Чаро сатҳи антителаҳо барои эмгузаронӣ муҳим нест Шарҳи коршинос


Чаро сатҳи антителаҳо барои эмгузаронӣ муҳим нест Шарҳи коршинос

Бино ба иттилои расонаи хабарии русии ТАСС, номзади илмҳои тиб Екатерина Степанова гуфтааст, ки барои муҳофизат аз штаммҳои мухталифи коронавирус сатҳи гуногуни антитела лозим аст, аз ин рӯ таваҷҷӯҳ кардан ба мавҷудияти антителаҳо дар масъалаи гузаронидани ваксина лозим нест. Ба гуфтаи вай, барои муҳофизат аз штамми Африқои Ҷанубӣ сатҳи зиёда аз 1000 BAU / мл лозим аст, аммо барои штамми делта ин сатҳ бояд боз ҳам баландтар бошад, тахминан 1500 BAU / ml.

Степанова инчунин қайд кардааст, ки санҷишҳои антителаҳо 100% кафолат намедиҳанд, ҳамеша аксуламалҳои гуногун вуҷуд доранд.

"Аз ин рӯ, агар шумо то ҳол ваксина нагирифта бошед, аз ташхис гузаштан ҳеҷ маъно надорад. Новобаста аз он ки бемор будед ё не, бояд эм гузаронед", - шарҳ додааст ӯ.

Духтур инчунин гуфт, ки аксар вақт иммуноглобулинҳои сохти М мусбии бардурӯғ мебошанд. Умуман, мавҷудияти онҳо марҳилаи шадиди бемории COVID-19-ро нишон медиҳад. Ӯ ҳамчунин ақидаеро, ки дар мавриди ҷой доштани титри "хатарнок", эм кардан мумкин нест, рад кард.

Степанова таъкид кард, ки ин ҳеҷ асоси илмӣ надорад. Аз ин рӯ касоне, ки гирифтори бемории ковид ҳастанд, бо истифода аз плазмаи хайрия табобат мегиранд ва сатҳи антителаҳои муҳофизатии худро афзоиш медиҳанд, то ҳарчи зудтар шифо ёбанд.

RG.Ru

Тарҷумаи Муҳидинова М.


03.08.2021 286

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php