Истиқлолияти давлати тоҷикон то абад устувору поянда бод!


Истиқлолияти давлати тоҷикон то абад устувору поянда бод!

Рӯзи 9-уми сентябр дар таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми тоҷик ҷашни фархундаи Истиқлолят аст. Аз 9-уми сентябри соли 1991 Тоҷикистон мамлакати ҳуқуқбунёду соҳибистиқлол гашт. Халқи барӯманди тоҷик имрӯзҳо дар остонаи 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистони азиз қарор дошта, баҳри сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашни фархундаву таърихӣ талош меварзад. Баҳри оромии кулл ва ҳифзи сарватҳои Ватан саҳми худро гузоштан барои ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ анъанаи нек гаштааст. Мо медонем, ки ободии Ватан ободии хонаву дари мост. Аз ин рӯ ҷидду ҷаҳд ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мардуми мо ҳамеша дастгирӣ менамоянд. Сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 30 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардиданд. Даврони Истиқлолият барои мо имконият фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкори пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокорона баҳри расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мебошад. Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Яке аз дастовардҳои бузурги халқи тоҷик дар тӯли 30 соли истиқлолият ин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро беш аз сад давлати дунё ба расмият шинохтаанд. Тоҷикистони азизи мо узви Созмони Миллали Муттаҳид гашт ва ба оилаи кишварҳои озоди ҷаҳон пазируфта шуд.

Аз рӯзи аввали сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқи тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои тозаи идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва дар арсаи ҷаҳонӣ чун шиносномаи миллӣ эътироф гардид. Мо яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва нерӯҳои сарҳадиро таъсис дода, ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлати худро таҳти назорати доимӣ гирифтем. Халқи азиятдидаи тоҷик барои таҳкими Истиқлолият, нигаҳдошти якпорчагии марзу бум, расидан ба сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ, интихоби роҳи рости рушду тараққиёт Конститутсия (Сарқонун)-и мамлакати орзую ормонашро қабул кард. Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».

Қадамҳои аввалини истиқлолият бо ҷанги хонумонсӯз оғоз гардид, ки он аз ҷониби гурӯҳҳои мухолифини давлат роҳандозӣ шуда, яксаду панҷоҳ ҳазор кушта, 1 миллион гуреза ва беш аз 10 миллиард зиён ба бор оварда буд. Ҷангу талошҳои ибтидои солҳои навадуми асри гузашта сохторҳои давлату давлатдорӣ ва истеҳсолиро фалаҷ карда буданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои расидан ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллиро ҷустуҷӯ мекард ва Сарвари давлат пайваста талош меварзиданд, то осудагию оромӣ дар саросари мамлакат ҳукмфармо гардад.

Бо талошу заҳматҳо ва ҷоннисориҳо Роҳбари давлат дар натиҷаи 5 даври гуфтушунид ва ҳафт мулоқот оқибат ба мақсади гузоштаи хеш муваффақ гаштанд. Санаи 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин имзо гардида, он рӯзи муборак Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон шуд. Аз ҳамон вақт инҷониб ҷомеаи ҷаҳони муосир таҷрибаи пешқадами «Сулҳи тоҷикон»-ро меомӯзад ва барои насли имрӯз ҳамчун намунаи беҳтарини гуфтушуниди созанда пешниҳод мекунад.

Пас аз нисбатан ором шудани вазъ Пешвои миллат баҳри пешрафти иқтисодиёт ва ба ҳам пайванд кардани минтақаҳои Тоҷикистон сохтмони роҳҳои замонавӣ ва бунёд кардани нақбҳоро ба роҳ монданд. Сохтмони шоҳроҳи «Роҳи абрешим», бунёди нақбҳои «Анзоб», «Шаҳристон», «Шар-шар» ва «Чормағзак», сохтмонҳои қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои мошингарди Душанбе – Хоруғ – Мурғоб, Душанбе – Рашт – Саритош, Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, Қулма-Қароқурум, роҳи оҳани Қӯрғонтеппа–Кӯлоб аз иқдомҳои Пешвои миллат буданд, ки боиси пешрафту тараққиёти кишвар гашта, мардум аз азияти ағбаҳои хатарнок раҳо шуданд ва ин барои дар тамоми сол ҳаракати нақлиёт дар дохили мамлакат ва берун аз он имкон фароҳам овард. Дар ин замина вазъи рафтуомад ва боркашонӣ ба манотиқи гуногуни кишвар бамаротиб беҳтар гардад.

Яке аз масъалаҳои душвору ҳалталаб дар мамлакати мо ин истиқлолияти энергетикӣ буд. Дар роҳи раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва амнияти озуқаворӣ сохтмони неругоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, нақбҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд. Бунёдкориву созандагиҳо дар ин самт вусъати тоза пайдо карданд. Аз ҷумла, сохмони неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», як қатор неругоҳҳои хурд, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқи Ҷануб – Шимол, Лолазор – Хатлон, Лолазор – Сангтӯда-1 ба истифода дода шуданд, ки ба кор даромадани хатти 500 киловаттаи Ҷануб–Шимол ва дар пойгоҳи асосии он насб гардидани трансформатори дуюм ғамхории бузурги Ҳукумати Ҷумҳурӣ барои сокинони вилояти Суғд дар мавсими тобистону зимистон маҳсуб мешавад.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ сохтмони иншооти бузурги аср ва барои мамлакати мо ҳаётан муҳим оғоз гардид. 29 октябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Роғун сафар карда, дар дигар намудани маҷрои дарёи Вахш иштирок намуданд, ки ин бунёди НБО-и Роғунро оғоз бахшид.

Баъди заҳматҳои зиёд, аввалин агрегати неругоҳи барқи обии Роғун ба кор даромад. Ба истифода додани аввалин агрегати неругоҳи барқи обии Роғун аз он шаҳодат медиҳад, ки давлату ҳукумат бо сарварии Пешвои хирадманди тоҷикон пайваста баҳри ободӣ ва гулгулшукуфоии ватанамон заҳмат мекашанд ва давлати соҳибистиқлоли моро дар қатори кишварҳои мутараққии ҷаҳон қарор медиҳанд. Ёдовар мешавем, ки қабл аз ин дар фасли зимистон баъзе минтақаҳои кишвар аз норасоии қувваи барқ танқисӣ мекашиданд. Айни ҳол ин мушкилӣ бартараф шуда, баъди пурра ба кор даромадани НБО-и Роғун Тоҷикистон пурра бо барқ таъмин шудаву ба дигар давлатҳои минтақа низ барқ содир мекунад.

Дар солҳои истиқлолият барои эҳё намудан ва инкишоф додани забони шевою шоирона ва ширину шаҳдбори тоҷикӣ ҷойгоҳи арзанда ва мақоми шоиста муҳайё шуд, ки забони тоҷикӣ забони давлатӣ гашт. Забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русӣ ва англисӣ омили муҳимми ворид шудани ҳар як фард ба фазои тамаддуни муосир мансуб меёбанд. Забондонӣ имконияти бевосита сару кор доштани шаҳрвандонро бо техникаю технологияи нав васеъ гардонида, дастраси маводи иттилоотии техникаро, ки аксаран бо ин забонҳо таълиф мешаванд, осон месозад. Аз ин рӯ, Истиқлолият шараф ва номуси хар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. Истиқлолият рамзи саодати миллат ва нишонаи пойдориву бақои он мебошад, зеро дар дунёи пуртазоди муосир миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад.

Ба рушди фарҳанг низ диққати ҷиддӣ зоҳир карда шуд. Таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён, Соли тамаддуни ориёӣ, Бузургдошти 1150-солагии сардафтари адабиёти тоҷику форс маликушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 2500-солагии шаҳри Истаравшани бостонӣ, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 700-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 3000-солагии шаҳри Ҳисор, бузургдошти Пешвои мазҳаби ҳанафӣ - Имом Аъзам, Ҷомиву Туғрал, Садриддини Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва дигар бузургону азизони миллат ботантана ҷашн гирифта шуд. Ҷашни миллии мо тоҷикон - Наврӯз мақоми ҷаҳониро соҳиб шуд. Ин ҷашни бостонии мардуми тоҷикро маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз нав эҳё намуданд ва ба ҷаҳониён собит сохтанд, ки ин сарзамин муқаддас аст. Анъана ва суннатҳои неки Наврӯз-ҳамчун беҳтарин намунаи тамаддуни мардуми ориёинажод, аз ҷониби халқҳои гуногуни Шарқ пазируфта шуда, маънавиёту фарҳанги миллии онҳоро низ афзун сохтааст.

Нақши Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масълаҳои глобалии олам ниҳоят бузург ва саривақтӣ буда, аз дастовардҳои даврони истиқлолият маҳсуб мешаванд. Пешвои миллат муаллифи чор ташаббуси бузург мебошанд, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудаанд: «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», «Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт, 2005-2015» ва «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028».

Ҳамчунин бо мақсади баланд бардоштани маърифати динии мардум бо супориши Роҳбари давлат нахустин маротиба китоби Қуръони карим бо забони тоҷикӣ дар се давра бо теъдоди умумии беш аз 200 ҳазор нусха аз чоп бароварда шуда, ройгон ба мардум тақсим гардид. Инчунин «Саҳеҳ»-и Бухорӣ, «Муснад»-и Имоми Аъзам, «Эҳёи улуми улуми дин», «Кимиёи саодат»-и Имом Ғаззолӣ ва дигар осори пурқиммат чоп ва дастраси мардуми мусулмони кишвар гардонида шуданд. Бузургтарин хизмати Пешвои миллат ба дини ислом ин пок намудани номи дин ва мусулмонон аз тамғаи терроризм мебошад. Пешвои миллат аз минбари баланди СММ таъкид намуданд, ки террорист, ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ин андешаҳои Роҳбари давлати тоҷикон писанди ҷомеаи ҷаҳонӣ шуда, имрӯз дар баромадҳои сарони дигар давлатҳо ва пешвоёни дини ислом ин нукта пайваста садо медиҳад. Бояд зикр кард, ки ҷиҳати арҷгузорӣ ба дини ислом ва хизматҳои шоиста Президенти мо аз ҷониби тамоми кишварҳои мусулмонӣ қадр карда шуда, ҳамчун мусулмони фахрӣ дар сафи аввали 500 мусулмони ҷаҳон қарор дода шуданд.

Бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон” аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда шуда, то ҷашни 30 – солагии истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намудан, боиси худогоҳии ҳар фард аз таърихи миллати тоҷик хоҳад гашт.Қобили зикр аст, ки нашри шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон” ва дастрас кардани он ба ҳар як оилаи кишвар иқдоми ватандӯстонаи Эмомалӣ Раҳмон буда, дар роҳи дарки худогоҳиву худшиносии наврасону ҷавонон аз таърихи миллати тоҷик нақши босазо мегузорад.

Имрӯз ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки истиқлолият мукаддастарин ва азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ ва нерӯи такконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад.

Бигзор, истиқлолияти давлати тоҷикон то абад устувору поянда бошад!

Муҳидинова М. - шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


05.08.2021 415

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php