Дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон мушкилоти эмгузаронии шаҳрвандонро чӣ гуна ҳал мекунанд


Дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон мушкилоти эмгузаронии шаҳрвандонро чӣ гуна ҳал мекунанд

Мақомоти як қатор кишварҳо, ки оид ба эмкунӣ маҷмӯи чораҳо андешидаанд, аз қабили ҳавасмандкунӣ ва қонунгузории шадид, аз дастгирии васеи оммавӣ сар карда то мавҷи эътирозҳо ба вокунишҳои мухталиф дучор гаштанд. Дар пасманзари афзоиши глобалии сироятҳои нав, ки дар натиҷаи варианти дельта ба вуҷуд омадаанд, ҳукуматҳо, корпоратсияҳо, ташкилотҳо ва донишгоҳҳои саросари ҷаҳон ба эмкунӣ шурӯъ ва ҳатто пофишорӣ карданд. Маҷмӯи пурраи чораҳоро андешиданд: аз санҷиш барои коргароне, ки аз эмкунӣ саркашӣ мекунанд сар карда, то комилан ҷудо намудани иштироки онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ - чунин фармон додааст ба қарибӣ президенти Филиппин Родриго Дутерте.

Дания аввалин шуда эмгузаронии умумиро ҷорӣ намуд, ки ба эътирози шаҳрвандон дучор наомад. Аммо дар Италия ва Фаронса, ин чораҳо ҳазорон нафарро ба кӯчаҳо барангехтанд. Эътирозчиён ба нақшаҳои ҳукумат, ки дар тарабхонаҳо, осорхонаҳо ва чорабиниҳои варзишӣ кортҳои эмгузаронӣ талаб мекарданд, мухолифати худро баён карданд. Эътирозҳо дар ин ду кишвар дар рӯзҳои истироҳатӣ идома ёфта, дар ҳолате, ки итолиёиҳо ҳафтаи дуввум аст, дар Рум, Милан ва Неапол раҳпаймоӣ мекарданд, ҳазорон нафар рӯзи шанбе дар Париж ва дигар шаҳрҳои Фаронса тазоҳурот карданд. Олмон ва Бритониё то кунун ба ин равиш муқовимат карданд, вале эмкунӣ дар Испания он қадар маъмул аст, ки аз сабаби набудани эътироз ҳавасмандкуниҳо ва чораҳои қатъӣ барои эмгузаронӣ зарур шумурда намешаванд.

Баҳс дар мавриди эмгузаронии ҳатмӣ дар ИМА авҷ гирифт, ки дар он президент Ҷо Байден рӯзи панҷшанбе ба ширкатҳои бузург ҳамроҳ шуда, барои эмкунӣ ё озмоиши хизматчиёни давлатӣ исрор намуд. Байден маҷмӯи нави чораҳоро эълон намуд, ки аз кормандони вазорату идораҳои федералӣ талаб мекунанд, то ҳуҷҷатҳои эмгузаронии худро пешниҳод кунанд ё ҳадди аққал дар як моҳ як маротиба аз санҷишҳои мунтазам гузашта, талабот ба ниқоб ва маҳдудиятҳо ҳангоми сафар риоя намоянд. Ин иқдомро сарвазири Австралия Скотт Моррисон дастгирӣ карда, эълом дошт, ки нисбати австралиягиёни ваксина гирифта "қоидаҳои махсуси имтиёзнок" истифода мешаванд, зеро онҳо хавфи камтаре ба саломатӣ эҷод мекунанд.

Ба гуфтаи коршиносон талошҳои глобалӣ барои пешбурди эмгузаронӣ дар як қатор кишварҳо аз омезиши омилҳо - афзоиши сироятҳо бо варианти дельта, инчунин таҷрибаи ғамангези як қатор кишварҳо, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳида, ки дар маъракаҳои эмгузаронӣ ба ҳадафҳои пешбинишудаашон нарасида, ноком шудаанд, вобаста аст. Ин, дар навбати худ, як тамоюли нави иҷтимоӣ-сиёсиро, ки дар натиҷаи шиддат миёни шахсони ваксинзананда, ки мехоҳанд ба зиндагии муқаррарӣ баргарданд ва онҳое, ки эмкуниро рад мекунанд, ба вуҷуд омадааст, - қайд мекунад Guardian.

Дар Фаронса пас аз эълони президент Эммануэл Макрон, ки қоидаҳои маҳдудкунандаи ваксина дар тарабхонаҳо ва бисёр ҷойҳои дигари ҷамъиятӣ татбиқ карда мешаванд, дар ду ҳафта тақрибан панҷ миллион нафар вояи аввал ва зиёда аз шаш миллион вояи дуввумро гирифтанд, ки аз ин пеш зарурати эмкунӣ дар тӯли якчанд ҳафта коҳиш меёфт. Дар Италия дар баъзе минтақаҳо пас аз эълони ҳукумат дар бораи наздик шудани "иҷозатномаи сабз" талабот ба ваксинаҳо то 200 % афзоиш ёфтааст.

Дар Фаронса, ки бино бар назарии нозирон, нақшаҳои эмгузаронӣ шадидтарин ва пешрафта ба ҳисоб мераванд, аз моҳи август ин "шиносномаи саломатӣ" дар аксари ҷойҳои ҷамъиятӣ, инчунин барои сафарҳои дур ва саёҳат аз ҳамаи кормандони тиббӣ талаб карда мешавад. Ҳарчанд ин тадбирро тақрибан 60 дарсади аҳолӣ ҷонибдорӣ мекунанд, мунаққидони амали Макрон ин сиёсатро "авторитарӣ" маҳкум карданд.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, то кунун сиёсати пешгирифтаи аксари кишварҳои пешрафта дастрасии афроди ваксинашударо ба кор, истироҳат ва сафар осонтар кардааст. Идеяи дигаре, ки Байден пешниҳод мекунад, ин ҳавасмандгардонии амрикоиҳое, ки бори аввал эм карда мешаванд, бо мукофот дар ҳаҷми 100$ мебошад. Чунин равишро ҳукумати Чехия низ дастгирӣ карда, рӯзи ҷумъа барои кормандони эм гузаронида ду рӯзи рухсатии иловагӣ пешниҳод намуд.

Ба гуфтаи профессори Донишгоҳи Оксфорд Ҷулиан Савулеску, агар таҳдиди ҷиддӣ ба саломатии мардум вуҷуд дошта бошад, шароитҳое вуҷуд доранд, ки мақомот барои эмгузаронии ҳатмӣ бояд онҳоро риоя кунанд. Ин кор бояд анҷом дода шавад, зеро ваксина бехатар ва муассир аст. Ваксинатсияи ҳатмӣ дар муқоиса бо дигар роҳҳо фоидаи зиёдтар дорад ва маҷбуран эмкунии шаҳрвандон ба ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандии онҳо халал намерасонад, гуфт профессори Донишгоҳи Оксфорд Ҷулиан Савулеску.

 

RG.Ru

дар тарҷумаи Муҳидинова М.


03.08.2021 266

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php