Ҳарфи мо сад тобише дорад ба ҳангоми баён!
Дар тӯли 30 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мо ба комёбиҳои бузурги таърихию фарҳангӣ ноил гаштаем. Ин ҳама дастовардҳо аз сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омадаанд, ки ба чашми бадхоҳони миллат намеғунҷанд. Онҳо боз бо ҳар роҳу восита мехоҳанд мардуми тоҷикро дар ҳоли парешониву мусибат бубинанд ва дар ин роҳ ҳатто ба тори қалби мардум бо навоҳои гуногун нохун мезананд. Барои ба ҳадаф расидан аксаран давлатҳои абарқудрат шаҳрвандони гуногун алалхусус, ҷавононро ба доми худ мекашанд, то ин ки ғаразҳои сиёсии хешро пиёда созанд. Вазъияти ноороме, ки имрӯз дар марзи Тоҷикистону Қиғизистон ба амал омадааст, мардуми моро ба ташвиш овардааст. Мо бояд ботамкину ҳушёр бошем, ба ҳар гуна дасисаҳо бовар накунем ва танҳо ба Сарвари хеш, ки таъмини амнияти давлатӣ ва миллиро бар дӯш доранд, гӯш андозем. Бояд таъкид намоем, ки ба арсаи ҷаҳонӣ ворид шудани Тоҷикистон як дунёи тозаеро дар роҳи кашфу омӯзиши илмҳои дунявӣ боз намудааст ва ҳар як сокини кишвар имрӯз бе мамониат аз ин дунёи равшан гули умед мечинад. Ҳадафҳои асосии Роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, рушди устувори давлат ва ташаккули миллати мутамаддин, таъмини саодати ҳар хонадони Тоҷикистон ва таҳкими нуфузу обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ мебошанд. Ва ин ақидаҳои побарҷо наметавонад бо вазидани чунин «бодҳои кӯчак» ларзиш бихӯранд. Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик қарнҳои гузашта аз дасти миллатҳои гуногун азияти зиёд дидааст ва он ҷанги шаҳрвандие, ки мардуми мо дар даҳаи охири асри ХХ аз сар гузаронид, бо амру ибтикори хориҷиён сар зада буд, ки имрӯз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон бархе аз зархаридону саркардагони ин ҳодисаҳоро дастгир намуда, ба ҷавобгарӣ кашида истодаанд.
Аввалин даъват дар аввалин рӯзҳои сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон оҳангу таровати фарҳангӣ дошт. Фарҳанги ҳадису қуръонӣ, фарҳанги бародарӣ, фарҳанги дӯстӣ, фарҳанги рафоқат ва фарҳанги сулҳу ваҳдат, ки миллат он рӯз ба он шадидан ниёз дошт, имрӯз низ ба он ниёз дорад ва фардоҳои дигар ҳам ба он ниёз хоҳад дошт.
Сиёсати пешгирифтаи роҳбарони давлатҳои дунё гуногун буда, сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлати тоҷикон сиёсати созанда аст. Он барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидани давлати мо мусоидат менамояд ва муарифгари хиради волои тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ гаштааст. Аз ҷумла сиёсати давлати тоҷикон дар ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ, ки ба оромии ҷомеа халал ворид месозад, мақбули ҷаҳониён хоҳад гашт. Сиёсати давлати тоҷикон ҷанбаҳои хуби сиёсиро аз бар намуда, миллати моро ба ваҳдати миллӣ ва сулҳу салоҳ овардааст. Ин усули ҳали масъала омили он аст, ки мардум аз сиёсати хирадмандонаи Роҳбари хеш ҳамаҷониба пуштибонӣ менамоянд.
Дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ мавзӯи асосӣ ба паӣвастани шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, ба гурӯхҳои тундрав равона шудааст, ки ин мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад. Ҳадаф аз ин кирдори бераҳмона ноором кардани вазъи сиёсӣ, эҷоди бесарусомониҳо, коста намудани обрӯи давлат ва ҳамзамон ноором сохтани вазъи сиёсӣ буда, ҳамзамон шӯр барпо карданҳо миёни қишрҳои ҷомеа мебошад. Бо таассуф метавон гуфт, ки бархе аз ҷавонони мо ба ҷои омӯхтани илму дониш ба роҳҳои нодуруст рафта, теша ба решаи хеш мезананд. Албатта, мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб на бо роҳи низомӣ, балки фақат тариқи муколамаи сиёсӣ имконпазир аст. Инро таҷрибаи Тоҷикистон собит намудааст. Истиқлол ва ваҳдату сулҳ неъматҳое ҳастанд, ки онҳоро ҳифз бояд кард. Таҷриба собит намудааст, ки нигоҳ доштану тақвият бахшидани истиқлолу ваҳдат чӣ қадар заҳматталабанд ва онҳо дар баробари рушди иқтисоду фарҳанг ва иҷтимоиёт то чӣ андоза дастоварди нодир маҳсуб меёбанд. Бояд зикр намуд, ки падидаҳои мазкур асоси ҳама гуна муносибатҳои мусбат дар ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Дар давлате, ки оромӣ, субот ва амният ҳукмрон аст, фаъолияти самараноку бомароми сиёсати байналмилалиро метавон ба роҳ монд. Ҳар як фарди худогоҳ ва ватандӯст бояд дар ҳифзи асолати поки гузашта, нигоҳдории якпорчагии Ватан, ягонагии ҷуғрофӣ ва сиёсии кишвар, дифои сулҳу оромӣ, истиқлолу ваҳдати миллӣ масъулиятшинос бошад. Хушбахтона, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои нигаҳдории сулҳу оромии кишвар, таъмини шароити зиндагии арзандаи сокинони ҷумҳурӣ ва наслҳои оянда бо дилу нияти нек дар як замони бениҳоят ҳассос, ки хавфи пароканда шудани давлат ва аз байн рафтани миллати тоҷик баръало эҳсос мегардид, давлатдориро ба ӯҳда гирифта, дар як муддати кӯтоҳ шӯълаи умедро ба фардои дурахшон дар қалби ҳар як фарди миллат фурӯзон намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёда аз 145 кишвари дунё ҳамчун давлати мустаққил мешиносанд ва эътироф мекунанд. Ҷумҳурии мо бо як қатор давлатҳои ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкориҳои тиҷоратӣ ба роҳ мондааст. Файзи истиқлол, сиёсати хирадмандона ва кӯшишу ғайрати беандозаи Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гашт, ки соҳаҳои иқтисодиёту маориф, тандурустиву кишоварзӣ давра ба дара рушд ёфта, мустаҳкам гардида истодаанд. Маврид ба зикр аст, ки таи чанд соли охир сатҳи ҳаёти мардум рӯ ба беҳбудӣ ниҳодаву гӯшаву канори диёрамон боз ҳам ободу зеботар мегардад.
Имрӯз, ки ҷаҳони муосирро муборизаҳои шадиди итилоотӣ фаро гирифтаасту дар шабакаҳои иҷтимоӣ давлату миллати моро баъзе гурӯҳҳои аз сиёсат бехабар санги маломат мезананд, мо набояд бетарафӣ зоҳир намоем. Ба навор гирифтану он наворҳои ҳаваскоронаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой додан камоли бефарҳангист. Пеш аз ҳама ба хотири озурда насохтани хотири намояндагони дигар қавму миллатҳое, ки сокини минтақаҳои марзии Тоҷикистон мебошанд мо бояд чораҳои зарурӣ андешем. Ин гуна наворҳо маҳалгароёна буда, ҳисси бадбиниро дар байни мардуми Қирғизу Тоҷик меафзояд. Набояд фаромӯш кард, ки шабакаҳои иҷтимоӣ дар тамоми ҷаҳон аудиторияи худро доранд ва аз гузоштан ва ё навиштани ҳар маводе, ки дӯстии ин ду халқро халалдор менамояд, худдорӣ намоем:
Ҳарфи мо сад тобише дорад ба ҳангоми баён,
Дар сухан бисёр ботадбир мебояд шудан.
