Пешвози 30-юмин солгарди Истиқлолияти кишвар дар Боғи «Ҷавонон»
«Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем».
Эмомалӣ Раҳмон.
Дар таърихи баъдишуравии Тоҷикистон санаи 9-уми сентябр расман ҳамчун Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидааст. Ва мардуми кишвар ин санаро ҳамчун як рӯзи муқкаддас мешуморанд.
Сарвари олии кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи суханрониҳои худ аз минбарҳои баланд Истиқлолияти миллии тоҷиконро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллат номида, аҳамияти онро баён менамоянд.
Имсол аз ба даст овардани Истиқлолияти миллӣ 30 сол сипарӣ мегардад. Ва вобаста ба ин ҷашнвораи воқеан ҳам муборак дар тамоми гӯшаю канори мамлакат барномаю чорабиниҳои мутантани сиёсию фарҳангӣ ва маърифатӣ тарҳрезӣ ва амалӣ мегарданд.
Дар ҳамин ҳошия, санаи 1-уми августи соли равон дар асоси мактуби воридотӣ ва Нақшаи омода намудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба баргузории чорабиниҳои идонаи фарҳангӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби бахши маркетинги иҷтимоии Хадамоти Ректори МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» ва дастаи ҳунарии «Шифо»-и донишгоҳ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ҷавонон» барномаи хуби фарҳангию маърифатӣ иборат аз шеъру сурудҳои марғуб дар мавзӯоти ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ҷавонию муҳаббат роҳандозӣ шуд, ки ба меҳмонону сокинони пойтахт хуш омад. Чорабинӣ давоми 90 дақиқа баргузор гардида, аъзои дастаи «Шифо» бо суруду таронаҳои марғуби худ табъи истироҳаткунандагони боғро дучанд хуш намуданд. Ҳамагон мерақсиданду шодӣ мекарданд. Ва шукронаи сулҳу ваҳдат ва истиқлолияти миллии ватани азизамонро менамуданд.
Дар таъмини донишҷӯён барои ҷолибтар намудани ин маҳфил саҳми Шуъбаи кор бо ҷавонон, Шурои занон ва КИКД-и донишгоҳ низ назаррас мебошад.
Дар интиҳо маъмурияти Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ҷавонон» ва тамоми ҳозирини боғ ба ташкилкунандагони чунин як барномаи хуби фароғатӣ, хусусан ба раёсати МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» ва Ректори он, муҳтарам Гулзода М.Қ изҳори миннатдорӣ баён намуданд.
Бахши маркетинги иҷтимоии
Хадамоти ректори МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино»