Қалъаи Ҳисор - ёдгории таърихии халқи тоҷик
Маҳз бо мақсади рушди фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмиллалӣ, рушди деҳот, сайёҳӣ ва эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, солҳои 2019-2021-ро солҳои Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд.
Таърих гувоҳ аст, ки Қалъаи Ҳисор ва маҷмӯаи ёдгориҳои таърихии он яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ буда, нишонае аз маданияти зиёда аз панҷҳазорсолаи Тоҷикистон ва яке аз ганҷинаҳои бебаҳои мардуми ориёинажоди Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ёдгории таърихӣ-фарҳангии Қалъаи Ҳисор дар шаҳри Ҳисор ҷойгир шуда, маънои луғавии вожаи «ҳисор» қалъа мебошад. Ҳисор ҳанӯз дар давраи Пешодиён ва замони Зардушт бо номи Шумон давлати алоҳидаеро ташкил медодааст. Вожаи Шумон дар қисмати “Занд-Позанд”-и “Авасто” ҳамчун мулк зикр шуда, маънои ин калима (Шумон) дунгии пешонӣ, яъне баландӣ аст. Бозёфтҳои археологии Теппаи Ғозиён ба охири давраи биринҷӣ ва аввали давраи оҳан тааллуқ доранд, ки дар таърих бо номи “Маданияти Ҳисор” номгузорӣ, эътироф ва маъруф гаштааст. Маданияти Ҳисор бозёфтҳои бисёр мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ва Осиёи Марказиро дар бар гирифта, ба ҳазораҳои Vl-lll пеш аз мелод мансуб мебошад. Болои қалъа аз се қисм иборат аст. Қисми баландии он қароргоҳи беку амирон, қисми дуюм, яъне поёнӣ — уштурхона ва қисми асосии онро аскархона ташкил медиҳад. Атрофи Қалъаи Ҳисор бо девори баланди кунгурадори муҳофизатӣ иҳота шуда, баландиаш аз сатҳи болои қалъа 3,5 метр, рӯйи девор 10 метр паҳнӣ доштааст. Тамоми Ҳисор аз макони бекнишин чун кафи даст ба чашм намудор аст. Ба Қалъаи Ҳисор танҳо аз дарвозаҳо даромадан мумкин будааст. Тибқи шаҳодати сарҳанг (полковник)-и артиши подшоҳии рус Д.Н.Логофет, ки соли 1880 дар Ҳисор буд, "атрофи шаҳри Ҳисорро қӯрғони азими даҳкилометра бо чор бурҷи дидбонгоҳдор иҳота карда, панҷ дарвоза дошт: "Хоки сафед", ”Чангоб", "Чашмаи моҳиён", "Шаккарӣ" ва "Обдузд"".
Тавре ки медонем, тамаддуни ин сарзамин бо номи Маданияти Ҳисор машҳур буда, ба таҳқиқи он донишманди шӯравӣ А.П.Окладников ҳунӯз соли 1948 оғоз бахшидааст. Ҳангоми ҳафриёт зиёда аз 680 осори давраи санг ёфт шудааст. Дар натиҷаи ҷустуҷӯҳои бостоншиносӣ то имрӯз дар ҳудуди шаҳри Ҳисор ва атрофи он маводҳои гуногун дастрас гардидаанд. Ба қавли бостоншиносон Ҳисор ҳамеша чун маркази тиҷорату зироат шинохта шуда, роҳи Абрешими бузург аз инҷо мегузаштааст.
