Андешаи олимони соҳаи тиб дар мавриди ваксинатсия!
Олимони соҳаи тиб бар он назаранд, ки роҳҳои асосии пешгирии бемории сироятии КОВИД-19 ин ваксинакунонии аҳолӣ ва риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ мебошад. Бо мақсади таъмин намудани амнияти санитариву эпидемиологии аҳолии мамлакат, пешгирии паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 дар саросари ҷумҳурӣ маъракаи ваксинатсия идома дорад ва тибқи муқаррарот шахсони аз 18 сола боло ба истиснои занони ҳомиладор марҳила ба марҳила ваксинатсия карда мешаванд.
Мувофиқи таъинот ваксинаҳо тавассути мутобиқат ва омода сохтани организми инсон ба муҳофизати табиӣ ва низоми масуният кор мекунад, вирусҳо ва бактерияҳои мавриди ҳадафро ташхис менамоянд ва муқобили онҳо мубориза мебаранд. Ба иттилои мутахасисони соҳаи тиб, ягона роҳи пешгирии ин бемории сироятӣ ваксинатсия ва риояи ҳатмии талаботи беҳдоштӣ мебошад. Қайд намудан зарур аст, ки шаҳрвандон бе тавсияи табибон ба истеъмоли маводи доруворӣ ва худмуолиҷа роҳ надиҳанд ва ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои вируси мазкур ба табиби оилавӣ хабар диҳанд. Сокинон бояд ба фориғболӣ роҳ надода, ҳатман қоидаҳои беҳдоштӣ ва тавсияҳои табибонро риоя намоянд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ ва интиқол наёфтани бемории хавфноки сироятии КОВИД-19 ва ҳифзи солимии шаҳрвандони мамлакат тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Пас, аз ҳар яки мо тақозо мегардад, ки дастаҷамона бар зидди бемории сироятии КОВИД-19 мубориза барем ва дар нест намудани он муваффақ гардем.
Валиев Давлатёр
рӯзноманигор