ДАР ПОЙГОҲИ МТБ – ОКСБ МАШҒУЛИЯТҲОИ АМАЛИИ ШУНАВАНДАГОНИ КУРСҲОИ ТКО БАРГУЗОР ГАРДИДА ИСТОДААСТ
ДАР пойгоҳи Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ (МТБ) – Озмоишгоҳи кишти селуллаҳои бунёдӣ (ОКСБ)-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳти роҳбарии омӯзгор Наврузбекова С.А. барои шунавандагони курси ташхиси клиникии озмоишгоҳӣ (ТКО) машғулиятҳои амалӣ дар озмоишгоҳ гузаронида шуда истодааст.
Дар машғулиятҳои амалӣ ҳамагӣ – 22 нафар дар ду баст иштирок менамоянд. Дар машғулиятҳои мазкур шунавандагон бо корҳои амалӣ машғул буда, ба семинари ҷамъбастӣ тайёрӣ мебинанд, ки дар он бо презентатсияҳои омоданамудаи худ баромад менамоянд.
Директори Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ
н.и.т., профессори фахрии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино - Гадоев Б.Ш.