Маҳфили илмии донишгоҳӣ “Ҳафтаи умумиҷаҳонии истифодаи дурусти антибиотикҳо”


Маҳфили илмии донишгоҳӣ “Ҳафтаи умумиҷаҳонии истифодаи дурусти антибиотикҳо”

Маҳфили илмии донишгоҳӣ бахшида ба «Ҳафтаи аврупоии истифодаи дурусти доруҳои зиддимикробӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  дар ҳамкорӣ бо намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргузор гардид.

Мақсади асосии маҳфили илмӣ баланд бардоштани сатҳи дониш оид ба масъалаҳои истифодаи дурусти доруҳои зиддимикробӣ, баҳри коҳиш додани пайдоиши устуворӣ дар натиҷаи истифодаи ғайримақсадноки онҳо мебошад.

Дар чорабинӣ олимону мутахассисон, муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ, декани факултаи фарматсевтӣ, директор ва кормандони МТИИ «Фарматсия», омӯзгорон ва донишҷӯёни кафедраҳои тахассусии фарматсевтии донишгоҳ иштирок намуданд.

Дар рафти маҳфили илмӣ маърӯзаҳо оид ба мақсади асосии «Ҳафтаи аврупоии истифодаи дурусти доруҳои зиддимикробӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», “Принсипҳои асосии истифодабарии дурусти маводи дорувории зиддимикробӣ”, “Масъалаи устувории антибиотикҳо ва роҳҳои пешгирии он” ва ғ. баррасӣ шуданд. 

Бахши иттилооти оид ба маводи дорувории МТИИ “Фарматсия”


4
3
2
1
28.11.2020 397

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php