Паём- тарғибгари илму маърифат!
Ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ва тандурустиро самтҳои афзалиятнок дониста, омили муҳимтарини таҳкими давлатдории Тоҷикон ва наҷоти миллат номидаанд.
Ҳидоятҳои он барои мутолиаи китоб ба ҳама қишрҳои ҷомеа, ки боиси баланд бардоштани маърифати инсонӣ ва маънавияти рӯҳонии ҳар фард мегардад, боиси ифтихори миллати мост. Сарваре, ки ба солимии ҷомеа ва тарбияи насли наврас аҳамияти ҷиддӣ медиҳад, ояндаи дурахшони давлати хешро таъмин намуда, заминаи устувори фарҳангӣ барои ташаккули насли наврас фароҳам меоварад. Ҳавасмандгардонӣ дар “Фурӯғи субҳи доноӣ” барои муассисаҳои таълимии томактабӣ, мактабӣ ва калонсолон қадами устуворест дар ташаккули зеҳнии аҳли ҷомеа. Тавре ки Сарвари давлат дар Паёми имсола таъкид намуданд, озмунҳои қаблӣ, аз ҷумла «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» як нуктаи бисёр муҳимро собит намуданд: дар байни наврасону ҷавонони мо истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд, ки мо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем.
Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.
Китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад.
Ба ҳамин далел тӯли солҳои истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам ба рушду инкишофи бемайлони соҳаи маориф ва тандурустӣ, сатҳу сифати донишандӯзии хонандагону донишҷӯён дар ҳама зинаҳои таҳсилот, сифати тайёр кардани кадрҳои баландихтисосу унвондор таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад. Ҳатто дар солҳои вазнини ибтидои истиқлолият тамоми фикру андешаи Пешвои миллат дар баробари таъмин намудани сулҳу оромии кишвар ба ҳалли масъалаҳои маориф, тандурустӣ ва дастгирии ин соҳаҳои барои ҷомеа ва давлат ниҳоят муҳим банд буд. Ва чунонки баръало ба мушоҳида мерасад, Сарвари давлат ҳамаи имконияту василаҳоро ба хотири таҳким бахшидани пояҳои илму маориф равона карда, ба рушди ин соҳаи муҳимми иҷтимоӣ диққати махсус медиҳанд ва ин масъаларо ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумат бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо дастгирӣ менамоянд.
Сарвари давлат зимни ироаи Паёми имсола аз он қаноатмандӣ намуданд, ки ҷавонони бонангу номус ва боиродаи мо ҳамчун нерўи созанда дар маъракаҳои муҳимми давлативу ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда, дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ ҳиссаи сазовор гузошта истодаанд. Бинобар ин зарур дониста шуд, ки минбаъд худи ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда бошанд, дастовардҳои илмиву эҷодии худро сари вақт муаррифӣ намоянд, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошанд, таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ доранд ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саъю кўшиш намоянд. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки бо вуҷуди таѓйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон кишвари азизи мо зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст.
Турсунова З.Г. - шуъбаи итилоот ва нашрия