Ҷаласа оид ба иҷрои супоришҳои Ситоди чумҳуриявии COVID-19
Дар МТИК “Стоматология” оид ба иҷрои супоришҳои Ситоди чумҳуриявии COVID-19 баҳри пешгирӣ намудани паҳншавии бемории коронавирус ҷаласа баргузор гардид. Дар чаласа директори марказ н.и.т. Одинаев Н.С., мудири кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ Тохтахоҷаева С.Т., сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа Таибов С. А., мудири кафедраи стоматологияи ортопедӣ н.и.т. Зарипов А.Р., кормандони марказ ва донишҷӯёни факултаи стоматологӣ иштирок доштанд.
Дар ҷаласа масъалаи риояи қатъии талаботҳои Ситод оиди пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 мавриди баррасӣ қарор дошт. Ассистенти кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ Ёраков Ф.М. бо маърӯзаи мухтасар баромад намуд. Ӯ аз ҷумла гуфт: “Ин беморӣ дар организми инсон аз 45 то 90 рӯз боқӣ мемонад ва ин ҳолат аз организми шахси бемор вобаста аст. Бинобар ин мо, табибон, тавсия медиҳам, ки шаҳрвандон, ҳатман, масофаи иҷтимоиро риоя намуда, аз ниқобҳои яккарата истифода баранд. Маълум аст, ки ниқоб моро аз сироятёбӣ як қадар нигоҳ медорад ва агар сироят ҳам ёбем ба миқдори хело кам. Илова бар ин, ниқоб имкон медиҳад, то шахси бемор бо миқдори ҳарчи камтари вирус дигаронро сироят намояд. Шустани дастон бо оби гарму собун шарти дигари эҳтиёт аст. Дар ҳолати аз манбаи об дур будан аз маҳлулҳои антисептикӣ истифода кардан зарур аст.
Барои устувор гардидани иммунитет пас аз беморӣ бояд антителаҳои солим ва коршоям дар организм ҳосил шаванд. Антителаҳо дар навбати худ асосан аз сафеда иборат мебошанд, ки дар гӯшти гов ва гусфанд сафедаи аз ҳар ҷиҳат пурсифат мавуд аст. Сафедаҳои набототӣ он қадар сифати баланд надоранд. Барои ҳамин шахсони бемор бояд дар давраи шифоёбӣ бештар гӯшт, микроэлементҳо (дар меваҳо бештар дида мешавад) ва витаминҳо, ки чун катализатор дар ташакулёбии антителаҳо иштирок мекунанд, истеъмол намоянд. Қобили қайд аст, ки дар ҳолати карантини сахт организм ва системаи иммунии калонсолон заиф мегардад, яъне офтобро намебинанд ва ин боиси кам гардидани яке аз витаминҳои ассосии системаи иммунии организм - витамини Д мегардад. Камҳаракатӣ ба пастшавии гардиши хун дар узвҳо ва заифшавии организм мусоидат мекунад, ки ин ба пастшавии муқовимати организм, яъне тавлиди гормони стрес оварда мерасонад. Бинобар ин мо бояд шароит муҳаё намоем, ки калонсолон ба ҳавои кушод бароянд, сайру саёҳат кунанд ва аз ҳузур дар ҷойҳои ҷамъиятӣ худдорӣ намоянд.”
Дар фарҷоми ҷаласа иштирокчиён андешаву мушоҳидаҳои худро баён намуданд.
Муҳидинова М. - шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа