Санҷиши амалии таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ дар доираи «Соли таҳсили клиникӣ» ба таври OSCE
Рӯзи 16-уми апрели соли 2021 санҷиши амалии таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ дар доираи «Соли таҳсили клиникӣ» ба тавре OSCE (имтиҳони объективии сохторшудаи клиникӣ) барои донишҷӯёни курси 6-уми факултети тиббӣ идома дорад. Муовини ректор оид ба корҳои таълимию методии МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” д.и.т., профессор Ибодзода С.Т. аз рафти санҷиш назорат бурда, дар якҷоягӣ бо устодони кафедраҳои клиникӣ дараҷаи донишу маҳорати донишҷӯёнро санҷиданд.
Донишҷӯёни гурӯҳҳои 23 то 33 аз санҷиш гузаштанд, ки аксарияташон санҷишро бомуваффақият анҷом доданд.
Раиси комиссия - муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ н.и.т., дотсент Қобилов Қ.К., муовини раиси комиссия - сардори шуъбаи методӣ н.и.т. Исоева М.Б., котиби комиссия - мутахассиси шуъбаи таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ Усмонов Б.Н. буда, декани факултети тиббӣ д.и.т., профессор Хоҷаева Н.М., директори Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ н.и.т. Усмонов Ҷ. Н., муовини декани факултети тиббӣ Раҳимова Д.С. аз рафти санҷиш назорат мебаранд.
Сардори шуъбаи таҷрибаомӯзии истеҳсолии МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» н.и.т., дотсент Матинов Ш.Қ.