати ташаккули иммунитет

Ваксина иммунитетро  қавӣ месозад, аммо ин замон мехоҳад. Барои ба даст овардани муҳофизати пурра, бояд вояҳои ҳатмии ваксина гузаронида шаванд. Зеро ҳангоми истифодаи ваксинаҳои дукомпонентдор, як вояи он муҳофизатро қисман  таъмин мекунад, аз ин рӯ барои баланд бардоштани иммунитет вояи дуюми ваксина лозим аст. Ташаккулёбии ҳадди ҳарчӣ баландтари аксуламали иммунӣ пас аз ваксинаи дуюм мӯҳлати муайян - якчанд ҳафтаро лозим дорад.  Дар сурати истифодаи ваксинаи як ҷузъӣ, ҳадди максималии иммунитет чанд ҳафта пас аз эмкунӣ ташаккул меёбад.

Муҳофизати ваксина ва хатари сироят

Ваксина аксарияти эмкардашудагонро аз COVID-19 ҳифз мекунанд, аммо на ҳамаро. Ҳатто дар сурати ваксинатсияи пурра ва пас аз чанд ҳафтае, ки барои ташаккули иммунитети қавӣ зарур аст, эҳтимолияти сироятёбӣ боқӣ мемонад. Ваксинаҳо инсонро аз сироятёбӣ 100%  ҳифз карда наметавонад, аз ин рӯ, баъзан, сарфи назар аз ҷараёни пурраи ваксина, ҳолатҳои сироятёбӣ бо вирус рух медиҳанд. Нафарони эмкардашуда дар сурати сироятёбӣ, одатан нишонаҳои сабуки бемориро доранд ва дар маҷмӯъ, теъдоди хеле камашон ба таври ҷиддӣ бемор мешаванд ва ё аз сироят мефавтанд.

Муҳофизат тавассути эмкунӣ ва хатари интиқоли сироят

Эмгузаронӣ бар зидди COVID -19 - муҳимтарин воситаи мубориза бо пандемия буда, одамонро аз бемориҳои вазнин ва марг ҳифз менамояд, аммо сатҳи ин муҳофизат начандон баланд аст. Барои аниқ намудани сатҳи муҳофизати ваксина аз сироятёбӣ  ва интиқоли сироят маълумоти бештаре лозим аст.

Пас аз эмкунӣ, чораҳои эҳтиётӣ ва пешгирӣ, ба монанди фосилаи иҷтимоӣ, пӯшидани ниқоб, шустани дастҳо бо собун, аз ҷойҳои серодам канораҷӯӣ кардан,  одоби нафаскашӣ (пӯшидани даҳону бинии худ ҳангоми сулфидан бо оринҷ ё дастмолҳои яккарата) ва зуд-зуд тоза кардани ҳавои хонаро бояд риоя кард. Дар ҳолати худро бад ҳис кардан, бояд аз озмоиш гузашт, агарчанде  бо ҳарду вояи ваксина эм гузаронида шуда бошед ҳам. Тавсияҳои мақомоти маҳаллии тандурустӣ  ва чораҳои пешгирикунандаро риоя намоед!

Муҳофизат тавассути ваксина ва вариантҳои нави вирус

Дар шароити афзоиши вирус ва суръатёбии паҳншавии он пайдоиши  вариантҳои наву хатарнок, ки ба осонӣ байни одамон интиқол дода мешаванд ва ё боиси бемории ҷиддитар мегарданд, эҳтимоли зиёд дорад.

Дар асоси маълумоти то имрӯз мавҷудбуда, ваксинаҳо муассир ва самаранок  будани худро бар зидди вариантҳои маълуми вирус хусусан, дар пешгирии бемориҳои вазнин нишон медиҳанд.

СУТ пайваста дар пайи баррасии маълумоти нав буда, ҳангоми дастрас гаштани он тавсияҳои худро низ нав мекунад. Дар бораи вариантҳои нави COVID-19, дар хулосаҳои ҳарҳафтавори эпидемиологии СУТ ва дар маводи тавзеҳии "Вариантҳои вирус ва таъсири онҳо ба ваксинаҳои зидди COVID-19" маълумот пайдо кардан мумкин аст.

Яке аз роҳҳои беҳтарини муҳофизат аз вариантҳои нави вирус идома додани риояи қоидаҳои пешгирикунандаи санитарию гигиенӣ ва васеъ намудани доираи  эмкардашудагон мебошад.

СУТ

тарҷумаи Муҳидинова М.


14.08.2021 317

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php