Хатмкунандагон аз санҷиш мегузаранд
Санҷиши амалии таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ дар доираи «Соли таҳсили клиникӣ» ба тавре OSCE (имтиҳони объективии сохторшудаи клиникӣ) барои донишҷӯёни курси 6-уми факултети тиббӣ рӯзи 19 апрели соли ҷорӣ дар Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ идома ёфт.
Дараҷаи донишу маҳорати донишҷӯёнро устодони кафедраҳои клиникӣ зери роҳбарии муовини ректор оид ба корҳои таълимию методӣ, профессор Ибодзода С.Т. санҷиданд.
Дар ин рӯз донишҷӯёни гурӯҳҳои 43 - 53 аз санҷиш гузаштанд. Мавриди қайд аст, ки тавассути талошу кӯшишҳои роҳбарияти донишгоҳ солҳои охир дар Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ тамоми шароитҳои зарурӣ таъмин карда шудаанд, ки ин ба санҷиши самараноки малакаву маҳорати касбии донишҷӯён ва таъмини шаффофият дар раванди санҷишу имтиҳонот мусоидат менамояд.
Ш.Қ.Матинов, сардори шуъбаи таҷрибаомӯзии донишгоҳ
20.04.2021
1210