Миллати тоҷик ба неру ва азму иродаи қавии ҷавонон такя мекунад!
Ҷавонон давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, қишри ояндасозу пешбарандаи давлату миллат ба ҳисоб мераванд.
Ҳамин аст, ки имрӯз давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати ҷавононро дастгирӣ намуда, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳим саҳми ҷавононро назаррас арзёбӣ менамоянд. Махсусан, ҷалби насли наврас ба омӯзиши мероси таърихӣ, ташаккули худшиносиву худогоҳии миллӣ аз таваҷҷӯҳи хоси мақомоти раҳбарии кишвар ба эҳёву шинохти арзишҳои миллӣ сарчашма мегирад.
Роҳбари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёму баромадҳояшон таъкид менамоянд: «Ҷавонон бояд номбардори ниёгони хирадманд, сулҳпарвар, эҷодкор ва баору номуси хеш бошанд».
Моҳияти ин нуктаи муҳими таъкиди Пешвои миллат пеш аз ҳама, дар ҷалби ҷавонон ба маърифати арзишҳои таърихии ниёгони хеш ифодаи меёбад. Бо гузашти замон дар таърихи давлатдории тоҷикон дар даврони Истиқлоли давлатӣ нақш ва мақоми ҷавонон боз ҳам густурдатар ба назар мерасад. Боиси сарфарозист, ки эҳтиром ба таъриху фарҳанг ва арзишҳои маънавии гузашта миёни ҷавонон сол аз сол тавсеа пайдо менамояд. Ин аз он дарак медиҳад, ки сиёсати маънавибунёди Пешвои миллат барои тарбияи фикриву маънавии насли ҷавон нақши рӯшан мегузорад. Афзудани шумораи ҷавонони лаёқатманд, олимону шоирон, ихтироъкорон, ҳунармандони ҷавон ва тарбияи аксари онҳо дар рӯҳияи худогоҳӣ аз ин амри муҳим дарак медиҳад. Дар баробари ин саҳми ҷавонон низ дар таҳкими арзишҳои олии Истиқлоли давлатӣ ва ҳифзи саросарии онҳо ҳамасола афзун мегардад ва ҷавонон имрӯзҳо пайрави сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллати хеш гардида, бо кору фаъолияти худ, донишу хиради худ Парчами Тоҷикистонро баланд бардошта, номи халқи тоҷикро дар тамоми гушаву канори дунё муаррифӣ мекунанд.
Валиев Давлатёр
рӯзноманигор