Эҳёи анъанаҳои миллӣ дар 30 соли Истиқлолият


Эҳёи анъанаҳои миллӣ дар 30 соли Истиқлолият

Миллати кӯҳанбунёди тоҷик ҷузъи таркибӣ ва ногусастании таъриху фарҳанги волои башарӣ мебошад. Ёдгориҳои мероси фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ин миллати қадим пайвандгари ҳаёти моддӣ ва маънавии ниёгони мо буда, дар маҷмуъ саҳифаҳои таърихи чандҳазорсолаи ин миллати бузургро ба ҳам мепайванданд. Ҳар санади меъёрию ҳуқуқие, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо ташаббус ва иқдоми неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидааст, ба нафъи мардум буда, барои устувор гардидани пояи ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ заминаҳои мустаҳкам мегузорад.

Шоистаи зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик дар сатҳи дохилӣ ва арсаи байналмилалӣ корҳои бениҳоят зиёдеро ба анҷом расонида истодаанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо – тоҷиконро ҳамчун соҳиби фарҳанги воло дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд. Фарҳанги сулҳофарии ӯ ибратомӯз аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро фарҳанги сулҳу ваҳдатофаринияшон Пешво карда. Ҳунарҳои мардумӣ, расму оин ва ҷашнҳои зебои аздастрафтаву фаромӯшгаштаро эҳё бахшиданашон эшонро раҳнамои миллат сохт. Имрӯз зери роҳнамоии Сарвари миллат маънавиёту маърифати мардум дар роҳи худшиносӣ ба маротиб боло рафта истодааст. Таҷлили солгарду мавлуди фарзандони шоиставу фарзонаи миллат, аз қабили 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1000-солагии Носири Хусрав, 700-солагии Камоли Хуҷандӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 1310-солагии Имоми Аъзам Абӯҳанифа, 600-солагии Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ, 700-солагии мутафаккири барҷастаи Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва 5500 солагии Саразми бостонӣ, 2700 солагии шаҳри бостонии Кӯлоб, 3000 – солагии Хисори Шодмону монанди инҳо як омили бузурги таконбахшанда дар роҳи баланд шудани маънавиёти ҳамдиёронамон мебошад.

Дар қатори ин  ҳама таҷлилҳо эҳё намудани чашни бузурги Сада ва Меҳргон низ таккони бузургест баҳри худшиносии миллӣ. Ниёгони мо ҷашни Садаро дар даҳумин рӯзи моҳи Баҳман баргузор мекарданд. Пас аз сипарӣ гаштани сад рӯзи зимистон - моҳҳои обон, озар, дай ва даҳ рӯзи моҳи баҳман, ба ақидаи ориёиҳои қадим, сармо ба авҷи баланди худ мерасид. Баъдан ҳаво тадриҷан ба самти беҳбудӣ, нармӣ ва гармӣ мерафт. Сада то асри XII ҷашн гирифта мешуд, лекин баъдҳо аз байн рафта бошад ҳам, нишонаҳои он — гулхан афрӯхтаву дар гирди он базм оростан дар байни мардуми тоҷик аҳёнан ба назар мерасид. Бо шарофати Истиқлолияти бадастомада иди Сада дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав эҳё гардида, ҳамасола санаи 30-юми январ дар ҷумҳурӣ бо шукӯҳ ҷашн гирифта мешавад.