Дар асоси маҷмааи ёдгориҳои таърихию меъмории Ҳисор ва деворҳои боқимондаи шаҳри Ҳисор, ки ёдгориҳои ҳафриётии атрофи ш. Ҳисорро низ дар бар мегирад, Мамнӯъгоҳи фарҳангии Ҳисор ташкил карда шудааст. "Мамнӯъгоҳи фарҳангии Ҳисор" 28 январи соли 1982 номи «Мамнӯъгоҳи таърихӣ-фарҳангии Ҳисор»-ро гирифта, аз 30 июли соли 2009 мақоми давлатӣ ва ҷумҳуриявиро касб кардааст ва ҳамчун ёдгории меъморӣ дар муҳофизати давлат аст. Мамнӯъгоҳи таърихӣ-фарҳангии Ҳисор яке аз намунаҳои қадимаи санъати меъмории халқи тоҷик мебошад. Мамнӯъгоҳ дорои ёдгориҳои таърихии - Қалъаи Ҳисор, Мадрасаи Кӯҳна, Мадрасаи Нав, Мақбараи Кӯҳна, Дарвозаи Арк, Масҷиди Сангин, Мақбараи Махдуми Аъзам, Корвонсарои Хиштин, Мадрасаи Чашмаи Моҳиён, Таҳоратхона, Масҷиди Одина ва Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳияи Ҳисор мебошад. Ин марз бостонист ва зиёда аз 3000-сол қабл ин ҷо маркази тамаддуни волое арзи ҳастӣ доштааст. Дар ин ҷо олимони бостоншиносу таърихнигор бо ҳафриёту тадқиқоти илмию амалӣ машғуланд. Натиҷаи бозёфтҳои олимон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки халқи тоҷик таърих ва фарҳанги бостону пурғановати шаҳрсозӣ дорад. Номи Ҳисори Шодмон бори аввал дар асари мушҳури таърихии Шарофиддин Алӣ Яздӣ “Зафарнома” (асри XV) ҳамчун яке аз мулкҳои империяи Темуриҳо зикр карда шуда, Муҳаммади Бобур (1483 – 1530) дар“Бобурнома” - асари ёддоштии хеш доир ба Ҳисор маълумоти зиёде овардааст.
Дар замони соҳибистиқлолӣ давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикор ва талошҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таърих, маданият, фарҳанг ва ёдгориҳои таърихии халқу кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки дар таърихи халқи мо назири худро надоранд. Эҳёи расму оин ва фарҳанги миллии тоҷикон, ба ҳайси забони давлатӣ эътибори воқеӣ пайдо кардани забони тоҷикӣ, муаррифии мероси адабӣ, таърихӣ ва фарҳангии ҳалқи тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ, бузургдошти доимии чеҳраҳои мондагор ва фарзандони баруманди миллат ва таърихи қадимаи миллати тоҷик дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ, ба Феҳристи Мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО ворид намудани Саразм, Боғи миллии Тоҷикистон, ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил гардидани "Шашмақом", Наврӯз, "Оши палав" ва "Чакан", бо қарорҳои ЮНЕСКО арҷгузорӣ намудани як қатор шахсиятҳои фарҳангии тоҷикон ва рӯйдодҳои таърихии миллат аз қабили комёбиҳои назарраси Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Қалъаи Ҳисор яке аз ҳашт ёдгории таърихие мебошад, ки ба феҳристи ёдгориҳои ЮНЕСКО дохил шудааст. Бояд гуфт, ки Ҳисор соли 2016 мақоми шаҳр-ро аз нав соҳиб шуд. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 3000 солагии Ҳисор 27 октябри соли 2015 дар сатҳи баланд ва бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд. Дар ин ҷашнвора аз тамоми гушаву канори дунё меҳмонону сайёҳон ҳузур доштанд. Ҷашни 3000 солагии Ҳисор, аз силсилаҷашнҳои тамаддун, таъриху фарҳанги кишвар ва халқи тамаддунофари тоҷик, ба монанди 2500-солагии шаҳри Истаравшан ва 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, ба ҳисоб рафта, мақсади асосии ин тадбирҳо хубтару возеҳтар омӯхтану шинохтани таърихи миллат аст. Ҳамаи ин тадбирҳо тавассути ғамхорӣ ва пуштибонии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Сарвари давлат дар партави соҳибистиқлолии кишварамон амалӣ гашта истодаанд. Дар муҳлати хеле кӯтоҳ кишвари соҳибистиқлоли мо таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат он роҳеро паймуд, ки ниёгони мо тӯли мавҷудияти худ тай намуда, забон, фарҳанг ва ҷавҳари миллии халқи тоҷикро барои садсолаҳо ҳифз карданд. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки дар қатори дастовардҳои Тоҷикистон осори дасти ниёгони худро ҳифз намуда, онро ба ояндагон мерос гузорем ва барои абадӣ сохтани фарҳангу тамаддун, забон ва дигар арзишҳою муқаддасоти миллӣ талош варзем.
Муҳидинова М. - шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа