Агар сатҳи антителоҳо пас аз эмкунӣ паст бошад, чӣ бояд кард?
Мавзӯи доғи ин тобистон антителоҳо мебошанд. Аксар вақт, табибон тавсия медиҳанд, ки пас аз эмгузаронӣ ба сатҳи онҳо аҳамият набояд дод. Онҳо баҳс мекунанд, ки паст ё баланд будани нишондиҳандаҳо аҳамият надорад, зеро асосаш барои қонеъ кардани патоген аллакай омода будани бадан аст... Чӣ тавр пас аз бемории қаблӣ ё пас аз эмкунӣ дараҷаи муҳофизати худро аз COVID-19 арзёбӣ кардан мумкин аст, Александр Соловьев духтур, коршиноси ташхиси лаборатории клиникӣ чунин мегӯяд:
- Ман медонам чаро мушаххас тафтиш накардани сатҳи антибиотикҳоро табибон маслиҳат медиҳанд. Барои кам кардани ҳаяҷон. Аммо бо ин тавсияҳо розӣ шуда наметавонам.
Дар аввали тобистон, вақте ки пас аз ваксина маълумотҳои аввалин дар бораи беморон пайдо шуд, талабот ба санҷишҳои антитело ҳам пайдо шуд. Одамон кӯшиш мекарданд, ки дараҷаи муҳофизатии бадани худро пас аз эмгузаронӣ муайян кунанд. Ба назари ман, ҳарчанд ин эҳсосотӣ аст, аммо муфид аст. Азбаски ваксина сад дарсад иммуногенӣ нест, ба ҳисоби миёна ду фоизи одамон ба доруе, ки мегиранд, вокуниш нишон намедиҳанд. Худи ман ҳам мехостам бидонам, ки бадан ба ваксина чӣ гуна вокуниш нишон медиҳад. Ин барои волидони ман низ муҳим аст, чунки онҳо ба гуруҳи зери хатар дохиланд, осебпазиранд. Зеро, агар натиҷаҳо заиф бошанд, пас бояд дар бораи роҳҳои дигари пешгирикунанда, аз қабили эмкунӣ бо дигар дору ё вояи сеюм, фикр кард.
Оё худи шахс арзёбӣ карда метавонад, ки дар асоси санҷиши гузаронидашуда сатҳи кофии антителоҳоро дорад ё на? Натиҷаҳои тадқиқотҳое, ки дар лабораторияҳои гуногун гузаронида мешаванд, аксаран аз ҳам тафовути зиёд доранд.
Ба гуфтаи Александр Соловев, даҳҳо системаҳои санҷишӣ мавҷуданд ва дар кишвари Россия айни замон танҳо сетоаш истифода мешавад - русӣ, итолиёӣ ва амрикоӣ. Хулосаи онҳо, ҳатто дар нишондиҳандаҳои воҳидӣ ва инъикоси гуногунии андоза фарқ мекунанд. Дар яке - даҳҳо, дигаре - садҳо ва дар сеюмӣ - ҳазорҳо. Онҳоро дар як воҳиди умумӣ истифода намудан маъние надорад. Нишондоди тахминиро танҳо бо дар назардошти маҳдудияти меъёр, ки дар иқтибоси натиҷаҳои таҳлил нишон дода шудааст - метавон анҷом дод. Агар антителоҳо аз ҳадди муқарраршуда зиёд бошанд, пас муҳофизати бадан мавҷуд аст.
Александр Соловьев, коршиноси ташхиси лаборатории клиникӣ, дар идомаи таҳлил меафзояд, вақте тамоми ҷаҳон ба гузаронидани озмоишҳо барои антитело шурӯъ карда буд, СУТ ҳанӯз аз набудани системаи координатҳо баҳс мекард, ки чӣ гуна метавон дар бораи худмуҳофизатии бадан қарор қабул кард, дар ҳоле ки нишондиҳандаҳо аз ҳам фарқ мекунанд. Барои пешгирӣ кардани ихтилофҳо, таърифи назоратӣ таъсис дода шуд, ки боиси бо стандарти ягона муайян намудани антителоҳо гардид: BAU дар як миллилитр. BAU воҳиди ҳаҷми антителоҳои безараркунандаи вирус мебошад. Барои ҳар як системаи тестӣ ҷадвалҳо бо коэффисиентҳои ҳисобшуда мавҷуданд. Мақомоти Назорати истеъмолкунандагони Русия (ҳарчанде он хусусияти тавсиявӣ дорад) номае нашр кард, ки новобаста аз системаи санҷиш, лабораторияҳо натиҷаҳои санҷишро дар формати ягона, яъне дар асоси воҳидҳои байналмилалии BAU бароранд.
Пас, натиҷаҳо бояд маҳз бо BAU мушаххас карда шаванд, ё худ дар ду вариант навишта шуда бошанд - санҷишӣ ва муқоисавӣ. Аммо саволи дигаре ба миён меояд: чаро шумо, умуман санҷиши тестӣ супурдед? Барои фаҳмидани он, ки антителоҳо пайдо шудаанд ё ин, ки оё сатҳи муҳофизатии бадан кифоя аст, то коронавирус даҳшатобор набошад? Ба ин савол айни ҳол ҷавоб додан ғайриимкон аст, зеро олимони тамоми ҷаҳон то ҳол маълумот ҷамъ меоранд, то бифаҳманд, ки бо кадом миқдори антитело ва то чӣ андоза шахс ба сирояти нав устувор мемонад. Оё ман антителаҳои кофӣ дорам ё на, як суолест риторикӣ. Ман медонам, ки пас аз эмгузарониву бемор шудан, муддате аз хатар эминам, наметарсам. Аммо рақамҳои аз ҷиҳати илмӣ муайяншуда вуҷуд надоранд. Ва гумон мекунам, ки мо онҳоро ба зудӣ нахоҳем дид, афзудааст Александр Соловьев.
Иммунитети ҳуҷайраҳо чен карда мешавад, вале доираи дастрасии он гуногун аст. Инҳо технологияҳои мураккабанд, барои озмоиш ба лабораторияи наздиктарин рафтан ғайриимкон аст. Қариб ҳар ҳафта, дар бораи хусусиятҳои ташаккули иммунитети ҳуҷайра дар COVID-19 маҷаллаҳои илмӣ кореро нашр мекунанд. Ва мо бечунучаро метавонем гуфт, ки муҳофизат дар сатҳи ҳуҷайра дар бадани ҳамаи одамоне, ки бо ин ё он роҳ гирифтори коронавирус шудаанд, ташаккул меёбад, гуфтааст дар хотимаи суҳбат Александр Соловьев.
RG.Ru
Тарҷумаи Муҳидинова М.