Чиро оиди антибиотикҳо бояд донист?


Чиро оиди антибиотикҳо бояд донист?

Дар давоми ҳазорсолаҳо инсоният ба бемориҳои сирояткунандае, ки ҳаёти миллионхо одамонро зери хатар мебурд ва сабаби асосии марги онҳо мегардид, гирифтор мешудаанд. Соли 1929 микробиологи англис А.Флеминг аввалин антибиотик – пенисиллинро кашф намуд. Ин яке аз кашфиётҳои барҷастаи асри ХХ буд. Дар таърихи илмҳои Биология ва Тиб асри нав – асри антибиотикҳо оғоз гардид. Аз солҳои 40-ум маводҳои доругие, ки ин ё он микроорганизмҳоро мекуштанд ва ба зиёдшавии онҳо монеъ мегардид, ба таври васеъ дар таҷрибаи тиббӣ ворид шуданд. Қобилияти бо касали хои сирояткунанда мубориза бурдани антибиотикҳо, ки пештар марговар ва хатарнок ба шумор мерафтанд, ҳозир ҳамчун дармони ҳамаи дардҳо (панатсея) қабул карда шуд. Аммо дере нагузашта баъди саршавии истеъмоли антибиотикҳо, табибон ба мушкилоти антибиотикорезистентнокӣ дучор шуданд, яъне бактерияҳое пайдо шуданд, ки ба таъсири онхо антибиотикҳо ҳассос нестанд. Мутаасифона сол то сол шумораи микроорганизмҳое, ки ба антибиотикҳо устуворанд, зиёд шуда истодааст.


Муфассал дар ЗАМИМА

МТИИ «Фарматсия»




25.11.2020 714

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php