ТАРҒИБИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ-ОМИЛЕ БАРОИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ


ТАРҒИБИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ-ОМИЛЕ БАРОИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд. Аз натиҷагирии соли 2018, ки соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардида буд,  мехоҳам вобаста ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, ки дар радифи ин либосҳои миллӣ шомил мегардад,  ибрози андеша намоям.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шароитҳои заруриро барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ муҳайё намуда, ҳамзамон талош меварзад, то диққати хориҷиён ба таърих, фарҳанг ва анъанаҳои неки ниёгони мо ҷалб гардад. Сайёҳоне, ки аз оби чашмаҳои мусаффо ошомида, меваҳои шаҳдбори Тоҷикистонро истеъмол менамоянд, кишвари моро ба биҳишти рӯи замин ташбеҳ медиҳанд ва мардуми тоҷикро мардуми хушбахти рӯи замин меҳисобанд.

Бо дастгирӣ ва шароитҳои муҳайё намудаи давлату ҳукумат вобаста ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, дар тамоми шаҳру ноҳияҳо бо ҷалби занон ва духтарони хонашин марказҳои махсуси касбомӯзӣ ташкил  карда шудааст. Бо ин роҳ ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуда,  занон ва духтарони тоҷик дар ин марказҳо соҳибкасб мегарданду дар пешбурди зиндагии якҷоя саҳмгузорӣ намуда, сатҳи зиндагии худро беҳтару  хубтар намуда истодаанд.  Баробари фарорасии фасли зебои баҳор, ки дар ин моҳ ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳ ва шаҳомати махсус ҳамсола ҷашн гирифта мешавад, талабот аз ҷониби занону духтарон ба лисбосҳои миллӣ, аз ҷумла чакан ва атлас зиёд мегардад. Бо дарназардошти ин талабот соҳибкорон дар бозор куртаҳои тайёри атласу адрас, чаканҳои дастдӯзу поповидорро пешкаши харидорон менамоянд. Ин дастгириҳои Пешвои миллат ҳунамандон ва соҳибкоронро вазифадор менамояд, ки бо рушди ҳунарҳои мардумӣ саҳмгузорӣ намуда, ба хориҷиён дар баробари дигар ҳунарҳои мардумӣ либоси миллии  занони тоҷикро, ки таърихи қадима дорад,  муаррифӣ намоянд. Набояд фаромӯш сохт, ки ба бар намудани либоси миллӣ аз шахс маҳорат ва этикаю эстетикаи хосро талаб намуда, дар ҷойҳои хосса ба бар карда мешавад, ки донистани ин барои занону духтарон хело ҳам муҳим мебошад. Масалан зебогии куртаи чакан танҳо аз чакандӯз вобастагӣ надорад, зеро барои омода шудани як куртаи чакан қаламкаш, чакандӯз ва баъдан куртадӯз нақш доранд, ки ин аз ҳар кадоме аз  ин ҳунармандон маҳорати хоссеро талаб менамояд. Он сайёҳони хориҷие, ки либосҳои миллии  моро дида, ба он таваҷҷуҳ зоҳир менамояд, ҳатман дар онҳо майли харидории чунин либос пайдо мешавад. Аз ин рӯ, тарғиби либосҳои миллӣ аз ҷониби худи мо метавонад барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ва бахши сайёҳӣ таъсири нек гузорад ва ин амал хурдтарин хизмати ҳар як шахси ватандӯст хоҳад буд. Чуноне, ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат омадааст:

Мо ҳар амали некеро, ки ба шукронаи истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ анҷом медиҳем, барои худамон, фарзандонамон, наслҳои ояндаамон, Ватани азизу маҳбубамон – Тоҷикистон мекунем, зеро ин Ватан ва ин давлат аз худи мост ва онро ба ҷойи мову шумо каси дигар обод намекунад.

Бознашр аз сомонаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати ҶТ 


13.07.2021 464

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php