Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Ҳамкории Шанхай
Созмони Ҳамкории Шанхай, ки қаламрави бузург ва доираи васеи ҳамкориҳои минтақавиро дар бар мегирад, шакли нави ҳамкории давлатҳои аз нуқтаи назари сохтори сиёсӣ, иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангӣ гуногун ба шумор меравад. Ҳадафҳои асосии СҲШ, таҳкими боварии мутақобилан судманд ва ҳамсоягии неки кишварҳои аъзо, мусоидат ба ҳамкории самарабахш дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ ва фарҳангӣ, инчунин, дар соҳаи маориф, энергетика, нақлиёт, туризм, ҳифзи муҳити зист ва ғайра, таъмини якҷоя ва таъмини сулҳ, амният ва субот дар минтақа, пешравӣ дар ташкили тартиботи демократӣ, одилона ва оқилонаи байналмилалӣ дар соҳаи сиёсӣ ва иқтисодӣ мебошад. Имрӯз дар сиёсати байналмилалӣ Созмони Ҳамкории Шанхай нақш ва мақоми устувор дошта, ҳамасола таваҷҷӯҳи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ба ин созмони бонуфуз афзоиш меёбад.
Созмони Ҳамкории Шанхай аҳамияти иқтисодӣ, гуманитарӣ ва мудофиавӣ дорад ва мақоми асосии Созмон таҳкими амнияту субот дар қаламрави давлатҳои аъзо, мубориза бар зидди терроризму экстримизм ва ҳамгироии илмиву фарҳангӣ мебошад. Сохтору созмонии Шанхай аз Шӯрои сарони давлатҳо, Шӯрои сарони ҳукуматҳо, Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, машварати роҳбарони давлату идораҳо, Шӯрои ҳамоҳангсозонӣ миллии сохтори зидитерорристии минтақави, котиботи Созмон ва иттиҳоди байнибонкӣ иборат буда, дар ҳар як кишвари аъзои Созмон ҳамасола нишасту вохӯриҳои гуногун дар ҳама сатҳу зинаҳо баргузор мешаванд. Тибқи муқаррарот ба ӯҳдаи ҳар кишвари аъзо дар давраҳои муайян Раёсати Созмон вогузор шуда, тамоми нишасту вохӯриҳо дар кишвари раисикунанда багузор мегардад.
Соли 2021 аз таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхай 20 сол пур шуд, ва мутобиқи муқаррароти Созмон, соли 2021 раёсат дар Созмони Ҳамкории Шанхай аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт. Ҷиҳати дар сатҳи зарури гузаронидани ин маракаи муҳими сиёсӣ тамоми тадбирҳои зарурирӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амлӣ шуда истодааст.
Валиев Давлатёр
рӯзноманигор