ТАҲСИЛИ ОРДИНАТОРОН ВА ТАБИБОН–ИНТЕРНҲО ДАР МТБ ДАВОМ ДОРАД
Дар пойгоҳҳои кафедраҳои клиникии Маркази таҳсилоти баъдидипломи (МТБ)-и МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» ординаторон ва табибон-интернҳо таҳсил менамоянд. Аз он ҷумла табибон-интернҳо ва ординаторони клиникӣ, ки хатмкардагони факултети тиббии донишгоҳ мебошанд дар пойгоҳи кафедраи акушерӣ ва гинекологии № 1-и донишгоҳ – МДТ «Таваллудхонаи шаҳрии» № 1 вобаста ба ихтисоси ояндаашон таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ менамоянд. Муттасадиён дар ин самт оид ба давомот, сатҳи таҳсил аз Маркази таҳсилоти баъдидипломии донишгоҳ Садриддинова М,Д, ва Ҳусейнова Д.С. мебошанд.
Директори Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ
н.и.т., профессори фахрии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино - Гадоев Б.Ш.