Олимон сабабҳои пайдоиши навъҳои нави коронавирусро номбар карданд


Олимон сабабҳои пайдоиши навъҳои нави коронавирусро номбар карданд

Бекор кардани маҳдудиятҳо дар бисёр кишварҳо ҳангоми пандемияи COVID-19 боиси пайдоиш ва паҳншавии штаммҳои нави вирус шудааст. Дар ин бора дар як пажӯҳиши олимони австриягӣ, ки дар маҷаллаи Scientific Report нашр шудааст, гуфта мешавад.

Модели сохтаи олимон нишон дод, ки хатари мутация аз ду омил вобаста аст: таносуби аҳолии эм кардашуда ва шумораи сироятёфтагон. Дар натиҷаи ҳисобҳо, муҳаққиқон ба хулосае омаданд, ки бояд аксарияти аҳолӣ, ҳадди аққал 60%, эм карда шаванд.

"Таъхир дар ваксинатсия (эмгузаронӣ) дар баъзе кишварҳо дар муқоиса бо кишварҳои дигар, пайдоиши глобалии штамми ба ваксина тобоварро бештар мекунад. Бе ҳамоҳангсозии ҷаҳонӣ, штаммҳои ба ваксина тобовар метавонанд дар баъзе популятсияҳо бартараф карда шаванд, аммо дар баъзеи дигар боқӣ мемонанд. Ҳамин тариқ, барои коҳиш додани эҳтимолияти паҳншавии штамми тобовар дар саросари ҷаҳон, кӯшиши воқеан глобалии эмкунӣ лозим аст", омадааст дар мавод.

Олимон инчунин зарурати риояи чораҳои санитарӣ - риояи масофаи иҷтимоӣ ва режими ниқобро қайд кардаанд, ки ин тавсияҳо пас аз эмгузаронӣ низ боқӣ мемонанд.

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт чаҳор мутацияи SARS-CoV-2-ро "нигаронкунанда" номбар кардааст: алфа, ки аслан дар Британияи Кабир муайян шудааст, бета дар Африқои Ҷанубӣ, гамма дар Бразилия ва делта дар Ҳиндустон. Дар ин миён, мутацияи охирин (делта) идома меёбад.

Қаблан роҳбари Роспотребнадзор-и Россия Анна Попова гуфта буд, ки аз се ду ҳиссаи ҳолатҳои COVID-19 дар Россия ба штамми "делта" марбут аст. Ба гуфтаи вай, риояи чораҳои санитарӣ ва эмкунӣ басомади мутацияро коҳиш медиҳад.

RG.Ru

Тарҷумаи Муҳидинова М.


27.08.2021 276

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php