Тоза созад гулбуни умедро пайғоми дӯст
Имсол соли бисёр пурфайзу бобаракат аст, зеро мардуми кишвари мо 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирад. Дар давоми сӣ сол бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ корҳои ободонию созандагӣ ривоҷ ёфтанд. Ҳаёти мардум ҳам аз ҷиҳати иҷтимоӣ, ҳам иқтисодӣ ва ҳам маънавӣ рӯ ба беҳбудӣ овард.
Бо назар намудан ба таърихи давлатдорӣ, маълум мегардад, ки ҳама пешравӣ ва мушкилот дар равобити байни давлатҳо ба дипломатия вобастагӣ дорад. Муносибатҳои неку робитаҳои устувор аз қаъри асрҳо то кунун мавқеи калидии худро аз даст надодааст. Маҳз барқарор намудани робитаи тарафайн имкон додааст, то ҳама муноқишаҳо бартараф, ҷангҳои ҷаҳонӣ ба сулҳ табдил ёфта, муносибатҳои неки ҳамсоягӣ устувор шаванд. Халқи тоҷику ӯзбек низ давраҳои гуногуни таҳаввулотро паси сар кардаанд ва ҳамбастагии онҳо дар варақҳои нигорини таърихи тамаддуни башарӣ чун халқҳои ба ҳам дӯсту бародар бо хати заррин сабт гардидаанд. Боиси зикр аст, ки қариб дар ҳама гӯшаву канори Тоҷикистон тоҷикону ӯзбекон ҳампаҳлуянд, дар хона, саҳро, дар соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, саноат, илму маърифат, хуллас, дар ҳама ҷо аҳлона кору зиндагӣ мекунанд. Дар хонадони ӯзбек арӯси тоҷикро, дар хонадони ӯзбек домоди тоҷикро дидан амри муқаррарист. Бо ду забон ҳарф мезананд онҳо. Ба гуфтаи шоири ширинзабон Боқӣ Раҳимзода «тоҷику ӯзбек дугонике ҳастанд, ки онҳоро фарқ кардан душвор аст». Ҳатто мақолҳои халқӣ, латифаҳо, ривоятҳо дар ду забон дар як қолаб истифода мешаванд. Бисёрии онҳо ба тарҷума зарурат надоранд. Дар давоми суҳбат ӯзбекон аз мақолҳои тоҷикӣ истифода баранд, тоҷикҳо аз мақолҳои ӯзбекӣ мисолҳо меоранд, ки ин ба як одати урфӣ табдил ёфтааст. Дар байни ин ду халқ ҳазлу мутоиба бо самимият, ҳурмату эҳтиром нисбат ба якдигар сурат мегирад. Азбаски панди бо ҳам бародар будан дар хуни мардуми мо ҷой гирифтааст, дӯстии мо то имрӯз давом дорад ва то абад чунин хоҳад буд. Риштаҳои дӯстии ба ҳам пайвастаи бобову бобокалонашонро ҷавонони имрӯза бо ибрат аз Сарвари хирадманду некбинамон, обутоб медиҳанд, рангинтар месозанд, ки боиси ифтихор аст. Ҳамаи ин аз меҳру муҳаббати бепоён ва ҳурмату иззати ҳамдигарӣ шаҳодат медиҳад. Президенти кишвар аз рӯзи Сарвари давлат интихоб шудан, ба намояндагони ҳама халқу миллатҳои Тоҷикистон таваҷҷуҳ доранд, ягон халқ аз эътиборашон дур нарафтааст. Дар ин бора аз очерки илмӣ - оммавии ёрдамчии Президенти ҶумҳурииТоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, узви пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода «Равобити адабию фарҳангӣ – рукни муҳими таҳкими дӯстии тоҷикон ва ӯзбекон» иқтибос овардан бамаврид аст. Ӯ менависад: «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷумлаи шахсиятҳои сиёсӣ ва роҳбари сатҳи аввал маҳсуб меёбанд, ки барои таҳкими анъанаҳои неки ду халқ – тоҷику ӯзбек иқдом гирифта, дар бисёре аз вохӯриҳояшон бо муҳаббат доир ба дӯстии қадимии мардуми тоҷику ӯзбек изҳори назар кардаанд. Махсусан, Сарвари тоҷикон дар ноҳияҳои сарҳадӣ борҳо бо мардуми одию заҳматкаши ӯзбек вохӯрда, оид ба сулҳу ваҳдат, ободию ободкорӣ, дӯстию бародарӣ суҳбатҳо доир намудааст. Пешвои миллати тоҷикон сифатҳои неку арзандаи фарзандони ӯзбекро ба некӣ ёд карда, хидмати шоистаи онҳоро борҳо бо мукофотҳои давлатӣ қадр намудааст. Дар баробари ин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони аҳли илму адаб, санъату фарҳанги ӯзбектаборро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, баробари тоҷикон дар аксари ҷашну идҳои давлатӣ даъваташон мекунанд ва ба онҳо имкон медиҳанд, ки дӯстию рафоқатро бо шеъру оҳангҳои баландғоя тараннум намоянд…»
Бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон муносибатҳои нави иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ равнақи тоза пайдо намуданд. Маҳз ба шарофати сиёсати оқилонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев муносибатҳои дӯстонаи ду халқ - тоҷику ӯзбек ба марҳилаи нав баромад. Дар байни ду кишвари дӯсту бародар баргузор кардани рӯзҳои адабиёту фарҳанг, ифтитоҳи роҳи ҳавоии хатсайри Душанбе - Тошкент - Душанбе, аз нав барқарор гардидани хатсайрҳои қатора, густариши савдо ва ниҳоят барои сода кардани раводид тадбирҳои судманд андешидани роҳбарони ду кишвар боиси хушнудӣ аст. Тадбирҳои фараҳбахш, ки барои мустаҳкам гардидани дӯстии тоҷику ӯзбек кӯмак мерасонанд, шаҳодат медиҳанд, ки дар муносибатҳои ду халқ дигаргуниҳои сифатан нав пайдо шудаанд.
Рӯзҳои ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон суннатҳои бисёрасраи дӯстӣ, ҳамсоягӣ ва эҳтироми байни халқҳои тоҷик ва ӯзбекро қудрату тавоноии нав бахшид. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: «Ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Муносибати мардумони мо аз қаъри таърих реша мегирад ва он бояд бо талошу ташаббусҳои муштараки халқҳо то абад поянда бимонад». Дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек қодир аст ҳама мушкилотро ба осонӣ ҳаллу фасл намояд. Тайи солҳои ахир муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба марҳилаи сифатан нав - сатҳи шарикии стратегӣ расида, муҳтавои мушаххаси амалӣ касб карданд. Бо ташаббус ва ба туфайли иродаи қавии сиёсии сарони кишварҳо масоили муҳими рушди робитаҳо байни кишварҳо ва халқҳои дӯсту бародар роҳи ҳалли худро пайдо намуданд. Тоҷикистону Ӯзбекистон мехоҳанд будубоши шаҳрвандони якдигарро содатар кунанд. Ҳаҷми савдои дуҷониба бамаротиб афзуда, соли гузашта ба зиёда аз 500 млн доллар расид ва дар ин давра беш аз 200 корхонаи муштарак таъсис дода шуд. Табодули таҷриба дар соҳаи гуманитарӣ ва робитаҳои пурсамар байни минтақаҳо муваффақона дар ҳоли рушданд.
Пас аз сафари қаблӣ, Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев таассуроташро бо як эҳсоси баланди инсоннавозона нисбати меҳмондӯстӣ ва самимияти баланди мардуми Тоҷикистон чунин иброз дошт, ки баёнгари табиати аслии мардуми мост: «Ман меҳру муҳаббати мардумро дар чашмонашон дидам….».
Инак, имрӯзҳо Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дигарбора меҳмони кишвари мо гаштанд-меҳмони азизу олиқадр. Бо таваҷҷуҳ ба ҳусни эътибори тарафайн ва муносибатҳои неку самимӣ, метавон гуфт, ки ин сафар низ дар таърих бо хатҳои заррин сабт мегардад. Умед аст, ки натиҷаҳои сафари расмӣ барои таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ, муносибатҳои дӯстӣ ва робитаҳои шарикии стратегии кишварҳо, мусоидат хоҳад кард.
Турсунова З.- шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа
10.06.2021
323