Кадом вақт вояи сеюми ваксина лозим шуда метавонад
Эмгузаронии зидди COVID-19 ҳоло ҳам мавзӯи доғ аст. "RG" - ҳафта саволҳои мубрами хонандагонро гирд овардааст, ки коршинос, сардухтури шӯъбаи дуюми ташхиси клиникаи Medicina (Клиникаи Академик Ройтберг) Максим Терский ба онҳо ҷавоб додааст.
- Ман мехостам, ки бо Sputnik Light эм карда шавам, аммо ин хоҳиши маро рад карданд . Гуфтанд, ки вобаста ба синну солам ин имконнопазир аст, зеро ман 70 сол дорам. Ба ман Sputnik V-ро пешниҳод карданд. Ман намефаҳмам: онҳо мегӯянд, ки Sputnik Light ҳамон ваксинаест, ки вояи аввали Sputnik V аст. Аз ин бармеояд, ки вобаста ба синну сол гирифтани як вояи он мумкин нест, аммо дутоаш имконпазир аст? Метавонед шарҳ диҳед.
- Дар пиронсолӣ, аксаран реактивии системаи масуният коҳиш меёбад. Аз ин рӯ, барои ба даст овардани самараи дилхоҳ беҳтар аст, ки курси пурраи ваксина анҷом дода шавад. Дастурамали ваксина нишон медиҳад, ки Sputnik Light барои пешгирии сирояти нави коронавирус дар нафарони аз 18 то 60 сола пешбинӣ шудааст. Аммо Sputnik V - барои синну соли аз 18 сола ва калонтар, - шарҳ медиҳад Максим Терский.
- Бино ба гуфтаи СУТ мегӯяд, ки эмгузаронии такрорӣ ҳанӯз лозим нест. Аммо тавсияҳои Вазорати тандурустии Россия дигаранд - онҳое, ки зиёда аз шаш моҳ пеш эм карда шуда буданд, бояд аз нав эм карда шаванд. Ҳамзамон, комилан возеҳ нест, ки акнун ҳар шаш моҳ эм кардан лозим мешавад ё ин ки пас аз як сол?
- Дар ҳақиқат, раҳбари СУТ Тедрос Гебрейсус чанде пеш гуфт, ки алҳол реваксинатсия лозим нест. Беҳтараш ба кишварҳои сеюм, ки дар эмгузаронии аввал қафо мондаанд, миқдори зиёди ваксинаҳои зиддиковидӣ фиристода шавад. Инчунин дар изҳороти FDA (Food and Drug Administration - Маъмурияти ғизо ва маводи мухаддир) гуфта шудааст, ки дар айни замон реваксинатсия тавсия дода намешавад. Ҳамзамон, FDA имконпазирии реваксинатсия ва он муфид будани онро рад намекунад. Аммо тибқи омори Иёлоти Муттаҳида ба афроде, ки қаблан эм карда шуда буданд ва ё бемориро аз сар гузаронидаанд, дар сурати дубора сироят ёфтан, бемории вазнин ва марг хатар надорад. Аз ин рӯ, дубора эм кардани онҳо ҳоҷат надорад, - изҳор доштааст Максим Терский.
- Дар баъзе одамон ҳатто пас аз ваксинаи дуюм ҳам антитело инкишоф намеёбад. Мавқеи Вазорати тандурустии Русия фарқ кунад ҳам, аммо мухолифи гуфтаҳои СУТ ва FDA нест.
Дар ҳолати мураккаби эпидемиологӣ, бояд дар шаш моҳ як маротиба ревакцинация гузаронида шавад. Дар ҳолате, ки иммунитети оммавӣ ба даст оварда мешавад (80% аҳолии калонсол муҳофизат хоҳанд дошт), дар 12 моҳ як маротиба эм гузаронидан мумкин аст. Яъне, вақте ки эпидемия ба охир мерасад, ба монанди пешгирии зуком, ваксинаро дар як сол як маротиба гузаронидан мумкин аст.
Баъзе табибон тавсия медиҳанд, ки беморони ба COVID-19 гирифторшуда, пас аз беморхона баромадан дарҳол, эм карда шаванд. Пас ин ҳамон реваксинатсия аст - охир, пас аз беморӣ, шахс антителоҳои муҳофизатиро нигоҳ медорад. Шояд шифоёфтагон, набояд шитоб кунанд?
Ба ин суол Максим Терский посух додааст, ки пас аз хориҷ шудан аз беморхона, ваксина гирифтан воқеан тавсия дода мешавад. Дар айни ҳол, ман ҳеҷ гуна сабаберо барои эмгузаронидани ин нафарон намебинам, зеро онҳо сатҳи баланди антителоҳои RBD доранд (он бо озмоиши миқдорӣ нишон дода шудааст). Ба ҳар ҳол, ман ба сатҳи антителоҳои RBD аҳамият медодам - ин антителоҳо коронавирусро безарар мекунанд. Агар ин нишондиҳанда пас аз беморӣ баланд бошад, пас ворид кардани ваксина ҳеҷ маъное надорад. Вале агар сатҳи он паст шуда бошад, беҳтар аст, ки худро бо ваксина муҳофизат кард.
- Кадом ваксинаро барои ревакцинация интихоб кардан лозим аст: ҳамоне, ки қаблан ворид карда шуда буд ё ин ки дигареро? Ҳоло, масалан, "Sputnik V" ва "Sputnik Light" барои дубора эмкунӣ дар Маскав дастрасанд. Агар мо "Sputnik V" -ро бигирем, ба кадом компонент ворид карда мешавад - якум ё дуюм? Агар бо KoviVac дубора эм гузаронид, чӣ мешавад?
- Мавқеи мақомоти танзимкунанда чунин аст: новобаста аз он, ки шумо кадом ваксинаро гирифтаед, дубора ҳамонеро гиред, ки мавҷуд аст, Аммо ба ақидаи ман, - мегӯяд Максим Терский, - агар шумо як ваксинаи мукаммали аввалиро гузаронида бошед, масалан, бо "Sputnik V", пас беҳтар аст, ки дубора бо "KoviVac" эм кунед. Чаро? Барои он ки "Sputnik V" як ваксинаи векторӣ буда, дорои аденовируси инсон аст (ин вирус дар асл маводи генетикии коронавирусро ба бадан мерасонад). Аз ин рӯ, иммунитет пас аз эмкунӣ на танҳо ба коронавирус, балки ба вектор - аденовирус низ ба вуҷуд меояд. Агар ҳангоми ревакцинация иммунитет боқӣ бошад, пас ҳангоми такрори ҳамон ваксинаи векторӣ аксуламали иммунитет метавонад паст шавад. Дар ин ҳолат аденовирусҳо ба ҳадафҳои худ "намерасанд", зеро онҳо аз ҷониби системаи масуният безарар карда мешаванд. Аз ин лиҳоз, пас аз эмкунӣ бо Sputnik V беҳтар аст, ки эмгузаронии дубора бо KoviVac анҷом ёбад.
Аммо бояд қайд кунам, ки дар байни мутахассисон ақидаи дигаре низ вуҷуд дорад ва шояд эмгузаронии дубора бо "Sputnik Light" ё "Sputnik V" тавсия дода шавад. Пас аз муаррифӣ каме самаранокӣ хоҳад буд, аммо мо ҳоло гуфта наметавонем, ки чӣ гуна. То ҳол чунин маълумот вуҷуд надорад.
- Ҳолатҳое мешаванд, ки пас аз эмгузаронии аввал (бо ду воя) антителоҳо на дар ҳама таҳия мешаванд. Дар чунин ҳолатҳо чӣ бояд кард? Шояд 2-3 моҳ пас аз вояи дуввум, сатҳи антителоҳоро санҷида, дар сурати набудани антителоҳо бо ваксинаи дигар дубора эм гузаронид?
- Дар ҳақиқат, дар мавриди Sputnik V, пас аз ҷорӣ шудани ҷузъи аввал, ба гуфтаи истеҳсолкунанда, самаранокии ваксина тақрибан 70%-ро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, ҷорӣ намудани ҷузъи дуввум зарур буда, пас аз ҷорӣ шудани он самаранокӣ ва шумораи антителоҳо меафзояд, зеро ҷузъи дуввум вектори дигар, серотипи дигари аденовирусро дар бар мегирад.
Бино ба иттилои истеҳсолкунанда самаранокии Sputnik V то 91% аст. Аммо дар баъзе одамон антителоҳо, ҳатто пас аз ду вояи ваксина, инкишоф намеёбанд. Дар ин ҳолат, бо ваксинаи дигар эм гузаронидан мумкин аст - эзоҳ медиҳад Максим Терский.
- Оё барои эмгузаронии дубора ба онҳое, ки пас аз эмгузаронии аввал табларза, дарди сар ва ё дигар таъсироти манфӣ доштанд, ягон омодагӣ тавсия дода мешавад? Киҳо бояд аз эмгузаронии дубора худдорӣ кунанд?
- Дар дастурҳои ваксинаҳо омадааст, ки ягон сатҳи антителоҳо зидди эмгузаронии дубора нест.Ҳатто агар сатҳи антителоҳо баланд бошад ҳам, мо метавонем эм гузаронем. Аммо модоме ки эҳтимоли зиёд будани муҳофизати организмро медонем, чаро мо ин корро мекунем?
Дар мавриди таъсири тарафҳои манфии ваксина, тавре ки дар доираи таснифоти дастур оид ба истифодаи ваксина омадааст, ин низ зиддияте барои эмкунии дубора нест, - афзудааст Максим Терский.
Ин як падидаи муқаррарӣ аст ва бавосита нишон медиҳад, ки бадан ба дору вокуниш нишон додааст. Аз ин рӯ, агар шумо бо риояи ҳама тавсияҳои омодагӣ эм карда шуда, пас аз он режимро пайравӣ карда бошед, вале таъсири манфӣ бинед, ин ҳам зиддияте барои дубора эмкунӣ нест. Эм гузаронидан лозим аст. Аммо ба такрор тавсия медиҳам, ки сатҳи антителоҳоро бо усули миқдорӣ бояд санҷид. Агар миқдори антителоҳо аз арзиши истинод ба таври назаррас зиёд бошад (он дар натиҷаҳои санҷиш нишон дода шудааст), пас метавон сабр кард. Пастшавии сатҳи антителоҳо бо роҳҳои гуногун ба амал меояд: дар баъзеҳо антителоҳо муддати тӯлонӣ мемонанд, барои дигарон бошад метавонанд зуд нест шаванд. Аз ин рӯ санҷиши сатҳи антителоҳоро бо усули миқдорӣ муҳим аст,- илова кардааст сардухтури шӯъбаи дуюми ташхис аз клиникаи Medicina (Клиникаи Академик Ройтберг) Максим Терский.
RG.Ru
Тарҷумаи Муҳидинова М.