Чунин наворҳо аз сатҳи пасти маданияти банаворгиранда далолат карда метавонанд, ки ин ҳам бошад санги маломат бар сари миллату халқи тоҷик аст. Ин гуна амалҳо(наворҳо)и ношоиставу номатлуб дар чашми ҷомеаи башарӣ фарҳангу маданияти тоҷикро коста месозанд. Ҳол он ки аз ин фурсат истифода намуда, даставу гурӯҳҳои ифротгарову террористӣ метавонанд байни халқҳои мо низоъ барангехта ғаразҳои хешро пиёда намоянд. Ҳамаи мо медонем, ки роҳи ҳалли ин мушкилот на силоҳ ба даст гирифтан аст, зеро барои бадхоҳони давлату миллати мо дар расидан ба ҳадафҳои хеш заминаи мусоид фароҳам меорад. Роҳи ҳалли ин масъалаҳо танҳо гуфтушуниди сарони давлатҳо ва мақомоти дахлдору салоҳиятдор буда, ҳама қарору қонунҳои дар ин мавзуъ қабулшуда аз ҷониби мардуми ду кишвар ба таври ҳатми бояд риоя шаванд. Комиссияи муштараке, ки аз ҷониби ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳалли баҳсҳои сарҳадӣ ва низои мусаллаҳонаи 29 апрели соли 2021 дар минтақаҳои наздисарҳадӣ рухдода, таъсис ёфтааст, сабабҳо ва оқибатҳои ҳодисаро муҳокима карда, ба мувофиқа расиданд. Даргириҳои мусаллаҳона қатъ карда шуда, ҳайати шахсӣ ва техникаи ҳарбӣ ба ҷойҳои муқимии хеш баргардонида шуданд ва инчунин барои роҳ надодан ба муташанниҷ гаштани вазъият чораҳои зарурӣ андешида шудаанд. Гурӯҳҳои кории муштараки ду кишвар аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони мақомоти иҷроия барои татбиқи пурраи тадбирҳои андешидашуда ва фароҳам овардани шароити мусоид барои раванди музокироти судманд ба манфиати ду халқ ва ду давлати ба ҳам дӯст ташкил карда шудааст.
Дар баробари ин, ҳамаи мо вазифадорем, ки пеш аз ҳама худамон намунаи ибрат будаву нангу номуси ватандорӣ дошта бошем ва ба ҳар гуна иғвогариҳо роҳ надиҳем. Мардуми кишварро ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят намуда, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнат ба манфиатҳои миллат ва давлатро гирем. Барои ояндаи дурахшони кишвари азизамон бо душманони он муборизаи беамон бурда, воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос намоем. Ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту меҳанпарвар бошем!
Мо ифтихор аз он дорем, ки давлату Ҳукумати тоҷик барои таъмини шароити арзандаи зиндагӣ тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст ва халқи тоҷик дар фазои ором, озод ва обод зиндагӣ мекунад. Аз ин рӯ, мо бояд шукургузор бошему ба ҳар гуна фитнаҳо дода нашуда, такя бар хиради волои Роҳбари давлати хеш намоем, зеро муноқишаҳои марзиро ба тариқи қонунӣ шахсони масъул ҳал менамоянд. Хушбахтона, хиради волои мардуми тоҷик, таҷрибаи сулҳофари Пешвои муаззами миллат бори дигар дар сафҳаи таърихи тоҷик исбот хоҳад кард, ки тоҷикон мардуми хирадпешаву сулҳпарваранд ва ба ҳар гуна бесарусомониҳо роҳ нахоҳанд дод!
Таибов С.А. – сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа
Муҳидинова М.- мутахассиси шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа
30.04.2021
345