Иди Меҳргон ки  солҳои шӯравӣ ба  гӯшаи фаромӯшӣ рафта буд, кунун дар сар то сари ҷумҳурӣ бо як шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Гузаронидани озмунҳои гуногун яке аз суннатҳои қадимаи ин ид ба шумор рафта, ба он “Реза кардани сабзӣ”, “Ошхурӣ”, “Пазандаи беҳтарини таоми миллӣ” шомил мешаванд. Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ соли 2018 дар кишвар аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шуд. Дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории Фестивали «Оши палав», «Иди асалу харбуза» ва «Шириниҳои миллӣ»-ро, ки тайи солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан дар вилояти Суғд, ба ҳукми анъана даромадааст, муҳимму саривақтӣ арзёбӣ намуданд. Бояд гуфт, ки соли 2016 дар ҷаласаи 11-уми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ номинатсияи «Оши палав»-и тоҷикон дар қатори беҳтарин намунаҳои фарҳанги ғайримоддии ҷаҳонӣ сабти ном гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, барномаи «Эҳёи анъанаҳои миллии сафедоршинонӣ барои солҳои 2016-2020» бо мақсади таъмини аҳолии вилоят бо масолеҳи сохтмонии ватанӣ, истифода аз чӯбу тахтаҳои дарахтони сафедорҳои зудбавоярасанда ва ба ин васила коҳиш додани воридоти чӯбу тахта аз хориҷи кишвар рӯйи кор гирифта мешавад. Ҳамзамон бунёди сафедорзорҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ оид ба самаранокии парвариши дарахтони зудбавоярасанда дар минтақаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии вилоят, эмин нигоҳ доштани қабати болоии замин, минтақаҳои муҳофизатии ҷангалзорҳо, мубориза бо биёбоншавӣ ва пешгирии эрозияи заминҳо саҳми назаррас дорад. Ҳамчунин фестивали вилоятии «Атлас ва адраси тоҷик - 2018» бозгӯи эҳёи ҳунари бофандагии мардуми тоҷик буда, барои рушди боз ҳам бештари анъанаҳои миллӣ, тарғибу муаррифии ҳунарҳои миллӣ ва тарбияи шогирдони сазовор дар ҳунармандӣ саҳми муносиб дорад. Дар баробари атлас ва адрас кашидадӯзӣ ё гулдӯзии тоҷикон ҳунари нафиси қадима буда, яке аз шаклҳои санъати амалӣ-ороишии мардумӣ ва қисми муҳимми мероси фарҳангии умумибашарӣ маҳсуб меёбад. Чакан навъе аз ҳунарҳои мардумиест, ки таърихи ниҳоят қадима дошта, ба ҳаёту зиндагӣ, урфу одат ва олами маънавии халқи тоҷик зич алоқаманд аст. Боиси хурсандист, ки ин навъи санъати гулдӯзии тоҷикӣ низ аз ҷониби ЮНЕСКО 29 ноябри соли 2018 дар ҷаласаи 13-уми Кумитаи байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ, номинатсияи "Санъати гулдӯзии чакан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" расман дар феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО сабт гардид. Чакан дар сомонаи ЮНЕСКО чунин муаррифӣ карда шудааст: «чакан як навъи гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст, ки бештар дар байни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст. Дар вилояти Хатлони Тоҷикистон чакан як ҷузъи муҳими либоси арӯсу домод ба шумор меравад. Дар инҷо домодҳо тоқии худро бо гулдӯзиҳои чакан оро медиҳанд ва занону духтарон дар рӯзҳои тӯй ва иду маросим куртаву поҷомаи чакан ба тан мекунанд». Аз ин ҷост, ки намунаҳои волои гулдӯзии тоҷикиро дар аксар осорхонаҳои Тоҷикистон ва осорхонаҳои машҳури олам дидан мумкин аст. Маҳорати дастони гулдӯзон гӯё имрӯзро бо гузашта мепайвандад ва дар гулҳои офаридаи худ ба ояндагон нияти неки худ ва гузаштагонро ба мерос мегузорад. Бозёфтҳои бостоншиносони минтақаҳои ориёинишин гувоҳӣ медиҳанд, ки мардуми тоҷик ва аҷдодони ӯ ба матоъҳои гуногун гулпартоӣ ва гулдӯзӣ менамуданд, ки он гувоҳи ривоҷи ҷаҳони маънавӣ, ғояҳои инсонгароӣ ва миллӣ буда, аз фарҳанги ғании халқ дарак медиҳад.

