ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ СУЛҲМЕҲВАР!


ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ СУЛҲМЕҲВАР!

Имсол миллати тоҷик 30-юмин баҳори соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон-Тоҷикистони азизро дар фазои сулҳу осоиш, дар руҳияи фараҳу нишот, бо дастовардҳои муносиби созандагию бунёдкорӣ истиқбол менамояд. Мардуми сарбаланди Тоҷикистон ин марҳилаи муҳими таърихиро бо такя ба хиради азалӣ, бо дарки томи масъулияти ватандорию хештаншиносӣ таҳти роҳбарии Сарвари оқилу дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тай намуда, мақому эътибори ин сарзамини аҷдодиро дар арсаи ҷаҳон устувор намуд. Ҳифзу ҳимоя ва муаррифии мероси гаронбаҳои тамаддуни аҷдодӣ, баҳравар сохтани насли наврас аз нури маърифат ва ба оғуши гарми нозпарвар гирифтани ниёзмандон, ин рисолати сарварӣ, қарзи фарзандӣ ва масъулияти ватандорист. Дар даврони солҳои соҳибитстиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати давлати амнтарину сулҳмеҳвар ва халқи сарбаланди тоҷик чун мардуми ташаббускору сулҳофар муаррифӣ шуда, ҷомеаи ҷаҳони хама иқдому ташаббусҳои моро чун ҳалли мушкилоти манофеи аҳли башар ҷонибдорӣ карданд. Тоҷикистон маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ чун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд. Таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар аз оғози даврони истиқлолият то ба имрӯз ҳадафи стратегии давлат ва ҳукумат мебошад. Дар ҳамин асос ислоҳоти амиқи иқтисодиву иҷтимоӣ густариш пайдо намуда, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ҳамчун ҳадафҳои стратегии сиёсати давлат муайян карда шуданд. Дар даврони истиқлолият узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардидани Тоҷикистон, ба роҳ мондани ҳамкориҳои самарабахши иқтисодӣ ва робитаҳои дипломатӣ бо бисёр кишварҳои ҷаҳон далели эътироф гардидани кишвари мо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Ба шарофати роҳи интихобкардаамон имрӯз олам кишвари моро ҳамчун ҷонибдори устувори равандҳои ҳамгироии ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳамкориҳои судманду баробарманфиати иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва таъмину таҳкими сулҳу субот дар ҳамаи сатҳҳо – миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ мешиносанд. Ин ҳама самараи татбиқи воқеии самтҳои стратегӣ ва усулҳои асосии сиёсати хориҷии давлат, ҳифзу таъмини манфиатҳои миллии кишвар, баланд бардоштани обрӯ ва эътибори он дар арсаи байналмилалӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди беруна барои таҳкими истиқлолияти миллӣ ва таъмини рушди устувори кишвар мебошад. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ҷиҳати ноил гардидан ба ин мақсадҳои олӣ миллати сарбаланду соҳибфазилати тоҷик, натанҳо азму ирода ва матонату ҳиммат зоҳир намуд, балки таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди шоҳсутуни бегазанди Истиқлоли комил қадамҳои устувор гузошт. Имрӯз ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки истиқлолу озодӣ муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва нерӯи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад. Расидан ба қадри истиқлолият ва давлатдории мустақилона, таҳкими сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ, эҳсоси ватанпарастӣ, бедории маънавӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва рамзҳои давлатдорӣ – ҳама дар маҷмӯъ моро ба сӯи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳадафҳои нав мебарад. Муқаддасу бегазанд ва пойдору устувор нигоҳ доштани истиқлолият – ин дастоварди бузург ва неъмати бебаҳо вазифаи давлат ва ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳи ин марзу бум аст.

Валиев Давлатёр

рӯзноманигор


12.08.2021 468

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php