Хатмкунандагони зинаи магистратураи донишгоҳ рисолаҳои магистрии хешро ҳимоя намуданд
Шурӯъ аз санаи 21 июни соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҳимояи рисолаҳои магистрон идома дорад. Дар ин давра хатмкунандагони зинаи магистратура аз рӯи ихтисосҳои 1-79 02 03 – Сиҳатии ҷомеа ва тандурустӣ, 1-79 02 01 – Беҳдоштӣ, 1-79 02 02 –Эпидемиология, 1-79 01 04 – Бемориҳои дарунӣ, 1-79 03 02 – Анатомияи патологӣ, 1-79 01 10 – Дерматовенерология, 1-79 04 02 – Кимиёи фарматсевтӣ, 1-79 04 01 – Технологияи фарматсевтӣ ва 1-79 02 03 – Микробиология рисолаҳои магистрии хешро бомуваффақият ҳимоя намуданд. Ёдовар мешавем, ки қабули ҳимояҳои рисолаҳои магистрон дар ҳузури Комиссияи аттестатсияи ҷамъбастии давлатии магистратура дар ҳайати раис, доктори илмҳои тиб, профессор Ибодзода С.Т., муовини раис – Гадоев Б.Ш., ва имтиҳонгирандагон дар ҳайати устодони соҳавӣ ҷараён гирифт. Хатмкунандагони зинаи магистратураи донишгоҳ пас аз ҳимояи рисолаи магистрӣ ба устодону кормандони донишгоҳ барои заҳмату дастгириҳои пайваста изҳори сипос намуданд.
Шуъбаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