Аз миёни ҷашну сур ва идҳои марғуб ва хеле дилпазири қавмҳои тоҷику форс ва халқу миллатҳои ҳамҷавор Наврӯз яке аз қадимтарин, бузургтарин ва зеботарин ҷашнҳои ҷаҳон аст. Наврӯз достони зебоӣ, ҷашни эҳёи мавҷудоти гетӣ буда, танҳо покию сафо ва хуррамию фаровонӣ меоварад. Ҷашни Наврӯз дар ҳақиқат наслҳоро ба ҳам пайванд дода, робитаҳои дӯстӣ ва муносибатҳои ҳамёриву ҳамкориро боз ҳам қавӣ мегардонад. Он яке аз бузургтарин оинҳо ва ҷашнҳои қадимаи мардуми ориёитабор мебошад. Маврид ба зикр аст, ки Наврӯз, воқеан, бо ҷанбаи фарҳангиву мардумии худ миёни хосу ом маҳбубият пайдо кардааст. Ин хусусияти Наврӯзро устод Айнӣ таъкид карда, менависад: - “Иди Наврӯз, ки чун сари соли шамсӣ дар аввали ҳамал сар мешуд, яке аз идҳои пеш аз исломият аст. Бинобар ин, халқи тоҷик, дар ҳолате, ки иди рамазон ва иди қурбонро як рӯз барпо медошт, иди Наврӯзро ҳафтаҳо давом медод. Бо сабаби дар аввали баҳор, дар вақти ба ҳаракат даромадани тамоми растаниҳо ва мавҷудоти зинда рост омадани ин иди табиат инсон ҳам ба ҳаракат меомад, тоҷикон “ҳамал - ҳама чиз дар амал” мегӯянд”.

Дар ироаи яке аз Паёмҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз доштанд: “Бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот пешниҳод менамоям, ки солҳои 2019 – 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шавад. Миллати тоҷик яке аз қадимтарин мардумони минтақаи Осиёи Марказӣ буда, дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ бо мероси бойи фарҳангии моддӣ ва ғайримоддии худ мақоми шоиста касб намудааст. Бахусус дар бахши омодасозии хӯрокҳои миллӣ бонувони чирадасти тоҷик маҳорати баланди кадбонуӣ дошта, хони идонаи ҷашнҳои миллии тоҷикон, бахусус Наврӯзи бостониро бидуни таомҳои гуногуни болаззати омоданамудаи занону духтарони тоҷик тасаввур кардан ғайриимкон аст." Ин аст, ки фарҳанги таомҳои миллиамон, ҷузъе аз анъанаи фарҳанги меҳмоннавозии тоҷикон мебошад.

Ногуфта намонад, ки Шашмақом - мусиқии суннатии Осиёи Миёна (бештар Эрон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон) буда, таронаи ин мусиқӣ дар бораи ишқу ирфон аст. ЮНЕСКО дар соли 2000-ум шашмақомро дар феҳристи кӯҳантарин сабкҳои мусиқӣ ва ҳамчунин сармояҳои ғайримодӣ ба сабт расонд. Соли 2003 бо пешниҳоди ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон «Шашмақом» ҳамчун шоҳкории мероси фарҳанги ғайримоддӣ ба Феҳристи шоҳасарҳои созмони байналмилалии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки яке аз дастовардҳои миллати тоҷик дар самти эҳёи мусиқии суннатии тоҷик мебошад. Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон 12 майи соли 2000 ба дастаи мақомхонони назди Кумитаи радио ва телевизиони тоҷик мақоми давлатӣ ва номи устоди забардасти «Шашмақом» Фазлиддин Шаҳобов дода шуда, ин рӯз ҳамасола дар саросари кишвар чун «Рӯзи Шашмақом» таҷлил мегардад.

То имрӯз рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият, ки соли 2008 бо ҳадафи ҳифзи суннатҳо ва арзишҳои халқҳои гуногуни олам таъсис шудааст, 509 номгӯи урфу одатҳо ва ҳунарҳои миллӣ аз 122 кишвари дунёро дар бар мегирад. Ба Феҳристи Мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО ворид намудани Саразм (соли 2010), Боғи миллии Тоҷикистон (соли 2013), ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил гардидани «Шашмақом» (соли 2003), Наврӯз (соли 2010), “Оши палав” (2016) ва “Чакан” (соли 2018), бо қарорҳои ЮНЕСКО арҷгузорӣ намудани як қатор шахсиятҳои фарҳангии тоҷикон ва рӯйдодҳои таърихии миллат аз дастовардҳои давлату халқи тоҷик дар роҳи эҳё ва рушди расму оин ва ҳунарҳои мардумии қадимаи ниёгонамон мебошад. Мо аминем, ки эҳёи расму оин ва ҳунарҳои мардумӣ барои абадӣ сохтани фарҳангу тамаддун, забон ва дигар арзишҳою муқаддасоти миллӣ хидмат хоҳанд кард.

Муҳидинова М. - шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


19.08.2021 1353

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php