Оғози санҷиш аз фанҳои клиникӣ барои донишҷӯёни курси 6-уми факултети тиббӣ


Оғози санҷиш аз фанҳои клиникӣ барои донишҷӯёни курси 6-уми факултети тиббӣ

14 апрели соли 2021 санҷиши амалии таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ дар доираи «Соли таҳсили клиникӣ» ба таври OSCE (имтиҳони объективии сохторшудаи клиникӣ) барои донишҷӯёни курси 6-уми факултети тиббӣ оғоз гардид. Соли ҷорӣ донишҷӯён аз 6 фанни клиникӣ санҷиш месупоранд. Устодони кафедраҳои клиникӣ дараҷаи донишу маҳорати донишҷӯёнро дар шаш ҳуҷраи таълимӣ (инстанция) – акушерӣ ва гинекология, бемориҳои ҷарроҳӣ, бемориҳои дарунӣ, анестезиология ва реаниматология, бемориҳои сироятӣ ва педиатрия санҷиданд.

Дар ин рӯз донишҷӯёни гурӯҳҳои 1-11 аз санҷиш гузаштанд, ки аксарияти онҳо муваффақият доштанд. Санҷиши амалии таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ дар доираи «Соли таҳсили клиникӣ» ба таври OSCE барои донишҷӯёни курси 6-уми факултети тиббӣ рӯзҳои минбаъда идома хоҳад ёфт. Чунончи:

- 15 апрели соли 2021 (гурӯҳҳои 12-22),

- 16 апрели соли 2021 (гурӯҳҳои 23-33)

- 17 апрели соли 2021 (гурӯҳҳои 34-42)

- 19 апрели соли 2021 (гурӯҳҳои 43-53)

- 20 апрели соли 2021 (гурӯҳҳои 54-62, 63х.)

Рӯзи азнавсупории санҷиш - 21 апрели соли 2021

Раиси комиссия, муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ н.и.т., дотсент Қобилов Қ.К., муовини раиси комиссия, сардори шуъбаи методӣ н.и.т. Исоева М.Б., котиби комиссия мутахассиси шуъбаи таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ Усмонов Б.Н. буда, декани факултети тиббӣ д.и.т., профессор Хоҷаева Н.М., директори Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ н.и.т. Усмонов Ҷ.Н., муовини декани факултети тиббӣ Раҳимова Д.С. рафти санҷишро назорат мекунанд.

 Сардори шуъбаи таҷрибаомӯзии истеҳсолии МДТ «ДДТТ ба номи

Абӯалӣ ибни Сино» н.и.т., дотсент  -  Матинов Ш.Қ.


4
3
2
1
15.04.2021 1165

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php