Дарсҳои амалӣ дар МОМА


Дарсҳои амалӣ дар МОМА

Рӯзҳои 8-13 феврали соли 2021 дар Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ аз фанни таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона машғулятҳои амалӣ гузаронида шуд. Донишҷӯёни курси 3-юми факултетҳои тиббӣ, педиатрӣ, стоматологӣ ва бакалаврони курси 2-юм факултети тиббӣ дар давоми ҳафта сатҳу сифати донишу маҳорати худро баланд бардоштанд. Дар рафти дарсҳо устодони кафедраи ТАБК ба муҳассилин усулҳои муайян кардани нуқтаҳои шунвоии дил ва шушҳо, намудҳои зиёди шуввосҳои дилу шушҳо ҳангоми ҳар гунна бемориҳо, чен кардани қаду комати кӯдакон, андоза намудани сар ва қафаси синаи кӯдакон, чен кардани вазни кӯдак, хӯронидани кӯдак, шӯстани меъдаи кӯдак, тазриқҳои дарунӣ ва ридӣ, дарунимушакӣ ва зерипӯстиро омӯзониданд. 

Директори Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ н.и.т.  -  Усмонов Ҷ.Н.


15.02.2021 1259

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php