Барги пудина ва гиёҳи кокутӣ сазовори сертификати мутобиқат


Барги пудина ва гиёҳи кокутӣ сазовори сертификати мутобиқат

Ҳафтаи сипаришуда Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии “Фарматсия”-и МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” боз оиди 2 растании шифобахши ватанӣ – барги пудина ва гиёҳи кокутӣ соҳиби сертификати мутобиқат гардид.

Гиёҳи кокутӣ

Нишондод: Ҳамчун маводи балғамрон.

Тарзи истифодабарӣ ва меъёр: 4 халтаи полоиширо дар зарфҳои шишагӣ ё сирдор гирифта ба онҳо 200 мл (1 стакан) оби ҷӯшонида рехта, рӯи онро мепӯшанд ва ба муддати 15 дақиқа дам медиҳанд. Давра ба давра бо қошуқ халтаи полоиширо зер мекунанд, сипас халтаи полоиширо фишор медиҳанд. Ҳаҷми маводи умумиро то 200 мл мерасонанд. Гармогарм 1/4 - 1/2 истаконӣ дар як рӯз 2-3 маротиба 15 дақ. пеш аз хӯрок истеъмол менамоянд. Давомнокии табобат 2 ҳафта.

Зидди нишондод: Ҳассосияти баланд ба мавод. Ҳангоми ҳомиладорӣ ва барои кӯдакони то 18-сола истифода бурдан манъ аст. 

Барги пудина

Нишондод: Маводи зидди ихтилоҷӣ ва талхарон.

Тарзи истифодабарӣ ва меъёр: 2-халтаи полоиширо дар зарфи шишагӣ ё сирдор гирифта ба он 200 мл (1 стакан) оби ҷӯшонида рехта, рӯи онро мепӯшанд ва ба муддати 15 дақиқа дам медиҳанд. Дохилӣ, калонсолон гармогарм ½ истаконӣ, кӯдакони аз 4 сола боло – аз 1 қошуқи ошӣ то ¼ истаконӣ дар як рӯз 2-3 маротиба 15 дақ. пеш аз хӯрок истифода мебаранд. Тавсия дода мешавад, ки дамобаро пеш аз истифода такон диҳед. Дамобаи нав омодашударо истифода баред.

Зидди нишондод: Ҳассосияти баланд ба мавод. Кӯдакони то 3 сола, аллергия, хоболудӣ, пастшавии фишори хун, ҳомилагӣ. Дар давраи ширдиҳӣ аз истеъмоли дамоба бо консентрасияи баланд даст кашед. 

Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии “Фарматсия”


21.12.2020 1890

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php