ТОҶИКИСТОН ДАВЛАТАТ ПОЯНДА БОД!


ТОҶИКИСТОН ДАВЛАТАТ ПОЯНДА БОД!

Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиб истиқлол аст, истиқлоли давлатӣ, истиқлоли миллӣ, истиқлоли сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ. Имсол Тоҷикистон 30 солагии ба даст овардани Истиқлоли давлатиро ҷашн мегирад. Давлату Ҳукумати мамлакат давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ ва рушди иқтисоди миллӣ талош ба харҷ дода, барои таъмини зиндагии шоистаи ҳар як шаҳрванди кишвар барнома ва стратегияҳои мушахаасро амалӣ менамояд. Ин аст, ки дар Тоҷикистон марҳила ба марҳила инфрасохтори саноатию иқтисодӣ ва иҷтимоию хизматрасонӣ беҳтар меградад. Дар сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он дар авлавият қарор дошта, шароити озоди фаъолият ва машғул шудан ба эътиқодҳои фитрӣ мавҷуд аст. Тоҷикистон бо роҳи интихобкардаи хеш, ки барои ояндаи дурухшони ин кишвари аҷдодӣ нигаронида шудааст, муваффақона ба пеш қадамҳои устувор мегузорад. Дастоварди азиму пурарзиши миллати тоҷик аз рӯзҳои аввали давлатдории миллӣ ин ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ мебошад. Истиқлоли давлатӣ барои халқи тоҷик имкони воқеӣ фароҳам овард, ки заминҳои ташаккилу таҳкими ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонро муҳайё сохта, роҳи имрӯзу ояндаи давлатдории миллии хеш ва пешрафти минбаъдаи онро муайян намуд. Истиқлоли давлатӣ рамзи олии Ватану ватандорӣ, асолату ҳувияти миллӣ, маҳзари идеалу ормонҳои таърихӣ, неъмати гаронмояи миллатсарҷамънамоиву давлатдории мустақил, нишони барҷастаи арзи ҳастии тоҷикону Тоҷикистон дар ҷаҳон ва бақои симои миллат мебошад. Истиқлоли давлатӣ ба мардуми сарбалану таърихии тоҷик нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикриву ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадияти халқу давлатро фароҳам овард.

«Яке аз муҳимтаин дастовардҳои мо дар даврони Истиқлол давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».

Эмомалӣ Раҳмон

 Марҳилаи навини давлатсозию давлатдории мустақил ва миллӣ моро водор сохт, ки роҳи иқтисодӣ, дигаргун сохтани шакли моликият, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохторҳои нави идоракунии онро пеш гирему муносибатҳои дохилидавлаӣ ва байналмилалиро таҳким бахшем. Маҳз, ҳамин мустақилӣ Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон пайванд намуду Тоҷикистон дар асрсаи байналмилалӣ бо пешниҳоди ташаббусҳои созандаву ба башарият фоидаовар чун давлати сулҳофару сулҳпарвар шинохта шудааст. Роҳи тайнамудаи марҳилаи нави таърихии давлатдории миллии тоҷикон барои давлатҳои рӯ ба мушкилӣ таҷрибаи рушан аст. Маҳз, таҷрибаи сулҳи тоҷикон манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гаштааст ва ин боиси ифтихори ҳар як фарди тоҷик аст. Истиқлолу Ваҳдат ва оромиву осоиштагии Ватан барои мо неруву қудрат мебахшад, то бештар аз ҳар вақти дигар барои пешрафту тараққиёти Тоҷикистони азизамон камари ҳиммат бандем. Сарзамини муқаддаси тоҷикон, макони сулҳу дустӣ- Тоҷикистони соҳибистиқлол бо корнамоиҳои фарзандони содиқу вафодораш ҳамеша рушд хоҳад кард.

Тоҷикистон давлатат поянда бод,

Ҷашни истиқлоли ту фархунда бод.

Валиев Давлатёр

рӯзноманигор

 


06.09.2021 470

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php